Бахшҳо

"Ба ҷои Бадахшон, Бодканд долони асосии мухаддирот шудааст"

Александр Зеличенко, мудири Маркази сиёсати маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ, мегӯяд, айни ҳол ба ҷои Бадахшон, вилояти Бодканд ба роҳи асосии интиқоли маводи мухаддири Афғонистон табдил ёфтааст.

Зеличенко дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, аввали солҳои 90-ум, вақте тиҷорати маводи мухаддир нав рӯ ба густариш ниҳода буд, роҳи асосии қочоқи маводи мухаддир тариқи Бадахшон мегузашт: “Баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ, дар солҳои 90, 91-93 маводи мухаддир, маъмулан афюн, тавассути Бадахшон мегузашт, ки он ҳам дар ҳаҷми кам буд. Қочоқчиён маводи мухаддирро аз 5 то 15 килло бо роҳҳои мошингарду ағбаҳо мегузарониданд. Баъди афзоиши монеагузориҳо дар самти Бадахшон роҳҳои дигар пайдо шуданд ва имрӯз қисми калони мухаддирот тариқи Бодканд интиқол меёбад.”

Александр Зеличенко афзуд, ки аввали солҳои 90-ум маводи мухаддирро тариқи долони Бадахшон, танҳо барои дарёфти қути лоямут ва зинда мондан мегузаронданд: “Дертар қочоқи маводи нашъадор авҷ гирифт. Айни ҳол ба ҷои Бадахшон вилояти Бодканд долони асосии интиқоли маводи мухаддир шудааст. Дар солҳои аввал мо кӯшиш кардем ва ағбаҳоро бастем. Дар рафти ин кор мо аз доманаҳо ҷасадҳоеро пайдо кардем, ки бо худ то 15 кило афюн доштанд ва зимни интиқол онҳоро сармо задааст. Он замон мо фикр доштем, ки ягона долони қочоқи маводи мухаддир Бадахшон аст. Аммо ҳоло долонҳои интиқоли маводи мухаддир дар тамоми ҳудуди марз пайдо шудааст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)