Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

“Хуаксин Ғаюр” нархи сементро 33% арзон кардааст

19 декабр 2013, 16:33

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон боис шудааст, ки нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар коҳиш ёбад.

Тавре аз Вазорати мазкур иттиллоъ доданд, баъди ба фаъолият оғоз намудани ин корхона истеҳсоли сементи ватанӣ афзуда, нархи 1 киллограмми он дар бозори дохилӣ аз 1,2 сомонӣ ба 80 дирам паст фаромад.

Манбаъ мегуяд, айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарӯза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ истеҳсол карда истодааст: “Аз оғози фаъолият то 1-уми декабри соли 2013 корхона 227,5 ҳазор тонна семент бо маблағи 93,1 миллион сомонӣ истеҳсол намудааст. Тамғаи сементи истеҳсолшаванда М-400 ва М-500 мебошад.”

Ин ниҳод мегӯяд, фаъолияти корхонаи мазкур боиси бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани 534 нафар гардидааст, ки аз ин шумора 80%-ро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳад. Ин корхона бо 75% сармояи ширкати чинӣ ва 25% сармояи ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон сохта шудааст.

Мавриди зикр аст, 29-уми сентябри соли равон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент»-и Ёвон бо иқтидори солонаи 1,0 миллион тонна бо маблағи 100 миллион доллари ИМА ба фаъолият оғоз намуд.
Барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 миллион тонна), гилхоки «Дарагӣ» (31 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2.2 миллион тонна) истифода бурда мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Часик

  • 19 декабр 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тенч ку ана хамин хел корхонахо зиёд шаванд мо пешрафт мекунем. Аккалан ами Меху досту табару тешаро худамон барорем бисёр нагз мешуд. Барои ин корхо майна ов карданам зарурат надорад дигар.
Посух додан
  • Яван

  • 20 декабр 2013 20:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Хитой як тона семент 170 сомонай,Покистонда 300 сомон
Дар Яван 740 сомон бо мегуед 33% арзон кардем

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!