Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Мақомот: "Хабари мошинҳои дуздӣ бадном кардани Тоҷикистон аст"

20 декабр 2013, 09:19

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабари нашрияи “Bild” дар бораи пайдо гардидани 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар қаламрави кишварро таҳқиқ дорад.

Ин нашрияи олмонӣ рӯзи 19 декабр навишт, аксари ин мошинҳо, ки "БМВ"-янд, дар дасти хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, қарор доранд. Ба навиштаи нашрия, муфаттишони олмонӣ пайи ин мошинҳои дуздидашударо тавассути GPS дақиқ кардаанд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, субҳи 20 декабр ба “Озодагон” гуфт, тамоми сохторҳои вазорат барои дақиқ кардани ин хабар вобаста шудаанд ва ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки ин хабар то куҷо ҳақиқат ва то куҷо дурӯғ аст. “Ба ҳар ҳол, фикр мекунам, ин воқеият надорад, зеро мошинҳо 15 кишварро гузашта, баъд ба Тоҷикистон мерасанд. Агар ин мошинҳо дуздӣ мешуданд, ҳатман дар марзи он кишварҳо ошкор ва боздошт мегардиданд. Ин танҳо кӯшише барои бадном кардани Тоҷикистон аст”,-таъкид дошт Атоев.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон чунин як иттилоъро муғризона номида ва гуфтанд, даъвои мақомоти Олмон асосе надорад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • опа

  • 20 декабр 2013 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бадном як касеро мекунанд, ки обру дорад. Точикистон чи обру дорад, ки бадном мешавад? Гайр аз ин он чо дар бораи Точикистон не, дар бораи наздикони президент гуфтаанд.
Посух додан
  • Доно

  • 20 декабр 2013 09:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эх Олмонихо, олмонихо. хаминоям ба мо часпидане...Намемоннад, ки бечора бойбачахо бо мошинои дузди икаи дигар савораги карда гарданд. Хама дуруг мегуянд, рафик Атоев, факат мо ростгу
Посух додан
  • а

  • 20 декабр 2013 10:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чашми танги дунёдорро ё каноъат пур кунад ё хоки гур.
Посух додан
  • odob

  • 20 декабр 2013 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шармандагииииии Бег З шумо кани якта партоед ку? Индафа гуед, ки Олон мошин сохта наметонад и хамаш дуруг...:-)
Посух додан
  • Шахрванд

  • 20 декабр 2013 10:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун боз ба дузди моро машхур мекунад ин режим.
Посух додан
  • Мухтарам

  • 20 декабр 2013 10:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Макомоти точик дуруг меноманд ин хабарро ман 100%гарантия метиям ки ин хабар рост аст.Барор чи гуфта мепурсед ?Чавоб метиям вакте ман соли гузашта дар Москва мошин мерондам анитараш такси мезадам,мошинам маркааш Бмв 525 буд. Вакте ду точики худамона ба мошин савор кардам онхо гуфтанд моро ба тарафи область яъне район Химки бар ман рози шудаму ба рох баромадем.Дар нима рох ба гулуям корд гузоштану гуфтанд охи ста аз рох ба тарафи чангал баро ман гуфтаашонро кардам.Хуллас то бе хуш шудана заданду мошина гирифта рафтанд. Вакте ба ёд омадам алакай шаб буд .Чойи аз хама мухимаш ман мошинама ба кофтукоби махсус (розиск) додам пулиси масква аризаро кабул кард.Дар точикистон хам ариза пешниход кардам.Аз баски мошини ман дар кайди Литва буд макомоти рус наёфтанд.Ин кор соли гузашта яъне 2012 мохи август шуда буд.Вакте имсол ба ватан рафтаму аз хадамоти гумрук маълумот пурсидам.Онхо маълумоти дуруг додан гуё чунин маркаи мошинро ба кайд на гирифтаанд.Вакте бо як шиносам ки дар макоми болотар кор мекунад мурочиат кардам гуфт хатман аз пасаш мешавем.Рузе гузашт мо ба хазинаи гумрук рафтему кофту коб карданд.Дар хакикат мохи апрели соли 2013 мошин ба марзи точикистон даромадаасту ба кайди точики хам монда шудааст ва аз ауксион ракам хам гирифтааст.Вакте бо хуччату далел ба суд мурочиат кардам то хол ин кори ман хал нашудааст.Хозир баъзе аз шумо фикр мекунед ин киссаи бофтаи ман аст.Агар чунин фикр кунед хаттои калон мекунед.Мухтар озодагон аз шумо хохиш хамин навиштаи Маро чоп кунед .Агар чоп хам накунед хафа намешавам медонам ки шумо хам зери фишорхо карор доред.Саломат бошед .
Посух додан
  • Содда

  • 20 декабр 2013 10:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бар мардуми беор сухан хайф аст. Лекин хаминро гуфтаниям, барои точ-н ай ихелиёшда зиедтар айбо бисеран: барои мисол, фасоди густурда дар тамоми зинахои хукумат, кариб бебаркии том дар фасли сармо, ин хам дар асри 21
Тавсия: мошинои дуздидара очилан баргардонед, ки хами фашистхо яке чанг эълон накунанд, ба катишон ки чанг мена. И артиши мора зуршшшш ба хами мардуми бечораю беномуси хдмон мераса.
Посух додан
  • Халк

  • 20 декабр 2013 10:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи сода гапот дуруст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Опа наход хамика бе акл боши номи давлати Точикона паст зани агар Опа чашмота калон кушо мебини чи обру дора мардуми Точик. Лекин мо як чиза нафахмидем мошина аз Олмон миеран бад дар Точикистон дузди мебарояд ика давлатхои ки сархад доран онха надидан ин мошинхора. Бад Опачон тухам кори дига надори наздикони Президент мегуй мо мардум камтар ношукр бандаем. (Хар чи Худо хост хамон мешавад).
Посух додан
  • Jamshed

  • 20 декабр 2013 11:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
опа,
Tu hudat ki dilsiyohu dilshikasta ki hasti na qadru qimat dori na obu ru Baroi hami baroi tu hej chizi farq nadorad. Dar nazdi zanu farzandat qimat nadori bo hesta dar borai yak chizho gap mezani ki...
Посух додан
  • Ай боло

  • 20 декабр 2013 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э и германияча бо ин киликхош обруи мора паст карда наметона. а бача обруи мо дар микёси чахон баландай, бо и хели чакидани саг паст намешава. Бху бгард!
Посух додан
  • Доро

  • 20 декабр 2013 12:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мошиндуздии точикистонихо, ки ин карат хешу табор ва наздикони президента мошиндузд мегуянд, дуруг не. Чунки ман як дусти казокистоним хаст. Вай гуфт, ки мошин дар Точикистон арзон буданашба унчоба мошинхари меравад. Дар бозори Чкаловск бисер мошинои базеба мебинад ва номерашона дар моторашон навишта гирифта, ба Казокистон ба як дусташ мефиристад. Барои ин ки дусташ ун номерхои мошинхоро дар Казокистон тафтиш карда фиристад. Дусти вай тафтиш карда мебинад, ки хама мошинхо дузди будаст. Барои хамин навишатагии Олмон дуруст мебошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд ин коро Зайд Саид карда бошад зеро вай шамси хуб дошт наздикони приздента тухмат мекунан. Агентии карупсия боз як парвандаи дигар кушоед. Шумо тухмата нагз мебинедку.
Посух додан
  • bahrom

  • 20 декабр 2013 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dafwa vai vai naku mardum tojik kanwona buzanan metonan bukunan? barodaro i hamaw sieh kunii Janobi Olivu nazdikonawon hastam durug hast ?
Доро,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама барои паст кардани шаъну шарафи точикистон аст ин но имконпазир аст мардумони дигар мебинандки точикистони азизи мо номаш дар чахон боло шуда ва яке а3 давлатхои пешкадам шуда истодааст мехохан халал расонанд
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!