Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:37

Тоҷикистон пеш аз Фаронса ва баъд аз Британия ҷой гирифтааст

5 август 2011, 11:47

Маркази таҳқиқотӣ-пажӯҳишии мавсум ба «Мейплкрофт», ки қароргоҳаш дар Лондон аст, гузориши солонааш  таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард.


Дар интишороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, ки Сомаливу Афғонистон хатарноктарин кишварҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ мебошанд. Сухангӯи Мейплкрофт Ҷейсон Макгеовн гуфтааст, танҳо дар Афғонистон дар як соли охир 3740 ҳамлаи террористӣ рух додааст: “75 дар сади ҳамлаҳои террористӣ ба чор кишвари авал: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.”

Бояд гуфт, ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта шоҳиди танҳо як ҳамлаи террористӣ буд, ки он ҳам таркиши маргталабонаи сенятбри соли 2010 дар  Хуҷанд.  Зимнан, Тоҷикивстон аз рӯи раддабандии Мейплкрофт дар мақоми 41-ум дар байни Бритонияву Фаронса ҷой гирифтааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!