Бахшҳо

Ҳиҷобдор чӣ мегӯяду аврупоипӯш чӣ? 2 назар ва 2 мавқеъ

Хабарнигори “Озодагон” бо ду сокини шаҳри Душанбе, ки яке ҳиҷобдору дигаре аврупоипӯш аст, сӯҳбате орост ва аз ҳардуи онҳо далели дилбастагӣ ба либосҳояшонро пурсид. Назару мавқеи онҳо бидуни таҳрир нашр мешавад.


Меҳрангез -- донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон:
“Сатр, пеш аз ҳама, барои занҳои мусалмон фарз аст. Ман дар яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербург таҳсил мекардам ва баъд аз хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар назди як зан сабақ гирифтам. Пеш аз сабақ гирифтан, бо либосҳои аврупоӣ мегаштам ва ҳаракат мекардам, либосҳои гаронарзиш бихарам. Ба сатрпӯшҳо муносибати хуб надоштам, чун мегуфтанд, баъзеяшон корҳои ношоям мекунанд. Аммо муаллимае, ки асосҳои дини Исломро таълим медод, бо панду насиҳатҳои худ маро ба пӯшидани ҳиҷоб ё рӯсарӣ водор кард. Ман ҳоло либосҳои ба қавле исломиро аз маркази савдои “Саодат” харидорӣ ва ба бар мекунам, ки қиаматаш аҳ 200 то 600 сомонист. Аз ин кор пушаймон нестам ва худро ором ҳис мекунам. Бо он ки дигарон чӣ мепӯшанд, коре надорам. Ин хоҳиш ва интихоби ҳар нафар аст, ки чӣ бипӯшад ва ё напӯшад. Вале агар либос нимбараҳнаву шаҳватбарангез набошад, хубтар аст. Ман ҳоло дар Донишгоҳи исломӣ таҳсил мекунам ва аксари духтарон бо ҳиҷобу рӯсарӣ мегарданд. Ҳоло ба ин муҳит одат кардаам.”

Таҳмина, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Бештар либоси аврупоӣ мепӯшам, чун барои ман мақбул аст. Ман худро бо ин гуна либосҳо озод эҳсос мекунам. Либоси кӯтоҳ, танг ва кушодро танҳо дар тобистону аввалҳои тирамоҳ мепӯшам ва ҳамеша мехоҳам, ки аз дигарон фарқ кунам. Вақте ман ба харидкунӣ меравам, албатта, барои худ либоси босифат ва замонавиро интихоб мекунам ва бисёр вақт ҳаракат мекунам аз либосҳои хонаҳои муди “zara”, “fendi”, “gucci”, “prada” бошад. Нархи он либосҳое, ки ман ба бар мекунам, аз 300 то 800 доллари амрикоист. Ба фикри худам низ хеле гарон аст, аммо ҳаракат мекунам, ҳадди ақал чоряки нархи он либосҳоямро бо маошам рӯйпӯш намоям. Медонам, ки мардум дар ҳаққи мо ҳар хел сухан мегӯянд, вале ҳар кас хуб медонад, ки ба ӯ чӣ зебанда аст. Гузашта аз ин, агар ҳиҷоб дошта бошиву бештар гуноҳ кунӣ чӣ? Магар ҳоло сафи онҳое, ки сару рӯи худро пӯшондаву дар паси парда чи корҳое намекунанд, каманд? Хуб нест, ки ошкор бошиву ба роҳи рост биравӣ? Худо инсоф диҳад, вагарна на ҳиҷоб кумак мекунад, на панду насиҳат.”


Акс аз Интернет

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ИЛХОМИ
хозир як моддаи дигар шудааст, ки агар духтархо бо либосхои аврупои аз модда рафтанд, боз барои диккати дигаронро чалб намудан (бачахоро) сатр мебанданд. боз бо ин рох фиреб медиханд. Лек ман гуфтани нестам, ки хама ин гунна аст, хастанд нафароне ки худотарсанду фарзияхои динниро ба чо меоранд. аммо афсус ки хеле каманд
хосса ман рости ба аксар стрпушхо бовар надорам

Бахтовар
ба фикри ман аз сатр дида зебандатар чизе нест. хо вай барои иҷрои фарз мепушад ё барои зебдоданаш, лекин ба ҳама мезебад.

Ҳиҷоб пушидани занҳо ин амрест аз ҷониби холиқи ҳамин занҳо. Магар занҳое ки амре холиқи худро ба ҷой намеоранд аз холиқашон дар мавриди худ беҳтар медонанд? Либос занҳо бояд тавре бошад ки баданашон ба мардони бегони диёр набошад. Базе ҳиҷобпушҳое мо ҳам тавре ҳиҷоб мепушанд ки ҳамаи бадани нозyкашон диёр мебошад. Ҳамин либоси Тоҷикии милли қадимии мо ҳам аз ҳиҷоб фарқе надорад чyн дар он ҳам бадани зан комилан пушида аст.Рости ман занҳои ки хуб мепушанд яне фармони Аллоҳро иҷро мекунанд ҳурмат мекунам вале ба онҳое ки ин амре Худоро иҷро намекунанд коре ҳам надорам. Базан вақт ба занҳои аврупои пуш бо роҳи бисёр мулоим насиҳат мекунам агар пазируфтанд чу хуб ва агар напазирyфтанд дар назди Аллоҳ дар рузи охират ҷавобгар нахоҳам бyд. Хyдо ба ҳамаи занҳои мо тавфиқ дуҳадy роҳи дуруст пушидан ва зиндаги карданро ёд бигиранд. Кушиш бояд кард то ҳyқyқи занҳоро комилан риоя кард, онҳоро ба омyхтани илми дини ва дуняви ташвиқ кард то дар оянда фарди муваффақе дар ҷомиа бошанд ва тавонанд заррае ҳам бошад барои рушди ҷомиа саҳми арзандаи худро бигузоранд. Ман занҳоро бисёр дуст дорам чyн маро зане ба дуё овардаст ки аз ҷон дустараш дорам ва боз ҳам хоҳарy апавy амавy холавy хонyм дорам ки намехоҳам хоре дар пояшон халад ва ба ҳамаи занҳо ҳамин орзyро таманно дорам.

Кандата зан Мехрангез худо нигохат дорад.

Ба ин Тахмина мегуям агар сатрдор 50 дарсадаш фохиша бошад уо 99 дар сад. медонам ки хамон 50 дарсад касонест ки мисли ту баъд аз хело рохати шайтониро чашидан ба хотири ба шавхар баромадан сатрро дар бар мекуни. набошад туро муйсафедо дига намегиран.

Дилёб
Обод боши "Озодагон" суоли матрахкардаат дар айни хол бисёр ба маврид аст. Банда дуст медорам онеро, ки пайрави аз гуфтори Аллох ва сунатхои Расули у мекунад. Касеро аз бонувон мачбур кардани хам нестам, ки ба кавли худашон (Манашка) пушанд. Вале аз дидани онхо дар кишвар ба хулосае мерасам, ки имруз зани точик миёни дурохаи замонави шудан ва такозои оини гузаштагон мондаанд ва намедонанд кадоме аз ин ду рохро интихоб кунанд. Дар хамин хол дигар ин бонувон арзиши занонаи худро низ дар кишвар гум кардаанд. Инхо на ба замонави монаданд ва на ба маданияти точиконадошта. Ба хамон баъзхое, ки гуё либоси исломи мепушанд, эрод гирифтан мумкин аст, зеро бисёр танг мепушанд. Ба хамон бонуе ки дар боло аврупоипуш зикр шудааст гуфтаниям, ки шумо (манзурам аврупоипушон) ба чуз хамин бахона ки "урён хам бошам дилам соф аст" дига чи хам мегуфтед? Шумо бо ин суханатон хеч каси сохибаклро фиреб дода наметавонед ба чуз хамсафони худатон. Шумо хечгох барои рахонидани худ аз варта як ё ду исломипуши ахмакро, ки рафтору кидорашон ба хам номувофиу аст мисол наоред. Инчо гап сари хазорхо ва шояд милионхо зани точик меравд. Шумо бигуед дили хазорон болигу ноболигоне, ки шабгарду клуб дустдоранд соф аст? Дар охир узр барои каме хесосоти буданам. Шуморо низ гунахгор кардан нашояд, зеро чамъиятамон мариз аст. Дар боло (онхоеки ба курсихои мулоим такя задаанд) касе нест ки шуморо ба рохи рост хидоят кунад ва хисси милливу оинпарастиро дар дили шумо чо кунад.

Часур
Занхое, ки сатр мебанданд хато баъзехо гайрати ба онхо нигох карданро надоранд, вале занхои нимбарахнаро дар хама чо касе чи гапе ки хохад гуфтан мегирад. Боки худ хулоса кунед дустон

хонанда
Точик дар ягон давру замон сатр надошт. Момохоямон мегуянд ки солхои пеш фаранчи доштанд барои надидани руи марди бегона. Сатрпушои хозира онро хамчун модда мепушанд ки ба мусалмони ягон дахл надорад. Хохари азиз Мехрангез дар Африко ( Хабашистон- Эфиопия) мардум тамоман базеашон либос надоранд вале намозашонро мехонанд. Хохари азиз Курон ин адаб аст яне дусти, бародари, сулху салох, хушбахти

Камол
Ман таксичи кор мекунам. Бовар кунед хар шаб ду се каси парахо-ро ба варзоб мебарам ки бисёри вайхо сатрпушанд. ин муллохои ин кадар сухан мекунанд як шаб биё ман онхоро варзоб барам баъд мебинанд он сатрпушонашонро

Мо дар асри 21 карор дорем. Ба ин хотир аз хама хохиш мекунам, ки хангоми баррасии ин мавзуъ ба тахкир рох надихед ва ба шахсияти хеч як нафар нарасед. Покдомани ба сару либос рабте надорад ва хар як нафар зан чи гуна либосе ки ба у мезебад ва маъкул аст бояд худаш интихоб кунад. Ин иродаи шахсии хар нафар аст.
Хох мардон ва хох заноне ки ба корхои фахш машгуланд, хеч гуна либос пеши рохи онхоро гирифта наметавонад, вале онхое, ки покизаанду худованд ба рохи рост хидояташон кардааст, новобаста ба сару либос хеч гох ба рохи хато намераванд.

Шер
Зани мусалмон албатта бояд сатр дошта бошад тибки ,,Сураи Нур ояти-31,, ва ногуфта намонад тибки ин оят мардхо низ бояд сатр дошта бошанд

Хулоса бароред
Як себро гирифта пуст кунед, мебинед, ки чанд дакика баъд аллакай зарду бесифат мешавад ва агар онро чанд руз нигох доред, тамоман пусида меравад. Аммо себе, ки пуст дорад, хатто давоми як сол, ки истад, сифаташро гум намекунад. Чунки Худо онро бо пусташ халк кардааст ва шарт ин аст, ки бо пуст бояд бошад.
Занхо хам шабехи хамон себ хастанд. Оне ки нимбарахна мегардад, то "свежий" (чавон) буданаш харидор дорад ва мардхои гумрох ба дасту бандхои по ва гарданаш, ки пусти чавону нафис доранд, нигох карда лаззат мебаранд, лекин замоне ки синашон ба чое расиду дар пусту руяшон ожангхо пайдо шуд, бадафтарин мард хатто ба у назар намекунад. Зани хичоби чи? Дар харду холат чи чавони ва чи пири аз чашми гургсифатон дар амн мебошанд. Чи гунае, ки зикр кардан, ин кабил мардхо хатто чуръати назар кардан ба сатрпушро намекунанд. Агар назар хам кунанд, пас чуз чехраи он дигар нохияи баданашро дида наметавонанд, зеро он зери сипари илохи-сатр махфуз аст. Хушо бар холи мардхое, ки зани хичобдор доранд. Ин тоифа занхо бисёр ба шавхархо содиканд, ба он хотир, ки тамоми зебоихои худро эхдои шавхар мекунанд ва чуз шавхархо касе аз тани онхо дидан ба амал намеорад. Пас, ту эй чавоне, ки зангир хасти, барои хостгори ба даре рав, дареро бикуб, ки дар пушти он дар духтари хичоби ба камол расидааст ва Худованд ба сабаби ин зани солеха ба ту неъматхояшро арзони хохад дошт.

Сохил
Хулоса бароред,

Такая тупая логика! Ки медонад у себи пустдор аз дарун мумкин кирмхурда бошад!

шоди
Нафароне ки аз хичоб ва хичобпушон хушашон намеояд е худ бехичобанд е хонаводаашон. Дуруст аст баъзе хичобро нодуруст истифода мебаранд вале биеед хисоб кунем дар чомеъа занони бохичоби сабукпо зиеданд е бехичоби сабукпо Худованд инсонро офарид вобаста бо тавонои ва заъфаш барои фоидаи чомеъа ва худи инсон конунхоеро аз рахматаш арзони дошт аз чумла хичоб хам неъматест барои касоне ки дуруст истифода мебаранд аз нигохи акли хичоб хукуки занро дифоъ карда намегузорад ки мардони шахватпараст аз чавонии онхо истифода баранд дар холе ки худ сохиби оила фарзанд хастанд ва духтархо не дар дин ягон амали бе фоида вучуд надорад хичоб кимат обру ва эхтироми занро боло мебарад Бародарон банда аз Холикаш донотар нест мо набояд бо Аллох мухолифат кунем вакте ба зан аз тарафи Аллох супориши хичоб шуд яъне лозим аст зан куввати бе хичоб гаштан надорад е ба худ зарар мерасонад е ба чомеъа нафароне ки мегуянд дил соф бошад бо худо мухолифат кардаанд Бо хазорон арзи одобу эхтиром ба хохарону модарони бехичоб сухани Аллох болотар аст ва шумо назди Аллох хукуке доред шояд шумо рузе хакикатро дарк карда МОДАРОНИ бо саодаттар аз дигарон шавед Ба дурусти Аллох касеро хохад хидоят мекунад НИХОЯТ БАХШАНДА ВА МЕХРУБОН АСТ.

Сохил гапа хаккаша гуфтид

Абдурахмон
Салому алайкум. Пушидани хичоб ихтиёри нест, ин амри Худо аст, модоме ки даъвои мусалмони доред хохарони гироми ин амри худоро ичро намоед вагарна тарки фарз мекунед, ки дар назди Худо чавобгар мешавед. Имрузхо мутаассифона дар байни занхо бахонахое хаст ба монанди "сатрпушхо корхои ночое мекунанд, аммо мо либосхои аврупоихам дошта бошем диламон соф аст". Хохарони гироми касе ки бо хичоб ё ин ки бе хичоб кори нохуб мекунад дар назди Худо чавобашро медихад, аммо шумо ахлоки хуб хам дошта бошед барои сатр надоштанатон дар назди Худо чавоб хохед дод. Худованд тамоми хохару модархои мусалмонро хидоят кунад, ОМИН.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)