Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:12

Убайдуллоев гуфтааст, “Соли нави милодӣ ҷашни мазҳабӣ нест”

20 декабр 2013, 11:18

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, гуфтааст, Соли нави милодӣ ҷашни мазҳабӣ набуда, аз он дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест. Оқои Убайдуллоев ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи вакилони халқи шаҳри Душанбе баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, “шаби 31 декабр барномаи махсуси идона дар майдони марказии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуда, дар толори “Сирк” намоишҳо барои кӯдакон нишон дода хоҳад шуд.”

Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави Исломанд ва ҳар сол масъалаи таҷлил шудан ва ё нашудани ҷашни Соли нави милодӣ дар ҷомеаи кишвар матраҳ мегардад. Рӯҳониён Соли навро ҷашни мазҳабӣ дониста, таҷлили онро ба унвони ҷашни милоди Масеҳ ғайри қобили қабул шуморидаанд. Вале мақомот борҳо гуфтаанд, ин ҷашн барои сокинони Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ба “мерос” монда, на ҷашни мазҳабӣ, балки “тағйири тақвим” аст.

Бо ин ҳол, Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон бо гузоштани арча ва баргузории маҳфилу нишастҳо таҷлил мешавад. Аммо имсол Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, дар барномаи аслии шаби Соли нав дар телевизиони Тоҷикистон Бобои барфӣ ва Барфак – қаҳрамонҳои асосии Соли нав намоиш дода нахоҳанд шуд. Чун, ба гуфтаи Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, ин қаҳрамонҳо ба анъанаҳои миллии тоҷикон рабте надоранд. “Ин навбат бештар ба арзишҳои миллии худамон бартарӣ дода хоҳад шуд. Барои мисол, дар барномаҳои телевизион ба мисли қабл мусиқӣ, рақсу суруд, барф, сайругашти оммавӣ ва таманниёти идона ҷой дорад, аммо бидуни нӯшокиҳои спиртӣ ва қаҳрамонҳо - Бобои барфӣ, Барфак ва арчаи солинавӣ”,-таъкид дошта буд Саидалӣ Сиддиқов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • odob

  • 20 декабр 2013 11:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ооо пеш аз баромадхоятон як бор бо хам мувофика кунед чанобон!
Посух додан
  • нккеке

  • 20 декабр 2013 11:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
2013 год от рождества Христова мегуянд. Яъне ки 2013 сол аз рузи таваллуди Исои Масех. Магар ин мавлуди Исои Масех нест, ки мо онро чашн мегирем? Китоб хондан даркор, китоб.....
Посух додан
  • Салим

  • 20 декабр 2013 11:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мардум охир чи хел фикр мекунанд. Соли нав на ба маънои тавлаллуди Исои Масех дар мо тачлил мешавад, балки хамчун соли нав. Хохем на хохем имруз солшумории мо хамин мелоди хаст, пенса ба хамин хисоб меборон, корхоро бо хамин сол хисоб мекунанд. Ин ба ислому гайри ислом алока надорад. Дар бисёр кишвархои хато исломи ба мисли Покистон ва кишварчахои араби назди Халичи Форс, туркия ва .... соли мелоди хамчун соли хисоби байналмилали кабул шудааст. Дар мо хама чи ба Ислом алокаманд мекунад. Дузди накун. дуруг нагуй. касро тухмат макун, тачовуз накун, хакорат накун. ба дигарон зарар нарасон.... ин аст ислому мусулмони. Ба солшуомри чи кор доред ё тавбаааа!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салим ту масти ё беакл?.
китоб хон каме илм омуз.
солшумори мусалмон хичри ва аз масехиён мелоди. дига сафсата нагуву хамин сифатхои дар охир зикр кардаат ба худат мувофик.
Посух додан
  • Султан

  • 20 декабр 2013 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмат Убайдуллоев. ин бесаводхоро ахамият надихед! хайр мошину телефонхо азони "кофиронанд". барои чи онхоро истифода мебаред! Рождество аз соли нав фарк дорад а кундсаводхо!
Посух додан
  • ozod

  • 20 декабр 2013 20:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Исои масех писари Мариям, пайомбари Худованд аст. Хазрати Исо алайхислом.
Посух додан
  • точик

  • 21 декабр 2013 23:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чихел гап аст ки соли нав бе бобои барфи ва барфак яьне туи бе арусу домод. Рахмати калон ба раиси шахр чаноби Убайдуллоев. Хайрият ки Шумо хастед набошад шахрро ба Бухорои шарифи пеш аз инкилоби табдил медиханд. Соли наватон муборак хамдиерони азиз.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!