Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Боздошти ноболиғ бо иттиҳоми мошиндуздӣ дар Душанбе

20 декабр 2013, 11:43

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми мошиндуздӣ ду сокини шаҳри Душанбе, ки якеяш ноболиғ мебошад, боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ ба шуъбаи умури дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Алимов Насим Шарифович, соли таваллудаш 1986 муроҷиат намуда, арз доштааст, ки шаби 15-уми декабри соли равон, тахминан соати 23.00 дақиқа шахсони номаълум аз назди хонааш автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21011»-ро, ки беназорат меистод, ба самти номаълум рабудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт шаҳрванд Ғ. М, соли таваллудаш 1995 ва ноболиғ С,У, соли таваллудаш 1997, сокинони шаҳри Душанбе дастгир шуданд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз боздоштшудагон далели шаъйӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти парвандаи ҷиноӣ идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 20 декабр 2013 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ВКД пурсиданиям, ки оё намешавад модарони хамин ду ноболиг 120 сомони чарима супоранду чони писархояшонро халос кунанд? Охир аз ин хам чинояти бадтарро писари Хукумов кард ку?
Посух додан
  • Шахром

  • 20 декабр 2013 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир инро чхел фахмем Г М, Р М, КМ номошуна нависед ё метарсед.
Посух додан
  • Sharaf

  • 20 декабр 2013 16:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дилёб,
Ин бадбахтхоро 120сомони чарима намекунанд балки 120соли зиндони мекунанд агар хоханд....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!