Бахшҳо
20 дек 2013 18:20Тоҷикистон / Сиёсат

Сокинони Оқсой роҳи бастаи Ворух-Исфараро боз карданд

Баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд роҳи Ворух-Исфара боз шудааст. Ҷумъабой Сангинов, муовини раиси вилояти Суғд, ба “Озодагон” гуфт, “роҳ соати 17:30 дақиқа боз шуда, вазъият муътадил аст”. Оқои Сангинов илова кард, акнун гуфтушуниди ҳайатҳои давлатии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкиле, ки боиси низоъ миёни сокинони Воруху Оқсой шудааст, дар Бишкек идома хоҳад ёфт.

Ин роҳ аз рӯзи 17 декабр, дар пайи сӯхтори як манзили сокини Ворух ва як чойхона дар ҳудуди Оқсой баста шуда буд. Сокинони Оқсой шарт гузоштанд, ки танҳо дар сурати иҷоза додани Тоҷикистон барои бунёди роҳи алтернативии Қирғизистон масири Ворух-Исфараро боз хоҳанд кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо сокинони Исфара гуфта буданд, ба ҳеч ваҷҳ барои сохтмони ин роҳи алтернативӣ иҷоза нахоҳанд дод. Ҳоло маълум нест, мақомот ба шарти қирғизҳо розӣ шудаанд, ё на.

Зеро рӯзи 19 декабр намояндагони воломақоми Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсой сӯҳбат карда, аммо натавониста буданд ба натиҷае бирасанд. Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара, гуфта буд, “сокинони деҳаи Оқсой ба ҳарфи мақомот гӯш надоданд. Қирғизҳо ба ҳарфи худ истодагарӣ карда, мегӯянд, дар сурати иҷозаи идомаи бунёди иншоот роҳи Ворух-Исфараро хоҳанд кушод.” Ба гуфтаи котиби матбуотии шаҳри Исфара, минтақаи мазкур баҳснок буда, бар асоси санади дуҷонибаи кумисюни байни ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин қаламрав ҷонибе ҳаққи бунёди иншоотро надорад.

“Бунёди иншоот дар ин минтақаи баҳснок танҳо баъд аз хулосаи кумисюни байни ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ва мушаххас кардану аломатгузорӣ шудани марз иҷоза дода хоҳад шуд”,-илова кард Иқбол Тешаев. Рӯзи 17 декабр, дар пайи низоъ миёни сокинони ҷамоати наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳи Ворух-Исфара баста шуд. Барои бартараф кардани ин низоъ муовини раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва раиси шаҳри Исфара, Даврон Зоҳидов ба ҷойи ҳодиса рафта буданд.
Мӯҳр
Касам ба номи худо,ки агар макомоти Точик барои сохтани ин рох ичозат дихад Ворух несту нобуд мешавад. медонед чаро? барои он,ки ин рох то сари дарёи "КАРАВШИН"-меравад вакте,ки Киргизхо рохро месозанд дар сари дарё аз руи накшаашон бояд корхонаи коркарди "СУРМА" бояд созанд. вакте ин корхона ба рох монда мешавад оби ин дарёеки мардуми Ворух истифода мебаранд захролуд мешавад ва Ворухиён мачбур мешаванд Ворухро тарк кунанд.

вактхои охир кирFИЗхо шарт мегузорад, макомоти точикистон хамаша ичро мекунаду халос, ба ин шарти кирFИЗ боз рози нашавад, онхо "и так" аз худ рафтаги пештар бо узбекхо буд онхо заминхои лозимашона гирифтан акнун навбати инаш ичозат надихад.!

tgk
Хеч гап не мардуми Хитой бегона буданд замин додем о ин киргизхо чиянхои худомон ку

точик
Кани он Спитамену Темурмалики Сугди?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)