Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

VIDEO: Қиссаи талхи Холмоҳ ва боздошт барои пардохти ҷарима ё "ришва"?

20 декабр 2013, 14:40

Холмоҳ Раҷабалиева, як зани муҳоҷири тоҷик, мегӯяд, мақомоти Русия аз ӯ барои он ки аз мӯҳлати будубоши қонунияш шаш рӯз гузаштааст, 5 000 рубл ҷарима талаб карда, аммо ҳоло тағояшро барои пешниҳоди ришва муттаҳам мекунанд.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, дар шарҳи ин қазия гуфтааст, мақомоти вилояти Маскав қасди ихроҷи Раҷабалиеваро доштанд ва, барои ҳамин, шоми 22 ноябр ба манзили ӯ рафтанд. “Баъд аз он барои супоридани 5 ҳазор рубл ба шӯъбаи пулис даъват кардаанд. Дар идома Холмоҳ аз тағояш Ф.Ризоев кумак мехоҳад”,-афзудааст ӯ.

Тағои Раҷабалиева (Ф.Ризоев) дар навори видиоие иброз доштааст, ки баъд аз бозпурсӣ бо даъвати мақомот барои пардохти ҷарима ба идораи пулис рафта буданд, лекин дар он ҷо ӯро барои ришва доданаш боздошт кардаанд. “Шаб занг зада гуфтанд, 5 ҳазорро тайёр кунед. Рӯзи дигар мо ба идораи пулис рафтем ва пурсиданд, ки 5 ҳазорро овардед. Гуфтам, бале ва баъдан шиносномаи духтарро пурсиданд. Пулро талаб карданд, ҳамон лаҳзае, ки пулро додам, зуд аз берун чанд нафари дигар ворид шуда, маро дастгир карданд. Ҳоло нисбат ба ман парванда боз шуда ва ҳукми маро 8 сол гуфтанианд. Худи ҳамин лаҳза духтар аз ҳуш рафту ӯро ба беморхона бурданд”,-илова кардааст ӯ.

Номбурда аз ин амали мақомот сахт нигарон шуда, мегӯяд, “набояд бе ҳеч гуноҳе маро 8 сол зиндонӣ кунанд”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точикистони нав

  • 20 декабр 2013 15:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Духтарони як гурухак дар Точикистон БМВ-хои дуздиро савор шуда гарданду духтарони камбагали точик дар Россия мисли Холмох азоб кашанд гуломи урус шуда.
Посух додан
  • точик

  • 20 декабр 2013 16:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э вой точики хору зорам точики бечораву дарбадарам, э вой ватан вой! э вой точик вой! ба холи ту дар ватанат касе дилаш насухт дар гариби ки ба холи ту месузад? рус кай парвои ту дорад? вакте хукуматат ба доди ту намерасад? рус кай парвои ту дорад, вакте точики мансабдорат туро фиреб медихад? э вой точик вой!
Посух додан
  • МУХОЧИР

  • 20 декабр 2013 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
САРВАРОНИ САРЗАМИНИ КАМЗАМИНИ ТОЧИКОН.
ШАРМ МЕДОРАНД Ё НЕ БО ЧУНИН ДАВРОНАШОН!

РУСТАМИ МО ДАР ГАРИБИХО МАЛОМАТ БИШНАВАД,
КУЧАХОРО ТОЗА РУФТА БОЗ ХАКОРАТ БИШНАВАД!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бахудо дилам бисер сухт худое мушкилашонро осон бигардон
Посух додан
  • ыав

  • 23 декабр 2013 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар чойи хамин гуна зани маъюб дар Россия аст? Хонатби шини намушуд ми?
Посух додан
  • NO Name

  • 23 декабр 2013 12:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход давлат як чанд хукукдонора нагира хами хел шахсиятора дастгири накунан. як руза раходе ки самолет кати мераван ай Худжанд барои президент каймок миёрам. хармоха хами суммда метонан хукукдонои ба кувват бугиран. Хукуки хами хел шахсиятора хифз кунан. Барои як варака имзо кардан фарк надора чихел варак ай 5 хазор рубля мегира и суммо кучо мераван ? Консули Точикистон ай хисоби мухочира зиндагишон пеш рафтестай

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!