Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:55

Райиси агентии омор аз Роғуну Оби гарм дидан кард

5 август 2011, 12:20

Бахтия Муҳаммадиева, сарвари агентии омор бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои тайёрӣ ба 20- солагии истиқлолият ба шаҳри Роғун  сафар кард.


Тавре ба «Озодагон»  аз маркази матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, бону Муҳаммадиева зимни боздид аз ин минтақа масоили марбут ба тезонидани корҳо дар самти ба истифода додани сохтмонҳои ҷашнӣ, оро додани кӯчаю биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, таҳрезии барномаҳои истироҳатию фарҳангӣ ва варзиширо матраҳ кард.

Манбаъ афзуд, ҳамчунин Бахтия Муҳамадиева бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Оби гарм мулоқот намуда, аз рӯи нишондодҳои оморӣ дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ибрози назар кард. Ӯ гуфт, «Тайи 20-соли сипаришуда дар минтақаи Роғуну Оби гарм истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,1 маротиба, картошка 5,6 маротиба, сабзавот – 124 маротиба, меваю буттамева – 17,7 маротиба зиёд шуда, саршумори чорвои калони шохдор ба андозаи 2,7 маротиба ва оилаи занбӯри асал бошад, 12,7 мартиба рӯ ба инкишоф ниҳодааст».{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!