Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:12

13 рӯйдоди сол. Аз барномаҳои "антинаҳзатӣ" то "муъҷизаҳо"-и дурӯғ

21 декабр 2013, 09:20

Абдулазизи ВОСЕЪ

Соле, ки меравад, ҳодисоту воқеоти зиёди хотирмон дорад. Ҳодиса ва воқеаҳое, ки аз зеҳнҳо фаромӯш намешаванд. Аксарияти он барои абад моли таърих хоҳанд шуд. Бархе аз ин рӯйдодҳо идома доранду ба соли дигар интиқол меёбанд. Дар поёни ин сол чун анъана як чашмандозе ба чанд хабару ҳодисаи пурсарусадои соли 2013 хоҳем дошт.

№1
Пурсарусадотарин ҳодисаи имсол қазияи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноат буд ва ба эҳтимоли қавӣ дар соли нав низ идома меёбад. Ин қазия аз он шурӯъ гардид, ки Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик моҳи май аз азмаш дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” хабар дод. Ӯро дар қаллобӣ, бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам мекунанд. Вакилони мудофеи ӯ тамоми ин иттиҳомотро рад карда, парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро бофтаву сохта донистаанд. Худи Зайд Саидов ҳам дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфт, вай бо ягон иттиҳомоте, ки мақомот алайҳи ӯ эълон карданд, розӣ нест ва аммо зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи давлату миллат бошад, розӣ аст, ки зиндонӣ шавад. Ахиран, додситон барояш 28 соли зиндон хост ва интизор меравад, рӯзҳои наздик додгоҳ ҳукмашро эълон кунад. Боздошти Зайд Саидов дар ҷомеа сару садоҳои зиёдро ба бор овард. Ахиран, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Мӯсо Диноршоев ва Мамадшо Илолов, донишмандони саршиноси тоҷик, бо ирсоли номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов шудаанд. Муаллифони нома ба раисиҷумҳур гуфтаанд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест. “Мутмаинем, шахсияти Зайд Саидов сазовори чунин таваҷҷӯҳ аст”,-афзудаанд онҳо.

№2
Дар телевизионҳои давлатӣ барномаҳои “антинаҳзатӣ” авҷ гирифт. Намоиши ин сужаҳо баъди мулоқоти президент бо намояндаҳои аҳли ҷамоаи кишвар ва руҳониён дар моҳи июли соли равон авҷ гирифт. Дар мулоқот чанд тан аз имомхатибон бо зикри ин нукта, ки Ислом ба ҳизб ниёз надорад, пешниҳод карданд, аз номи Ҳизби наҳзат вожаи Ислом бардошта шавад. Баъди ин шабакаи давлатии телевизион аз минтақаҳои гуногуни кишвар гузоришу барномаҳо таҳия кард, ки қаҳрамонҳои он мегуфтанд, онҳоро бидуни огоҳияшон аъзои ҲНИТ кардаанд. Бархе мегуфтанд, аризаи худро навишта, аз узвияти ин ҳизб берун хоҳанд шуд. Аммо иқдоми “антинаҳзатӣ” бо ин тамом нашуд ва дар барномаҳои вижа аз ғайриқонунӣ никоҳ кардани духтарони ноболиғ, дузанагӣ ва таҷовуси як писари ноболиғ ноболиғони дигарро, ки шогирдони як муллое, ки аъзои ҳизби наҳзат будааст, хабарҳо ба нашр расид. Зимнан, ҲНИТ бо пахши як изҳорот яке аз чунин барномаҳоро, ки бо номи “Пойбанди нафрат” аз тариқи телевизион нашр шуд, филми сохтаву бофтаи нерӯҳои интизомӣ донист. ҲНИТ гуфт, Сомон Муҳаббатов - “қаҳрамон”-и ин филм, дур аз ахлоқи инсонӣ буда, ҳеч гоҳ узвияти ҳизбро надошту надорад. Ба бовари масъулони ҲНИТ, маҳз баъд аз пешбарӣ ва ҳимояти Ойниҳол Бобоназарова, ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ин филм “барои бадномсозии ҲНИТ” ба эфир баромад.

№3
Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки охири соли гузашта бо дархости мақомоти тоҷик дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуда буд, 26-уми сентябри соли 2013 аз зиндон раҳо шуд. Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дода ва аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба дуздии 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрели соли ҷорӣ ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурда ва раҳо шуд.

№4
Довталаби курсии президентӣ шудани ҳуқуқдони шинохта Ойниҳол Бобоназарова яке аз дигар хабарҳои хотирмони имсол аст. Номзадии Бобоназароваро Иттиҳоди нерӯҳои истоҳотхоҳи Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таъсис ёфт, пешниҳод кард. Аммо Ситоди интихоботии Бобоназарова натавонист, 210 ҳазор имзое, ки Кумиссиюни марказии интихобот таъин кардааст, ҷамъоварӣ намояд. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тақрибан аз се моҳи пеш бо ташаббуси ҲНИТ, ҲСДТ ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои интихоботи президентӣ ташкил ёфта, номзади худро 10-уми сентябр эълон кард. Тасмими ИНИТ ба вокунишҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд. Ҷонибдорон ва мухолифони ин тасмим кам нестанд. Ҳатто бархе аз аъзои иттиҳод гуфтанд, номзадии хонум Бобоназароваро ҷонибдорӣ намекунанд. Тоҷикистон дар арафи шашумин интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар панҷ маъракаи сиёсии гузашта ҳеч хонуме вориди корзори интихоботӣ нашуд. Қабл аз интихоботи соли 2006 Ҳуриннисо Ғаффорзода, маъруф ба Мӯътабари Раштӣ, эълон дошт, ки тасмими ширкат дар сабқати президентиро дорад, аммо бо омилҳое барои мо норӯшан аз ин маърака дурӣ ҷуст.

№6
Бедарак шудани ду духтарчаи ноболиғ дар шаҳри Душанбе бешак яке аз хабарҳои пурсарусадои имсол буд. Малика ва Сабина Араловаҳо, ки яке чоруним дигарӣ шаш сол доштанд, 25-уми март аз назди манзили зисти худ, дар наздикиҳои Маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ғайб заданд. Ин қазия ба ҳадде пур сару садо буд, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳам ба он дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кард. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват кард, барои пайдо намудани Малика ва Сабина чораҳои заруриро биандешанд. Зимнан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, касе Малика ва Сабина Араловаҳоро пинҳон кардаасту “ба хубӣ” баргардонад, муҷозот нахоҳад шуд. Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе ба вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимов гуфт, омодаанд, барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо кормандони Хадамоти кашфи Амрико (ФБР)-ро биёранд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бошад, эълон кард, ки барои пайдо кардани Малика ва Сабина Араловаҳо, ки ҳанӯз моҳи март дар Душанбе гум шудаанд, ба пулиси байналмилалӣ ё Интерпол муроҷиат кардааст ва онҳо дар 190 кишвари дунё ҷустуҷӯ хоҳанд шуд. Аммо то ҳанӯз ин ноболиғон ёфт нашудаанд.

№6
Боздошт ва раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов як хабари дигари пурсарусадо буд. Нахуствазири пешини Тоҷикистон моҳи феврал дар фурудгоҳи Борисполи Украина аз сӯи пулиси байналмилалӣ боздошт шуд. Ӯро, ки тӯли тақрибан понздаҳ соли охир дар Амрико мезист ва паноҳандагии ин кишварро дорад, мақомоти тоҷик дар чанд ҷинояти сангин, аз ҷумла куштор муттаҳам медонанд ва аз давлати Украина хостанд, ки Абдуллоҷоновро ба онҳо таслим кунад. Аммо мақомоти Украина шоми чоруми апрел ӯро раҳо кард. Абдуллоҷонов гуфта буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад. Вай истирдодаш ба ватанро баробар ба ҳукми марг маънидод намуд. Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳам аз мақомоти Украина хоста буданд, ки аз истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов худдорӣ кунад, чаро ки ӯро дар ватанаш ҳабси тӯлонӣ ва шиканҷа мунтазир аст. 5 апрели соли ҷорӣ як гурӯҳи занону ҷавонон бо нишони эътироз аз раҳоии Абдуллоҷонов назди сафорати ИМА дар Душанбе ҷамъ омада, аз мақомоти Амрикову Созмони Милал хостанд, то нахуствазири пешини Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод намоянд.Эътирозгарон дар даст аксу шиорҳои зидди Абдумалик Абдуллоҷоновро доштанд. Дар бархе аз навиштаҳои онҳо таъкид мешуд, ки "Амрико то кай хоини тоҷикро пуштибонӣ мекунад?".

№7
Қазияи як садамаи маргбор бо ширкати писари ноболиғи Амонулло Ҳукумов, раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” низ дар ҷомеа вокунишҳои зиёдеро дар пай дошту дорад. Тибқи хабари Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шаби 9-уми октябр “ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ (рақам 20-20 РТ 01) Расули Амонулло дар хиёбони Рӯдакӣ аз тарафи кӯчаи Теҳрон ба самти кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ бо суръати баланд ҳаракат карда, ба нақлиёти тамғаи “ВАЗ-21014” (рақамаш 80-36 ВВ 01) таҳти идораи ронанда Аловуддин Саидов (соли таваллудаш 1991), сокини кӯчаи Хуҷамбиёи болои Душанбе, бархӯрда, садамаи нақлиётӣ рух додааст.” “Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21014» Аловуддин Саидов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири дохили атвомашинаи мазкур Сурайё Исмоилова (соли таваллудаш 1989), сокини Турсунзода, ҳангоми ба беморхона бурдан ва пас аз ду соати садама мусофири дигар Уктам Мансуров (соли таваллудаш 1988), сокини шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидаанд”,-афзудааст манбаъ. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писраи 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст. 19 ноябр, ВКД расман эълон кард, ки алайҳи волидони Расули Амонулло парвандаи маъмурӣ боз намудааст. ВКД гуфт, волидони Расули 16-сола барои “беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишони додан дар таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” муттаҳам мешаванд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт модари Расули 16-соларо дар нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон муттаҳам дониста, 120 сомонӣ ҷарима баст.

№8
Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли ҷорӣ раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардид. Дар ҳоли ҳозир Рустами 26 сола ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, ки тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеъа қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст. Интихоби ӯ ба ин мақом ба гуфтаи бархе коршиносон як давраи омодагии вай ба курсии падараш мебошад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии русии “А 24” гуфтааст, ин таъйинот бозгӯи он аст, ки давлати Тоҷикистон танҳо дар Қонуни асосӣ демократӣ ва дунявӣ буда, дар асл ба як кишвари асримиёнагӣ наздик ба монархия монанд аст.

№9
Аввалҳои моҳи сентябр овозаи ба писар табдил шудани як духтар аз ноҳияи Панҷ баланд шуд. Гуфта мешуд, ки ин “мӯъҷиза” дар Шаби Қадр иттифоқ уфтода ва Алифмо Каримова, сокини ҷамоати ба номи Кабуд Сайфиддинови ноҳияи Панҷ писар шудааст. Аммо баъди чанд рӯз Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як барнома ин овозаҳоро беасос хондаву гуфт, ин духтар дар пайи гирифторӣ ба васвасаҳои зиёди орзуҳояш ба ин ҳолат дучор шудааст. Ба иттилои манбаъ, баъд аз паҳн шудани ин овозаҳо як гурӯҳ аз ҷониби кормандони ҳукумати маҳаллӣ, духтурон ва донишмандони улуми исломии ин ноҳия таъсис дода шуда, баъд аз муоинаи тиббӣ ба хулосае омадаанд, ки ин “мӯъҷиза” дурӯғ буда, Каримова бо бастани баъзе аз ашё ба баданаш худро писар нишон медодааст. Худи Алифмо Каримова гуфтааст, ки ба хотири шунидани бархӯрд ва вокунишҳои ҷомеа ба ин қазия даст ба чунин иқдоме задааст.

№10
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик баъди 19 соли ғарибӣ ва истиқомат дар Русияву Амрико моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи ҳукумат барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва баҳсҳо дар мавриди маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ шуд. Вале худи ӯ гуфт, бозгашташ ба интихобот ҳеч рабте надорад ва танҳо даъвати раисиҷумҳурро барои бозгашт пазируфтаасту бас. Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Бозор Собир мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, раисиҷумҳур шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт ва сӯҳбате ҳам анҷом дод.Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд.
Вай дар лаҳзаҳои аввали фуруд омаданаш ба Душанбе гуфт, барои даъвати бозгашташ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сипосгузор аст. Ин шоири тоҷик ҳамзамон гуфт, тӯли ин ҳама муддат дар хориҷ аз кишвар дар бораи Тоҷикистон маълумот дошта ва ба назари ӯ дар ин ҷо ҳизбу созмонҳои нолозим зиёданд. Ӯ як шеър ҳам дар васфи Эмомалӣ Раҳмон навишта, ӯро “ бастакор-и нақбҳои Анзобу Шаршару Чормағзак ва “бастакори ГЭС-и Роғон” тавсиф кардаааст, ки “пойгоҳи давлат”-ашро ҳам “кафшер” кардааст. Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид ва мавлудашро дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҷлил карданд.

№11
Имсол ибораи “мулои ҷодугар” бештар сари забонҳо шуд. Ин ном баъди он серистеъмол шуд, ки телевизионҳои давлатӣ навореро манзур карданд, ки дар он як мард бо қироати оёти Қуръон бо зане амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор ба интернет ҳам роҳ ёфта аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои бахши тоҷикии он шуд. Баъдан маълум гардид, ин мард Асадулло Иброҳимов, сокини шаҳри Душанбе мебошад. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси ҳамин навор ва шикояти Зулола Раҳимова, ки гуфта мешавад, зани дар навор сабтшуда аст, парванда боз кард ва суди мазкур моҳи октябр Асадулло Иброҳимовро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Ҳамчунин, ҷаноби Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол низ маҳрум карданд.

№12
Генерал Саламшо Муҳаббатов, паҳлавони тоҷик ва раиси Федератсияи гӯштии озоди Тоҷикистон, қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо миёни бузургсолҳо эълон гардид. Ин генерали бознишастаи тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо, ки моҳи ноябр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, ба рақибонаш пирӯз омадааст. Ин паҳлавони 53 сола дар вазни то 90 килограм майдондорӣ карда, дар даври аввал - Владимир Маркелов (Русия), дар марҳилаи нимниҳоӣ Радик Нурмуҳаммадхонов (Русия) ва дар қисмати ниҳоӣ Банжел Ярослав (Чех)-ро мағлуб кард ва унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдоро соҳибӣ намуд.

№13
Субҳи рӯзи 10 декабр вақте Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон баъди бозгашт аз сафар ба Украина нишасти матбуотӣ доир менамуд, як гурӯҳи 20 нафарӣ вориди дафтари кории ӯ шуда, шӯру мағал бардошт. Эътирозгарон дар даъвои худ бештар аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти намунавӣ ва мардумӣ ёд карда, мегуфтанд, Зоиров боиси норомии кишвар ва ҳамчунин омили аслии даргириҳои тобистони соли 2012 дар Бадахшон будааст. Онҳо аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои Зоиров гӯш надиҳанд. Ин гурӯҳи занон худро муаррифӣ накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз Интернет фаҳмидаанд. Ҳарчанд Зоиров ва дигар масъулони ҲСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарӣ ба президент Раҳмон дахл надорад, вале занҳо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, “Зоиров ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи ҳукумату Раҳмон менависад ва сухан мегӯяд. Дар пайи чунин шӯру мағали тазоҳургарон нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров қатъ шуд ва худи ӯ эълон кард, ки сӯҳбатро дафъаи дигар идома медиҳад. Шӯрои сиёсии ҲСДТ гурӯҳи занони “исёнгар”-ро баъди чанд рӯз ба гуфтушунид даъват кард, аммо касе ҳузур пайдо накард.


Аз муаллиф: Албатта, ҳамаи ин на он хабарҳоеанд, ки дар ҷомеъа сару садоро ба миён оварданд. Рӯйхатро метавонед, Шумо, хонандагони арҷманд идома бидиҳед. Агар ҳавои онро доред. Бо сипос!.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Тоjik

  • 21 декабр 2013 12:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
charo dar borai latu kubi Mahmadali Hait nanavisted?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
о дар бораи Додочон Атовуллоев ягон сухан нагуфтед ку. Дар борааш ягон чиз нависед вагарна шуморо хам танкид мекунад
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 21 декабр 2013 21:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар фехристи 500 шахсияти исломи исми М.Кабири чой гирифт,инро хам яке аз руйдодхои мухими сол метавон гуфт.Ва дигар онки тамоми мардуми точикро дар руйдодхои мухими сол хам гуем сахв нахохад шуд..шумораи мухочирон имсол аз солхои пеш афзоиш ефту, мушкилоти мардум зиед.бебарки дар холи афзоишу махалчиги дар холи рушд....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале к+ ва додочон хам бояд аз хотир наравад!!!
Посух додан
  • фарида

  • 23 декабр 2013 09:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
к+ Додочон Атавуллое
Посух додан
  • Сармад

  • 23 декабр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
12-умаш хеч гапе набуд, ки дар сатхи казияи сол бароварда шавад! Агар чунин аст, бояд даххо чемпиони чахонро хам нависед...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!