Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

Бародари президент 7 соли умрашро дар маҳбас мегузаронад

6 август 2011, 03:08

Бародари хурдии собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев- Аҳмад Боқиев барои 7 сол равонаи зиндони реҷааш пурзӯр гардид.


Дар ин хусус додгоҳи шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон ҳукм эълом дошт. Ӯ барои барангехтани низоъи миллӣ, таҳияи бетартибиҳои оммавӣ ва дигар иттиҳомот гунаҳкор дониста шудааст. Дар ин хусус Бахтибек  Рисалиев, котиби Додгоҳи олии Қирғизистон ба хабаргузориҳо изҳор кардааст.

Ёдовар мешавем, апрели соли гузашта дар Қирғизистон бар асари табаддулоти давлати ҳукумати Қурбонбек Боқиев, ки худаш бар асари чунин як кудато ҳукумати президент Аскар Акаевро сарнагун карда, ба тахт расида буд, барҳам зада шуд. Бар асари даргириҳои дохилии байниқавмӣ миёни мардуми қирғизу ӯзбак хунрезиҳои зиёде сурат гирифт. Кудаточиён ба ин хунрезӣ ҷонибдорони президенти фирорӣ, Қурмонбек Боқиевро муҷрим донистанд.

Баррасии парвандаи бародари собиқ президент дар бинои Додгоҳи низомии Қирғизистон сурат гирифта, додгоҳ ҷурми ўро барои ангехтани низоъи байниқавмӣ, роҳандозии бетартибиҳои оммавӣ, таъсиси ғайриқонунии гурўҳҳои ҳарбӣ, тамаъкорӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, забти худсаронаи замин дайн карда, барои 7 сол равонаи зиндон кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!