Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

Устои сартарош ба хотири қатли мизоҷаш 17 сол аз озодӣ маҳрум шуд

21 декабр 2013, 11:32

Додгоҳи шаҳри Кулоб Умед Тешаев, устои сартарошро, ки дар куштори як мизоҷи худ, муттаҳам мешавад, ба муҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ин сокини шаҳри Кулоб бо мизоҷи худ даст ба гиребон шуда, бо задани 54 корд ба баданаш ӯро ба қатл мерасонад.

Тибқи иттилои пайвандони Тешаев, Додгоҳи шаҳри Кулоб рӯзи 20 декабр ин ҳукмро содир кардааст. Ба гуфтаи онҳо, интизор мерафт, Умед Тешаев ба муддати 25 сол равонаи зиндон шавад, вале ин муҳлат ба хотири ҳозир шудани худи Тешаев ба Шуъбаи корҳои дохилӣ ва дар ҳолати мастӣ қарор доштани ҷабрдида - Абдуррасул Алиеви 50-сола поин бурда шудааст.

Наздикони устои сартарош бар инанд, ки Тешаев ба хотири ҳимоят аз худ даст ба ин амал задааст: “Дар аввал Алиев бо корд ба усто ҳамла мекунад ва Тешаев низ ба хотири муҳофизати худ, кордро ба даст гирифта муқобилият нишон медиҳад, ки ногаҳон ба гулӯи мизоҷаш мезанад.” Онҳо мегӯянд, Тешаев баъд аз буридани гулӯи мизоҷи худ дар ҳолати шок қарор гирифта, боқии ҳодисаро дар ёд надорад.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як устои сартарош дар шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар сартарошхонаи худ як нафарро 54 корд зада куштааст. Ин ниҳод гуфта буд, УмедТешаеви 31-сола, ки сокини шаҳри Кӯлоб, санаи 31 августи соли 2013 дар дохили сартарошхонаи худ, бо шаҳрванд Абдуррасул Алиеви 50-сола, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо воситаи корд 54 маротиба ба бадани охирон мезанад. Дар натиҷа Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хам як мукобилият ё дифоъ аз нафси худ кардааст.Фарзанди Амонулло мезанад чанд нафарро мекушаду боз ба 150 сомони халос мешавад.Кучост ин баробархукуки ? Вой бар холи Точикистони азиз.Рафта рафта бо Авгонистон муттахид мешавем.
Посух додан
  • tojik

  • 21 декабр 2013 19:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xair kushtor javob dorad lekin az xud hifozat kardaast naboyad 17-sol boyad kamtar az 10-sol tied.boz murdagi ba dukoni in omada hamla kardaast.
Посух додан
  • саид

  • 22 декабр 2013 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон якумаш ин одамкуш Гайрат ном дорад. Дуюм Алиев маст набуд ва дар дасташам корд набуд. Ноодилона хукм бароварданд бояд на камтар аз 25 сол медоданаш.
Посух додан
  • хатлони

  • 24 декабр 2013 08:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, як мухбири вокеъбину тахлилгари хубу лоике доштед дар минтакаи Кулоб бо номи Аслидин Достиев. Рости, маколаву хабархои профи менавишт ва низ хонандаи зиёд дошт. Кучо шуд хамин хабарнигор ва чаро дигар наменависад ва дигар аз вилояти Хатлон кариб ки хабаре дар Озодагон нест. масалан, хафтаи гузашта дар Кулоб 8-нафар гирифтори батулизм гаштаву як кудак мурдааст, вале ягон расонаи хабари аз он хабар надодаанд. Бовар дорам, агар Достиев мебуд ин хабар аллакай дар сайти шумо мебаромад. Оё ин хабарнигор дигар дар Озодагон нест?
Посух додан
  • Рахмонкул

  • 17 феврал 2014 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мана натичаи дуругзании хешу табор ва рафти тафтишоти пешакии нопурра!Сардори махбасрхонаро,марди аслиро,ки 40 сол дар хизмат буд зада кушт!Ё холо девонааш бароварда чавобаш медиханд!
Посух додан
  • Шахноза

  • 20 феврал 2014 18:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ээээ... Чавони бе акл... Хаети худро сузондааст. Боз дар тюрьма раиси тюрьмаро куштааст. Сабру токат ба наздикони мутахам шаванда.
Посух додан
  • Барно

  • 18 апрел 2014 19:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хаму началники турма як одами хубе буд ки хамара ёрдам мекард.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!