VIDEO: Муҳаммадалӣ Ҳайит дар бораи Ризвон, Хусдеҳ ва ҷангу сулҳи тоҷикон
21 декабр 2013, 12:16
Ҳумайрои БАХТИЁР
Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, набояд саҳми тарафи дигар дар созишномаи сулҳи тоҷикон аз ёд бурда шавад. Оқои Ҳайит, ки дар маҳфили навбатии "Гуфтугӯи тамаддунҳо" (21 декабр) дар шаҳри Душанбе суҳбат мекард, бештар перомуни созишномаи "Хусдеҳ" сухан ронд. Вале ӯ ҳамзамон ба ҷангу сулҳи тоҷикон ишораҳо карда, аз ҷумла таъкид намуд, "саҳми тарафи дигар дар ин бора набояд нодида гирифта шавад."
Муовини раиси ҲНИТ гуфт, инъикоси охир дар бораи сулҳи тоҷикон, ки гӯиё ду гурӯҳ ҷанг шудаанду Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон онҳоро ба ҳам овардааст, ғалат мебошад: “Агар баҳамоии минтақа ва Аҳмадшоҳи Масъуду Бурҳониддин Раббонӣ намешуданд, ба сулҳ расидани мо амри маҳол буд.” Ба гуфтаи Ҳайит, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам омилҳои дохилӣ ва ҳам берунӣ дошт. Ӯ бо зикри ин нукта, ки аз ин сулҳи ба миёномада интизориҳои зиёд буд, афзуд, "авфе, ки бояд мешуд, пурра нашудааст. Бахусус, дар мавриди раҳбарони сиёсӣ, ки на ҳамаи онҳо мавриди ин авф қарор гирифтаанд."
Дар ин нишаст, ки профессор Иброҳим Усмонов, яке аз иштирокдорони фаъоли музокироти сулҳи тоҷикон низ иштирок дошт, аз муовини раиси ҲНИТ дар бораи Ризвон пурсид ва гуфт, "ӯ чӣ гуна шахсият буд ва чаро ҳукумату мухолифин талош доштанд, ӯро аз худ кунанд?" Дар ҷавоб Муҳаммадалӣ Ҳайит гуфт, "Ризвон як марди тарсӯ ва ҳиллагаре беш набуд".