Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Гуфтугӯи раиси нави Суғд бо намояндаи ваколатдори Қирғизистон дар Бодканд

22 декабр 2013, 22:52

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси нави вилояти Суғд, дар шаҳри Исфара бо Жениш Разоққов, намояндаи ваколатдори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд мулоқот кардааст.

Иқбол Тешаев, сухангуи раиси шаҳри Исфара ба “Озодагон” гуфт, дар ин мулоқот ҷонибҳо бештар ба густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамзистии осоишта таъкид доштанд. “Бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳаллу фасл намудани ҳама гуна масъалаю мушкилоти ҷойдошта яке аз мавзуъҳои аслии ин суҳбатҳо буд”,-афзуд номбурда.

Боздиди Жениш Разоққов аз шаҳри Исфара дар ҳоле аст, ки 17 декабр дар пайи низоъ миёни сокинони ҷамоати наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, роҳи Ворух-Исфара баста шуд ва танҳо баъд аз гуфтугӯи ҳайати давлатии Қирғизистон бо сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд дар рӯзи 20 декабр он дубора боз шуд.

Иқбол Тешаев мегӯяд, дар суҳбати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд ва намояндаи ваколатдори ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Бодканд ба ин мавзӯъ дахл нашуд, зеро дар ваколати онҳо нест. Ӯ мегӯяд, мавзӯи мазкур, қарор аст фардо, 23 декабр дар шаҳри Бишкек ба баррасӣ гирифта шавад. “Дар пойтахти Қирғизистон вобаста ба ин масъала комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Ҷумҳурии моро дар он Муродалӣ Алимардонов намояндагӣ хоҳад кард”.

Таниши марзӣ, ки роҳбандиро дар пай дошт, баъди он ба вуқуъ пайваст, ки дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон як хона ба коми оташ рафт. Баъдан, дар ҳудуди Бодканд низ як чойхонаи шаҳрванди қирғиз оташ гирифт. Сокинони навоҳии наздимарзии ду кишвар дар ин оташсӯзиҳо якдигарро муттаҳам кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Далер.Ин чи тахкири бечо дар хаки зани Точик.Ман Точикаму зодаи Ворухзаминам.Ба чои тахкири як зан рав Ватанро химоят кун!Ин Ватан аз кулли мост. Касе намехохад дар ончо ноороми бошад.Факат мехохам; ки онро аз мо нагиранд ва марди Точик мисли ту тарсу набошад!: Хама сар ба сар тан ба куштан дихем; Аз он бех; ки кишвар ба душман дихем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон чаро назари маро чоп накарди.Илтимос чоп кун то Далер донад; ки ман Точикам ва зодаи Ворухзаминам. Ба у мегуям; ки ба чои тахкири як зани Точик рафта Ватанро хифз кунад! Ман намехохам як мушт хоки Ватанам ба онхо дода шавад. Хамин кадар мегуям ки дигар мардони Точик мисли ту тарсу нашаванд ва ба чои бахс бо як зан рафта бо киргиз бахс карда хал кунанду модари Точик хотири осоишта пайдо кунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!