Бахшҳо

Кабирӣ мегӯяд, тоҷикон дар дуроҳаи интихоби озодӣ ва субот мондаанд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), мегӯяд, ҳоло ҳукумати кишвар сокинонро дар як дуроҳа қарор додааст, ки аз миёни озодӣ ва субот якеро интихоб намоянд.

Раиси ҲНИТ, ки дар як суҳбати ихтисосӣ бо Шабакаи телевизионии “Тулӯъ”-и Афғонистон дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, давлатҳои Осиёи Марказӣ натавонистанд, озодӣ ва суботро дар як вақт ба сокинони худ таъмин намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд сулҳи тоҷикон як намунаест, дар сатҳи ҷаҳонӣ, вале на ҳамаи ормону хостаҳои дар аснод дарҷгардида аз ин сулҳ амалӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ду ҷониби сулҳ ҳангоми имзои ин созишнома бар ин буданд, ки як давлати демократӣ ва гуногунандеш дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аммо ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, онҳо натавонистанд, дар ин солҳои баъди сулҳ ҳатто як интихоботи демократӣ ва шаффоф баргузор кунанд: ”Бузургтарин дастоварди тоҷикон аз ин сулҳ истиқрори суботу оромӣ дар кишвар аст, вале бояд гуфт, ки ин бар ивази аз даст додани озодӣ ва маҳдуд шудани озодии баён омадааст.”

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатҳои пешгирифтаи худи раҳбарони ин давлатҳо боиси рӯ овардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ё ба истилоҳ “терорристӣ” мебошад: “Чӣ омил водор мекунад, ки як ҷавони мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Вазиристони Покистон равад ё ба Сурия? Инҷо танҳо дин боис намешавад, инҷо маосили иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ мебошад. Вақте озодиҳо аз сӯи давлатҳо маҳдуд мешавад, мардум роҳи ягонаро дар муборизаи мусаллаҳона мебинанд.”

Инчунин, Муҳиддин Кабирӣ дар бораи сари қудрат омадани ҳизбаш ибрози назар карда, гуфт, ҲНИТ бар ин андеша аст, ки дар як давлати демократӣ ҳеч нерӯе наметавонад, қудратро ба танҳоӣ дар даст дошта бошад. Ӯ таъкид кард, агар ҲНИТ дар идораи давлат шарик бошад, метавонад, на танҳо он ормону хостаҳои дар аснод мондаро, балки бештар аз онро амалӣ созад.

Раиси ҲНИТ иброз намуд, он ҳама овозаҳо дар бораи даст доштани аъзои ҳизбаш ба ҳаракатҳои мамнуъ ва иртиҷоӣ овозае беш нестанд ва касе ба ин ҳам бовар нахоҳад кард. Чун ҲНИТ худро ҳамчун як нерӯи муътадил нишон додааст: “Чун ҲНИТ, ҳангоми манъ кардани рафтани занҳо ба масоҷид, мамнуъ шудани рӯсарӣ барои донишомӯзон ва ҷилавгирӣ аз ҳузури ҷавонон дар масоҷид қотеона ин амалҳоро маҳкум кард, вале ҳеч гоҳ мардумро ба хиёбонҳо даъват накард.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Хонанда
Суханони Кабири олианд, вале дар амал аз дигар лаганбардорони режим фарке надорад. Мисоли равшанаш аз хам пош додани ахзоби мухолиф ва гурехтанаш дар интихобот. Ба кавли мардум, ин муллохоро " ба гуфтааш кардан даркору ба кардааш - не".

Ана ин тавр инсон бояд тахлил карда тавонад. Чаноби Кабири БРАВО! КАБИРИ АРЗАНДАИ НА ИН КИ БА КАВЛИ БАЪЗЕХО ВАЗИРИ ХОРИЧИ БУДАН АСТ БАЛКИ ЗЕБИ РОХБАРИИ ИН МИЛЛАТУ САРЗАМИН АСТ!

SALMON
Ин суханони чаноб Кабири 100% хакк аст!...

алан
Ба бародарони исломи: Раисатонро иваз кунед. Ин одам гап дода бизнес карда гаштаст. Ин вазифахо барои мухофизати бизнеси худашу бародарону хохараш лозиманд. Мухамадалии Хаитро раис монед ин одам шучоати раиси дорад. Кабири интихоботро фурухт ягон руз ХНИТ ро низ ба савдо мебарорад.

фаррух
Кабири бехтарин раис ва хама инро хуб медонад бовари дорам ки инкас муваффак мегардан.

babak
то имруз фикр мекардам ки миллати точик ру ба таназзулу нобудист вале бо хондани ин матлаб бисёр рухам хушхол шуд худованд умри инхел нафароро зиёд кунад. имруз дигар вакти амир олимхон нест ки хукумат кайфу сафо бошад хукумат яне хидмат ба халк ва дифо аз хок хатто 1 см ва дифо аз хукуки шахрвандон. имруз хукумати точикистон бояд аз путин ибрат гирад хар кас ки кор карда наметонад чоя холи кунад мутахассисхои дарачаи бисёр боло зиёд аст.аз киргиз ибрат гирад нахуствазир омада бо 1500 нафар сухбат мекунад

Устод Кабири хак хастанд зинда бошанд.

ором
Мухтарам Кабири азоби озодии бесуботро халки точик солхои 90- ум чашидааст. Шумо сиесатмадорон ба Россия гурехта зада гаштену дар ин чо мардум одди зери мушту лагади дузду рохзану боевики озод дар кучахо мегаштаги монда буд. Дар сулху суботи имруза сахми Эмомали Рахмон мархум Абдуллохи Нури махрум Химматзода ва дигарон калон аст. Шахсан шумо ягон сахм надоред дар чои тайер омада нишастаи . Худо медонад ки хастед?

М.Кабири Худо бо туст ва мардум бо туст))))))))))

Ба Хонанда.
Муллохо хамаашон бо никох зан мегиранд шумо ин корро накунед ё ........

bo marde ki rish nadorad nashined.in ham misle zino ast.

Хукумов (ЖД)
Устод Кабири аз интихобот нагурех балки интихоботро аз У гурезондан!!!!!!!!! Интихобот барои Кабири ахамияте надош чунки маълум буд ки Рахмон просто показуха дора.... Хохишш мекунам нибати Кабири суханхои дуруст гуед.......... (Вай аз интихобот чи метарса ки мегурезад. Интихобот барои мо як маъракаи макори буд. )

Точик
Офарин Кабири !!! Суханони бехтарин ...............

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)