Бахшҳо
23 дек 2013 12:57Тоҷикистон / Сиёсат

Radiosawa: Зарифӣ аз қазияи мошинҳо огоҳ буд ва... ба Берлин нарафт

Пулиси Олмон хабари ошкор шудани 200 мошини дуздидашудаи истеҳсоли ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйид кардааст. Бино ба иттилои расонаҳои олмонӣ, гӯиё аксари ин мошинҳо дар дасти афроди наздик ба оилаи раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор доранд.

Тибқи иттилои нашрияи олмонии “Handelsblatt”, мақомоти пулиси Олмон гуфтааст, навиштаҳои нашрияи “Bild” дар мавриди соҳибӣ шудани мошинҳои дуздидашудаи навъи "БМВ" аз сӯи хонавода ва афроди наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳақиқат дорад.

Аз сӯи дигар, радиои арабзабони “Sawa” такя ба матни “Bild” гузориш додааст, ки мақомоти Олмон қазияи ошкор шудани мошинҳои дуздидашудаи ин кишвар дар Тоҷикистонро ҳанӯз моҳҳои майи соли ҷорӣ бардошта буданд. Ба иттилои “Radiosawa”, ба Вазорати адлияи Олмон рӯзи 23 майи соли ҷорӣ расман тариқи нома муроҷиат шуда, дар он оварда шудааст, ки аксари ин мошинҳо дар дасти ашхоси наздик аз нигоҳи масоили иқтисодию оилавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Ин шабакаи радиошунавоӣ гуфтааст, “қарор буд, вазири умури хориҷии Тоҷикистон (Ҳамроҳхон Зарифӣ) моҳи октябри соли ҷорӣ дар доираи як сафари расмӣ вориди Олмон шавад. Вале чун фаҳмид, ки мақомоти кишвари мизбон ҳатман масъалаи мошинҳоро ба миён мегузорад, ин сафарро лағв кард.”

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик ин иттилоъро муғризона номида, мегӯянд, даъвои мақомоти Олмон асосе надорад. Қаблан Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфта буд, “кас намедонад, чӣ тавр аз Олмон 200 сабукрав дуздида шуда ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Дар ҳоле ки аз Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо на мошин, ҳатто сӯзанро дуздидан ғайриимкон аст.”

Рӯзномаи олмонии “Bild” рӯзи 19 декабр бо интишори матлабе гуфт, ҳудуди 200 мошини дуздидашуда дар Олмон дар ихтиёри дӯстон ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ба иттилои ин нашрия, аз ин миён 93 адад сабукрав тамғаи BMW будаанд. То ин замон сафири Тоҷикистон дар Олмон, Вазорати умури хориҷӣ ва хадамоти гумруки кишвар воқеият будани ин хабарро рад карданд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Точикистони нав
Давлатдорон laughing

Имруз мавзуи ин дуздхо дар тамоми рузномахои маъруфи чахони Гарб ба мисли Вашингтон пост, Уол стрит чорнал, Гардиан ва гайра чоп шудааст ва он хам бо сарлавхахои хандаовару тахкиромез.

Ана халос ... Кане хамаи дастгох ба кор! Касе ин хакикатро бо суханои нестдарчахон рад мекунад Мукооофот! (Мансаб)
Бег З кане Сар кунед чи? ЯК коил кунед! Ин Олмонихо чи меган? БеГ З: Олмон дуруг мегуяд, Ин мошинхо худаш, беронанда омадагианд..

Jon
To in vaqta murdagii buded ki az davlatii shumo moshina meduzdan baad vaqte ki mardumi tojik pul medihaduu mekharad meguyan ki moshinamroo duzdidan.. Olmonihoo faromush nakuned moshinhoe ki mo pul doda kharidagii hastem ba shumo bar namegardonem.. In fikroo az saraton berun kuned dar soli 2014 dar borai peshraftii davlataton fikr kuned...

Khudii sohiboni moshinhoo u moshinhoi shumoroo ba mo furukhtaii hastan baroi hamin khap kuned...

besharaf
Ду руз қабл ин ҳодисаи нангин ва шармандагиро аз тариқи шабакаи телевизиони давлатии Афғонистон тамошо карда ба даҳшат афтодам, ки дар ҳақиқат ин " сиёсати хирадмандона" як шаҳри бе дарвоза будааст.

Сарирохи куча
Охир наздикони президент гуфта шумо киро дар назар доред, рузноманигорони мухтарам! Акалан яктоашро нависен фахмем, ки бошад? Яке Шумо рост мегуед яке хамон хамкоронатон аз Олмон. Ин кори дасти хамон атоулоев аст! Точикистони нав,

со стороны
Таджикистану ждет международный скандал. Господин бывший министр иностранных дел Таджикистана Хамрохон Зарифи оставил после ухода новогодную подарку таджикскому народу. Это начало конца мудрой политики....

Бег
Jon,

Мы работаем!!!!!

Ориф
Олмонихо дуруг намегуянд. Барои онхо вакт-ин пул аст. Агар ин хабар дуруг мебуд, сари он вакти зиёди хешро барбод намедодан. Точикхои мо мегуянд-ку "ТО ШАМОЛ НАШАВАД, ШОХИ ДАРАХТ НАМЕЧУНБАД".

МАН,господин ман .во сколко мне добровлси тут писали и сказали што машини приехали сами из Германии и прямо ворвалис в нашу границу вот ми паехали их забрали ..и еще кто такой хозяин Германии пуст придет камне в мой кабинет !!! и германя сохиб дора надора мошинош мегурезан ича миеян !! ..вот так вот ..

точик
Ин хам дар холест, ки мухолифини хукумати кунуни барои сарнагун сохтани режими Рахмон сайю кушиш доранд . Фаромуш насозед, ки ин барои миллати тарихи чандхазорсола дошта дарди гаронест.

Олмонихо дуруг мегааан, мо и БМВ хоро дар хамича, дар заводи Норак собрат каааагиемм.

Cалом мардуми азизи точик бовар кунед ин мофиеи олмон полша латвиЯ мебошад аввал мошина мефурушан бад дар розыск метиян бо ин хучат рафта дубора пули мошина аз ширкатхои сугуртави мегиранд мо бояд хушериро аз даст надихем инхо бо хамин корашон мардуми точика бад ном карданиян ин мошино бо хамин рох аз бозорхои аврупо ва ширкатхои олмони оварда шудагиян набояд хукумат бо онхо ягон созишро имзо кунад ки БОЗ Хам точики бечора месузад набояд хукумат мошинора баргардонад мо точико як макола дорем хоната махкам нигох дор хамсояра дузд нагу озодагон шархи маро хатман чоп кунед сад дар сад иншолох фоидаш ба мардум мерасад.

Dev
Hub olmoniho az rui GPS malum kardaand,ki moshinho dar Tojikiston, vale chi guna muajyan kadaand,ki moshinho dar dasti heshu tabori "Oftobi tobon" ?

Хамаи гапхри немисхо ростай. Стоянкаи шерзоди додари зарифи домоди президента дар болои миноборона бинен. 25-30 бмв киматтарин ва хамаш дзди!

Студент
Ээ, чи хел ин давлатдорои мо "хушёрии сиёси"-ро аз даст доданд? Ин немисхо шухи намекунанд. Мошинхои дуздидашударо аз таги хок хам кашида мегиранд. Гумон накунед, ки хамту гуфтанду фаромуш мекунанд. Ба гуфти як ширкаткунандаи Чаннги Бузурги Ватани, "немис намемоната, Так что запасаемся попкорном и будем наблюдать дальше

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)