Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Мамадшо Илолов: “Мо хонаҳоро аз рӯи адолат тақсим кардем”

23 декабр 2013, 14:27

Мамадшо Илолов, президенти собиқи Фарҳангистон (Академия)-и улуми Тоҷикистон, ки дар пайи тағйироти кадрии ахир аз мақомаш барканор гардид, мегӯяд, то ҳол дар бораи тафтишоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ хабар надорад.

Хабаргузории “Тоҷнюз” рӯзи 23 декабр бо такя ба манобеи худ навишт, Оҷонсии зидди фасоди молӣ тафтишот дар фаъолияти Илолов ва Академияи илмҳоро оғоз кардааст. Ба навиштаи хабаргузорӣ, гӯиё шикояти як гурӯҳ кормандони Академияи илмҳо боиси оғоз шудани тафтишот гардидааст. “Онҳо дастҷамъона гӯиё дар бораи тақсимоти ноодилонаи манзилҳои зист ба кормандони Академияи илмҳо аз ҷониби роҳбарияти собиқ шикоят кардаанд”,-навиштааст “Тоҷнюз”.

Аммо Мамадшо Илолов дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, агар Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ чунин гуфта бошад, асос надорад. “Ростӣ, ман аз ин хабар надорам. Дар ин бора ҳам ягон мактуб ба ман наомадааст. Чанде пеш чунин тақсимоти хона ба кормандон буд, лекин он бо тартиб ва одилона сурат гирифт. Ягон қонуншиканӣ дар ин ҷо нест”,-афзуд Мамадшо Илолов.

Масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар сӯҳбат ба “Озодагон” оғози тафтишотро нисбат ба Илолов тасдиқ ё такзиб накарда, барои шарҳи ин мавзӯъ номаи расмӣ хостанд. Ин хабар дар ҳоле расонаӣ шуда, ки ҳафтаи гузашта Мамадшо Илолов дар қатори Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор Сафиева ва Мӯсо Диноршоев ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, нома фиристода, хостори ҳалли одилонаи қазияи Зайд Саидов - соҳибкор ва вазири пешини саноат шуд. Муаллифони ин нома ба раисиҷумҳур гуфта буданд, бовар доранд, ҷуз дахолати мустақими ӯ ба қазияи Зайд Саидов илоҷи дигаре дар таъмини риояти қонун ва дарёфти ҳақиқат нест.

Мамадшо Илолов ҳашт соли охир раёсати Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва дар оғози моҳи декабри соли ҷорӣ бо фармони раисиҷумҳур ҷояшро ба Фарҳод Раҳимов -- собиқ муовини аввали вазири маориф дод. Оқои Илолов дар гузашта вазири меҳнат низ буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ватандӯст

  • 23 декабр 2013 14:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мамадшо Илолов барин олимони барҷаста,ки берун аз Тоҷикистон низ машҳуранд дар мо хеле каманд. Агар Оҷонсии фасод ба муқобили чунин олимон парвандаро оғоз намояд ин барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби Оҷонсӣ хизмати хирсона мешавад.
Посух додан
  • ввп

  • 23 декабр 2013 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мурди ба ин номаикадагиттамом
Посух додан
  • пп

  • 24 декабр 2013 10:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илоловро як предупреждения карданд. Яъне ки агар дахонатро махкам карда нагарди, парвандаро огоз намуда зиндониат мекунем. Ин тактикаи маълуми хукумат аст.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!