Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:52

Қодирӣ санги асоси баландтарин пояи парчам дар Суғдро гузошт

23 декабр 2013, 17:03

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси тозатаъини вилояти Суғд, рӯзи 23 декабр санги асоси сутуни 55-метрии парчами Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро гузошт, ки баландтарин дар шимоли кишвар хоҳад буд. Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, макони ин парчам воқеъ дар назди ҳукумати вилояти Суғд буда, лоиҳаи онро ширкати «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.

Раиси вилоят изҳор доштааст, дар оянда дар ин минтақа боғи Парчами миллии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ таъкид кардааст, ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд: “Он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.

Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ман

  • 23 декабр 2013 17:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тухам мисли президенти ТЧК туро хамин кас раис кардаги чи кор куни, ки у аз ту рози ва хушнуд шавад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
лекин зур узбако бинанд ин парчама талхакаф шаванд рахмат ба кодири фикри хуб агар як парчами дигар дар бадахшон кунанду якта дар кулоб бо зур меша баъд тобистоно рафта дар тагаш шишта чои кабуд менушему курутов мехурем рахмати калон фикри оличаноб
Посух додан
  • hairon

  • 23 декабр 2013 18:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
haironam in chi mano doshta bpsha.shakhsan baroi man hech zarutat nadorad.megum az modai idi lady,asal,kharbuza va tapak buromademu dar parcham rasidem khai khubas az kuknor 2008 va pabeg ia turmada.khai yagpn manoi ga bosha fahmonen.

haironam in chi mano doshta bpsha.shakhsan baroi man hech zarutat nadorad.megum az modai idi lady,asal,kharbuza va tapak buromademu dar parcham rasidem khai khubas az kuknor 2008 va pabeg ia turmada.khai yagpn manoi ga bosha fahmonen.
Посух додан
  • Дурбин

  • 23 декабр 2013 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
75 метр ё 55 кадомаш тугри
Посух додан
  • tojik

  • 23 декабр 2013 21:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
raisoni kulob chi navigari mekarda boshand?yo shax shudagiand.

ee kand zaned xujandiho dar hakikat shahratonro dust medored-in raisoni kulobu badaxshon shikamcharoniro bud nakardand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
O исроф чи даркор? О пули хамонро ба фукаро таксим мекардед чи мешуд? Ё акалан 55 метр рохро таъмир мекардед чи? О чи факат танхо бо рохи парчам мондан шумо сохиби авторитет мегардед магар?
Посух додан
  • точик

  • 23 декабр 2013 22:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О Расулзода да фикри бунёди корхонахои хурду миёна дар микёси вилоят буд ин раис да фикри парчам.
Посух додан
  • лола

  • 24 декабр 2013 08:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳаму пула як камбағала бти
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О кай шумо "вакилони халк" дар гами халк хохед шуд. Боз як парчам. О хамон дар пойтахт будааш магар шиками касеро сер карда истодааст, я ё ягон дигар фоидае ба давлату халки точик овардааст? Факат зарар. Бачои он парчами дар пойтахт буда метавонистанд 5-6 корхонаи калон созанд ва хазоронро бо кор таъмин кунанд. (нархаш такрибан 30 млн доллар)Инаш боз як 10 млн мешавад. Бо акл кор кунед вакилон, бо акл. Дар асл инхо вакилони халк нестанд чунки инхоро халк таъин накардааст ва онхо ба халк ягон хисобот намедиханд. Ман Хучандиам ва намехохам ин хел исрофи бошад. Парчам зарур нест. Ягон корхона созед, ё роххоро соз намоед.

О кай шумо "вакилони халк" дар гами халк хохед шуд. Боз як парчам. О хамон дар пойтахт будааш магар шиками касеро сер карда истодааст, я ё ягон дигар фоидае ба давлату халки точик овардааст? Факат зарар. Бачои он парчами дар пойтахт буда метавонистанд 5-6 корхонаи калон созанд ва хазоронро бо кор таъмин кунанд. (нархаш такрибан 30 млн доллар)Инаш боз як 10 млн мешавад. Бо акл кор кунед вакилон, бо акл. Дар асл инхо вакилони халк нестанд чунки инхоро халк таъин накардааст ва онхо ба халк ягон хисобот намедиханд. Ман Хучандиам ва намехохам ин хел исрофи бошад. Парчам зарур нест. Ягон корхона созед, ё роххоро соз намоед.
Посух додан
  • пепси

  • 24 декабр 2013 10:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дига кор надоред шумо??? бекорхучахо.....Акла бинед-а факат барои бунёди латтапора...
Посух додан
  • лола

  • 24 декабр 2013 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
набурен гапа насамам дели шумо ҳайвонзодагон будайен
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Кодири тачрибаи идоракунии вилоятро дар Акадамия Хатлон сайкал додааст ва иншолло х солхои наздик тамоми корхонахо аз кор боз монда факат раксу суруд ва чашнхои по дар хаво мемонаду халос боки иктисодиет валангор
Посух додан
  • ДИОГЕН

  • 24 декабр 2013 22:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА ЧОЙИ ПАРЧАМИ КАЛОН ЛОКАЛ ЯК МЕТР РОХИ ЗАФАРОБОДРО ТАМИР КУНЕД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!