Бахшҳо

Алимардонов гуфтааст, баҳси Ворух “хусусияти иқтисодӣ дошт”

Даври дувуми гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории хатти марзи ду кишвари ҳамсоя 7 январи соли 2014 идома хоҳад кард. Даври аввали он 23 декабр бо раҳбарии Муродалӣ Алимрдон, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Токон Маметов дар Бишкек баргузор шуд.

Токон Маметов, муовини нахуствазири Қирғизистон, дар ин мулоқот аз ҳузури ҳамтоёни тоҷики худ ба Бишкек барои баррасии масоили марзӣ қадрдонӣ карда, гуфтааст, “барои рушди равобити дуҷонибаи кишварҳо асоси маҳкам гузошта шудааст ва ҳамкории Қирғизистону Тоҷикистон дар сатҳи болоӣ вориди марҳалаи ҷадид гардид. Боварии комил дорем, ки натоиҷи вохӯрии намояндагони болоии Душанбеву Бишкек ба ин ҳама мавқеи тоза мебахшад.”

Муовини нахуствазири Тоҷикистон низ дар навбати худ аз истиқболи ҳамтоёни қирғизаш миннатдорӣ карда, илова намудааст, “мо ба равобити дӯстонаи суннатии мардуми тоҷику қирғиз, ки умри чандинасра дошта, барои рушди равобити ду кишвар мусоидат мекунад, арҷ мегузорем. Боварии комил дорем, ҳодисаҳои ахири марзии ду кишвар хусусияти иқтисодӣ ва молӣ дорад. Бояд гуфт, барои ҳалли ин ингуна масъалаҳои марзӣ ба мақомоти зирабти ду ҷониб алакай тибқи қарордодҳои болоӣ вазифаҳои мушаххас дода шудааст.”

Аз ин пештар, Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон, гуфта буд, баррасии ин масъала ба хотири сафар доштани Токон Маметов ба охирҳои моҳи январи соли 2014 монда шудааст. Ба гуфтаи ин намояндаи мардумии қирғиз, қарор аст, Маметов рӯзи 26 декабр дар доираи як сафари расмии чаҳоррӯза озими Тошканд шуда, бо ҳамтоёни узбакаш масъалаи аломатгузории хатти марзи миёни Узбакистон ва Қирғизистонро ба баррасӣ гирад.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.
Мӯҳр
халки чоркух наметият 1вачаб замина ихоба

Дар ин вохури такдири дехаи Ворух хал мешавад, бояд таьрихдонхои Ворухи иштирок кунанд. Аз хотир набароред Ворухихо такдири шумо дар дасти худи шумост ! Аз хукуматдорон хохиш мекунам ,ки барои як вачаб замини точик мубориза баранд.Худо бо мост, хакикат чолиби мост.

мерос
як вачаб уступка карданро наслхои ояндаи Исфара хеч намебахшад,аллакай Амировро бо неки ед карда истодаянд. Як вачаб хам уступка наравед...

Илхом
Ман бовари надорам, ки таксимот мунсифона хал гардад, чунки макомоти Киргиз барои таксимот марз солхост накша мекашад то бар манфиати худ корро хал намояд. Ва нофахмихо байни сокинон низ кори макомоти киргиз аст. Бояд гуфт, ки узбак низ дар ин нофахмихо шарик аст. Мо точикон агар як вачаби дигар хокамонро ба касе дихам бешак беобру хохем шуд. Бояд номусро фаромуш накунем номусро Чанобон!!

ХАМИН ЧАНОБИ АЛИМАРДОН ПЕШ АЗ ТАКСИМОТ ЯК БА ВОРУХ МЕОМАД ТО МО ШАРТХОИ ТАКСИМОТРО МЕГУФТЕМ ! ДАР БИШКЕК ЯК ЗИЁФАТ МЕКУНАНДУ ЗАМИНХОИ СТРАТЕГИИ МОРО БА КИрГИЗ МЕТИЯД ! ИН ЯКУМБОР НЕСТ КИ МАКОМОТИ МАРКАЗИ ЗАМИНХОИ ВОРУХА БЕ ЯГОН АСОС БА КИРГИЗХО ДОД ВА ИМРУЗ ВОРУХ БА АНКЛАВ ТАБДИЛ ЁФТ ! ИНЧО ИНТЕРЕСИ ИКТИСОДИ НЕСТ ЧАНГ АЗ ПУШТИ РОХ АЗ КАДИ ВОРУХ КИ КИРГИЗХО ТАЛАБ ДОРАНД АЗ УНХОСТ ! АГАР РОХА ДОДАНД ИН ЯКУМБОР ХИЁНАТ БА АНКЛАВ ВАТАН АСТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)