Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

Ҳукми зиндони 3 ҷавони тоҷик ба ҷурми "мубориза алайҳи Башор Асад"

24 декабр 2013, 09:36

Додгоҳи олии Тоҷикистон се ҷавони тоҷикро ба иттиҳоми иштирок дар муборизаҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад дар Сурия маҳкум ба зиндон кардааст.

Зафар Қурбонов, вакили мудофеи яке аз ин ҷавонони маҳкумшудаи тоҷик, рӯзи 24 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, зерҳимояи ӯ Сабриддин Ашӯрови 22-сола (Ҳисор) ва ҳамроҳонаш ҳафтаи қабл бо қарори Додгоҳи олӣ ба мӯҳлати 2-солӣ равонаи зиндон шуданд. Ба гуфтаи Қурбонов, ин ҷавонони тоҷик дар он муттаҳам мешаванд, ки гӯиё ба қавли айбдоркунандаи давлатӣ дар нооромиҳои Сурия иштирок ва аз ҷониби “Ҷайши ҳур” бар зидди ҳукумати ин кишвар ҷангидаанд.

Вале ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, зерҳимояи ӯ ва рафиқонаш тамоми ин иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, онҳо дар яке аз донишгоҳҳои Сурия машғул ба таҳсил буданд ва ҳеч иртибот бо ягон нерӯи низомии Сурия низ надоштанд. Зафар Қурбонов илова кард, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин гуруҳи сенафараи ҷавонони тоҷикро бар асоси қонунгузории Сурия маҳкум ба зиндон кардааст, чун онҳо дар қаламрави ин кишвар муртакиби ҷиноят шудаанд. Ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин аст, ки агар Тоҷикистон ҳамчун макони содиршавии ҷиноят маҳсуб мешуд, ин ҷавононро аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекард.

Қазияи ҳузур ва иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои дохилии Сурия ба як масъалаи баҳсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Ахиран Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфт, мушкили кирояи ҷангҷӯён дар тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Қазоқистону Узбакистон низ ҷангҷӯёни кироя алайҳи ҳукумати Сурия меҷанганд. Аз сӯи дигар, Аҳмад Бадриддин Ҳассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тоҷикон, ки дар ин кишвар алайҳи ҳукумат меҷанганд, 190 нафар арзёбӣ мешавад.

Кумитаи дини Тоҷикистон низ дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи соли равон гуфт, дар давоми солҳои ахир дар ҷангҳои Афғонистону Покистон ҳудуди 11 шаҳрванди Тоҷикистон ва сеи дигар дар Сурия ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муовини раиси ин ниҳод, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои бегонагон ба ҳалокат расидаанд, шояд аз ин ҳам зиёд бошад: “Ин 14 нафар танҳо онҳое мебошанд, ки ному насаб ва ҳуввияти миллиашон муайян карда шудааст.”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фы

  • 24 декабр 2013 09:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инро говсуд мегуянд.
Посух додан
  • Чума

  • 24 декабр 2013 09:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ичи говсут не инхо Фанатикан рафта хуни бародари исломира барои ду танга шида мерезонанд. Ин хукм оли камай
Посух додан
  • Самад

  • 24 декабр 2013 12:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Башар Асад диктатор хаст ва мукобили мардуми худаш бо лавозимотхои чангии вазнин чангида истодааст.
Дар ин маврид ,ин точикбачахо чи гунох доранд.
Посух додан
  • asad

  • 24 декабр 2013 12:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
kam dodast.
Посух додан
  • mazlum

  • 24 декабр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
akai samad tu az kujo medoni ki inora fitna angezan agar fitna angez mebudan inora az 10 bolo medodan inora bechohora tuhmat kardagiya allohi mehrubon shumora sabr dihad
Посух додан
  • Хакгуй

  • 25 декабр 2013 10:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи? хукумати Точикистон аз хукумати башшор асади шиъа пуштибони мекунад дар холе, ки Эшони Нуриддинчона шиъа тухмат зада аз минбари Расулуллохй(с) хоричаш карданд. Аммо кам нестанд одамоне, ки зидди халки Сурия чанг карда халки бечораро мекушанд, инхоро хукумати Точикистон зиндони намекунад?...
Посух додан
  • Анвар

  • 25 декабр 2013 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хакгуй,
ту рост мегуи! Ба фикри ман башор асад президенти ТОЧИКИСТОН не, кууу...
Посух додан
  • Илхом

  • 25 декабр 2013 18:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Башор асар мумкин бародари кучаки президент будагисдааа,...
Посух додан
  • УМАР

  • 24 апрел 2014 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУСУЛМОН АКЛАШ КАМАЙ, ИН ЧУХУДХО БАЙНИ МУСУЛМОНОН ЧАНГ МЕАНДОЗАНД,ИНХО ЧИХОД ГУФТА ЯКДИГАРАШОН МЕКУШАНД,ЧИХОДА БАР ЗИДДИ ИСРОИЛ ВА АМЕРИКО КАРДАН ДАРКОР,АКЛИ МУСУЛМОН ИРА НАМЕГИРАД

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!