Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 27 феврал 2017, 16:13

Дар маркази Душанбе як таппонча забту мусодира шуд

6 август 2011, 05:52

Як сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ боздошт гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, аснои амалиёти кормандони мақомоти интизомӣ  дар назди бинои-4, кӯчаи  Исмоили Сомонӣ, шаҳрванд Диловар Паймораеви 32- сола дастгир карда шуд. Гуфтанист, ӯ истиқоматкунандаи  кӯчаи  Айнӣ буда, дар ягон ҷо кор намекунанд.  Ҳангоми  кофтукови шахсӣ аз дохили қуттии кардонӣ 1 адад таппончаи тамғаи ПМ таҳти рақами  ХТ-5696 -1986 с/б ва 1 адад тирдон бо 8 дона тир (коршоям), дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, Диловар Паймораев доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 112-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст. Айни ҳол  нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ  бо ҷурми  ғайриқонунӣ нигоҳ доштани  яроқ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Феврал 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!