Бахшҳо
24 дек 2013 12:30Тоҷикистон / Сиёсат

Кӣ чӣ гуфт? Аз изҳороти Тӯраҷонзода то шоҳидии Шабдолов

Соли 2013 дар баробари садҳо хабару ҳодисаву воқеа бо ҳарфҳои мондагор низ дар хотирҳо нақш хоҳад баст. Ҳоло чанде аз ин суханҳоро гирд меоварем ва умедворем Шумо низ дар комил шудани ин матлаб ба мо кумак хоҳед кард.


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонҳои Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни маъруф, ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар моҳи сентябр гуфт, “ҳар касе беш аз 10 сол роҳбарӣ кард, фосид мешавад. Ҳатто обе, ки ҳар рӯз кор дорем, агар зиёд истад, фосид мешавад”.

Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик, моҳи ноябр дар сӯҳбаташ бо "ИмрӯзNews" аз тарбияи инсонҳои нав дар кишвар интиқод намуда, таъкид дошт: "Сохторҳоро шикастанду навашро сохта натавонистанд. Иморатро сохтем. Дар даруни иморат инсон муҳим аст. Вагарна чӣ даркоранд иморатҳо? Қолабҳои беруҳу равон…Охир гӯри худатон мешавад ҳамон чизҳои сохтаатон. Пеш аз ҳама инсонро сохтан даркор, баъди он иморатро мувофиқи ҳамон.”

Зулола Раҳимова, зане, ки Асадулло Иброҳимов, як рӯҳонии тоҷикро бо номи “муллои ҷодугар” маъруф кард, дар Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт (моҳи октябр) дар посух ба суоли “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух додааст: “Гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст”.

Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, моҳи октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Агар президент шавам намегузорам, ки маро “Ҷаноби Олӣ” гӯянд. “Рафиқ Талбаков” ё “Рафиқ президент” садо кунанд. Ҳар вақт вожаи “Ҷаноби олӣ” гуфтӣ, алакай як лаганбардорӣ эҳсос мешавад.”

Олим Бобоев, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии кишвар, дар суҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Би-би-сӣ гуфта буд, “имрӯз ҳадафи мо президент шудан нест, ҳадаф демократияро ба роҳ мондан аст”.

Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”. Моҳи декабр дар идомаи ибрози сухани охиринаш дар додгоҳ, ки 2,5 соат тул кашид, ҳамаи иттиҳомотро алайҳи худ тӯҳмат номида, гуфтааст: "Агар ҳабси ман барои ин миллат ва давлат ягон фоидае дошта бошад, бигзор ҳабс кунанд. Ягон бор ба давлату миллат хиёнат накардаам ва омодаам, барои ин миллат ҷони худро фидо кунам".

Усмон Солеҳ, масъули бахши тарғибот ва таҳлили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, моҳи сентябр дар мавриди ҷамъоварии 210 000 имзо ба тарафдории номзадашон гуфт: “Бо назардошти он, ки имконоти мо фаровон аст ва дар ҳамаи минтақаҳо сохторҳои ҳизбӣ фаъоланд, мо ҳатто метавонем на танҳо дар ду рӯз, балки дар ду соат имзоҳоро барои пешбарии номзад ҷамъоварӣ кунем”.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, моҳи апрел ҳангоми суханронӣ дар маросими 40-солагии ҲНИТ, гуфт, “ин давлат манзили шахсии касе нест, ки ҳар вақте хоҳад, меҳмон даъват кунад ва боз гусел кунаду калидро дар кисааш занад. Барои ин давлат 8 миллион аҳолӣ даъво дорад, ин хонаи ҳамаи мост”.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили парлумон, моҳи апрел дар нишасти Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” гуфт: “Шоҳидӣ медиҳам, моро наҳзати исломӣ сарнагун накард. Моро ягон демократ сарнагун накард. Моро худи Комитети марказӣ сарнагун кард. Моро Горбачеву Елтсин сарнагун кард...”

Ойниҳол Бобоназарова ҳангоми интихобаш ба ҳайси номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, дар моҳи сентябр гуфт: “Ман то ба имрӯз хилофи қонунҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ садо баланд кардаам. Барои дифоъ аз ҳуқуқи мазҳабӣ он Шӯрои уламо не, ҳамин сарлуч садо баланд кард”.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон, профессор, дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” ба масъалаи боздошти Зайд Саидов дахл карда, гуфт: “Ба фикри ман, раисиҷумҳур ба хотири паси панҷара шудани Зайд Саидов аз 300 то 500 ҳазор интихобкунандаи худро аз даст додааст. Ба хотири дубора баргардондани электорати худ, бояд Зайд Саидовро озод намуда, аз ӯ шахсан узр пурсад”.

Акнун, хонандаи азиз, давоми ин матлабро дар ихтиёри Шумо мегузорем ва мехоҳем бо кумакатон онро комилтар созем. Назару пешниҳодҳои худро метавонед дар пайи ин матлаб ва ё тариқи ozodagonweb@gmail.com ба мо фиристед.
Мӯҳр
Дар яке аз нишастхои матбуоти Раиси кумитаи дини назди Хукумат иброз дошта буд: "Намоз бояд тибки кодекси мехнати Чумхурии Точикистон хонда шавад". Ба фикрам ин на танхо дар таърихи мардуми точик, балки дар таърихи ислом бузургтарин навовари аст. Чаноби Холиков бо ин гуфтахо на танхо дар мазхаби Имоми Аъзам будани худро инкор карданд, балки Куронро хам инкор карданд. Бояд ин гуфтахо хам ба руйхати Шумо ворид шаванд.

О шумоен асосиашро аз хотир баровардаед. Ин гуфтахои Бег Зухуров: Пуля в кабел попала, Кто такой Цукерберг пуст ко мне придет в субботу. ва гайрахо.
Аз боло ба ман гуфтахои Турачонзода, Муъмин Каноат, Талбаков, Кабири ва Бобоназарова хуш омад. Хакикат дорад. Лек гуфтахои Усмон Солех як нав лагандбардорист.

Насибчон
Ба андешаам, суханони Саидчаъфар Исмонов раиси Хизби демократи Точикистон хам ба ин радда хамрох шуда метавонад. У хангоми пешбарии номзадиаш ба макоми раёсати чумхури ба пурсиши рузноманигорон дар бораи ин ки худи у дар интихобот ба ки ройъ хохад дод, чунин посух дода буд: Ман ба худам ройъ медихам, вале писарам мегуяд, ки ба Эмомали Рахмон ройъ медихад. Чомиаи мо демократи ва ман наметавонам мукобили хостаи у бошам..."

Яъкуб.
Ба мо (ХНИТ) фишор овардан маънои онро надорад, ки мо заиф шудаем, баръакс маънои онро дорад, ки ракибони мо заъиф шудаанд.Ин сухани М.Кабири ин харфхои мондагори таърих хаст.

Часур
ХХДТ дар ду руз ё ду соат 210 000 имзоро бо кадом рохо чамъ карданашонро нагуфтанд? Зури буд ё зори

чанобон, о шумо Додочони Атовулоро боз фаромуш намудед ку. Хохиш мекунам суханони уро низ кайд намоед.

дуст
суханони сархатиби дехаи чоркухро фаромуш накунед ,,агар дар пеши пои чаноби оли намоз гузори намозат кабул аст,,

Файз
Амонулозода дар як чаноза дар нохияи Рудаки аз он ёдовар шудааст, ки чаноби оли моро хидоят мекунад. Холонки хидоят танхо аз Чониби Худост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)