Бахшҳо
24 дек 2013 14:37Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Пулҷамъкунӣ аз хонандагон барои пардохти қарзи мактаб?

Бархе аз сокинони ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз роҳандозии “маърака”-и нави пулҷамъкунӣ дар макотиби миёнаи ин минтақа шикоят доранд.

Чанд тан аз сокинони ин ноҳия рӯзи 24 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, дар бархе аз макотиби миёнаи Қумсангир аз донишомӯзон аз 10 то 13 сомонӣ талаб доранд. Ба гуфтаи онҳо, мудирони таълимгоҳҳо гуфтаанд, ин маблағ барои баргардондани қарзи мактаб аз Шуъбаи маориф ҷамъоварӣ мешавад.

Яке аз донишомӯзони мактаби рақами 12-и ноҳияи Қумсангир, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, аз ҳамаи талабаҳо, новобаста аз синф ва вазъияти оилавии онҳо ба таври “иҷборӣ” муаллимон 13 сомонӣ талаб доранд. Ӯ мегӯяд, “раҳбарияти мактаб ҳаққи донишомӯзони аз оилаҳои камбизоат бударо аз ҳисоби кумакпулие меситонад, ки ҳар моҳ ба онҳо, дода мешавад.”

Ин сокинони ноҳияи Қумсангир илова мекунанд, ҷамъоварии маблағ аз донишомӯзон дар мактабҳои миёна дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамасола волидайни онҳо барои истифодаи китобҳои дарсӣ маблағи муайянеро пардохт мекунанд. Аммо масъулони Шуъбаи маорифи ноҳияи Қумсангир ин хабарро қотеона рад карда, гуфтанд, дар ягон мактаби ин минтақа аз донишомӯзон маблағ ҷамъ намекунанд.

Илчайзан Паллаева, мудири маорифи ноҳияи Қумсангир, гуфт, ӯ ҳеч гоҳ ба ин амали нангин роҳ намедиҳад ва аз раҳбарони макотиби миёнаи ин минтақа низ бовар дорад, ки ба ин роҳ намераванд.

Шикояти волидайни тоҷик аз болои раҳбарияти макотиби миёнаи кишвар барои "пулҷамъкунӣ"-ҳои беасос аз донишҷӯён бори аввал нест. Дар гузашта низ дақиқтараш моҳи майи соли ҷорӣ як гуруҳи сокинони маҳаллаи Истиқлоли ноҳияи Рӯдакӣ низ аз болои раҳбарияти мактаби №15- ин ноҳия шикоят карда, гуфта буданд, ки масъулини ин мактаб ба таври ғайриқонунӣ аз фарзандҳояшон пул талаб мекунанд.
Мӯҳр
падар
ин факат да кумсангир не балки дар хамаи точикистон хаст. масалан мактабхои 24 ва 22 нохияи фирдавсии Душшанбе низ барои таъмири мактаб гуфта аз талабахо пул чамъ каданд. маълум нест дар ин зимистон чихели таъмир аст, вале маълум аст ки барои дастархони соли нави муаллиму муаллимахост. албатта базе муалимхо аз синф баромада ягон муалими дигар медрояду ба чои у талбандаги мекунад ва насихат мекунад ин муаллим ба шумо дарс дод да ин соли нав ягончи харетон ё пул тиетон ва дар хмин ваки муалими ин синф дар синфи дига хамин гапро ба шогирдони вай дигараш мегуяд. бовар кунед ман дилам ба холи ин муалимхои бечора сухт чунки айби ин бечорахо не айби хукумат ки пули наг з наметияд ки бечорахо мисли ............талбандаги накунанд.

Дар душнанбе тамоман гузарондагиян. дарс мерафтем малимахо мегуфтанд пули мохро биёред мебурдем аз ноилоҷи. (20сомони). барои уборчиста(1сомони). рузи иди муаллимон (20-30сомони) зодрузи муалима(20-30сомони). солинави (20сомони (торт,ош,курутоб....)). наврузи (20сомони(торт,ош, курутоб...)). вакте охири соли хониш мешуд 20сомони барои ремонти мактаб. БАРОДАРО И ХАМАШ РОСТАЙ. вакте аз маориф одам меомад муалимо ба мо мегуфтанд ки бген мо пул наметем. Барои 1 талаба 140сомони чудо мешавад ягон дирамашро надидем. вакте пули мохро намедодем аз дарс сур мекадан. бо мегуфтанд бхонен барои хдтона мехонен тамоман дарси соз намедодан. ин хамаш дар макти 2шанбе шидагияй

Дар шароити хозира замон сериву пури аст,хамчун коркуни давлат хар як шахрванд маош мегирад аммо баъзе муаллимхо аз гадохам мегузаронанд.Яке аз муаллимхои мактаби миёнаи №172, нохияи Рудаки аз талабахо пурсидани на факат пул,хуроки нисфирузи,пули рейтинг(аз 5 сомони то 50 сомони талаб мекунанд)...!
Мачбур мекунанд,ки талаба пора дихад,агар надихад дар дигар синфхо пас мезананд,дар сахни мактаб талабаро пас зада бар холаш муаллимхо механданд,акалан халол дарс диханд талабахо 1 ё 2 соат хонда 4 соати дигар бекор мегарданд, холо он,ки ин донишгох нест мактаби миёна аст.Акалан вакти имтихон бошад,ки хурок ё пул баранд.

Хама мактабхои пойтахт аз дасти бесаводу порахурон валангор шуда истодаанд. Ба чи хол овардагиян Муалиму Муалимаро.

Икром
Холи угражаткуниву пулчамъкунира дар мактаби № 56 нохияи Рудаки бини. ай хар як кудаки синфи 1 пул мегиран. Бо доказать куну рузта бин. Чанд сол аст, ки мактаб месозем гуфта, пул чамъ мекунану квитансия метиян, катлаван канда шуд, пуло нобуду мактаб дар хич кучо. Талабахо бо каллахои каду. Дарсой иловагиш чи маъни дора намефахми. То рохбарой маориф рафтан дидан, хама хапу хомуш. аз чанд деха боз омада талабахо мехонан. 10 соли охир ягон тагирот нест ки нест. Вой бар холи мардум. Албатта бисёр бачахо аз бехуда гузарондани вакти худ дида, кушиш мекунан то синфи 9 хонану Россия ёдигар коро кати машугл шаван. Мо калоно насла ба ана хамин рохи бад равоан кардестем. Мо худамон ояндаи ваёра торик дорему хабар надорем.

Озодагон АХСАН барои дарди мардума гуш кардану фахмидан.

Мо дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №57 тахсил кардем.Аз он рузе,ки директор Собиров Рахмат ба мактаби мо омад,дар мактаб навигари ва ободихои зиёде шуд.Сафи талабагони бесавод ва саркаш кам гардид.Мо фахр мекунем,ки чунин шахс рохбари мактаб аст,аммо баъзе аз нотавонбинхо устоди моро дар сайтхо паст мекунанд.Мухтарам мудири маорифи нохияи Рудаки Назаров Ч.К. мо ба шумо ахсант мехонем,ки чунин шахсро рохбари мактаби мо кардаед.Ба гуфти игвогарон бовар накунед!

Мо хонандагони мактаби дехаи Чимтеппаи нохияи Рудаки аз он,ки устодони мо гуё пул мегиранд ва ё пора ва баъд бахо мемонанд, норохат хастем.Устодони мо гамхору мехрубонанд.Сухани тухматчиён дар бораи устодони мо асос надоранд!

Кометети махаллаи дехаи Чимтеппаи нохияи Рудаки, ки муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №57 чойгир аст аз он норохат хастем ки нисбати омузгорони муассисаи деха гурухи бадхохон чизхои нодурусте дар сайтхо чоп карданд.Мо бо бовари гуфта метавонем ки мардуми деха худ пешае ба даст гирифтанд ки мактабро обод созанд.Мардуми деха пулро ба дасти ягон омузгор намедиханд.Худи мо фонди махсусе барои ободии мактаб аз хисоби сохибкорон дорем.Мо аз он фонд муассисаи худро обод мекунем.Мактаби дехаи мо макони маърифат ва омузиш аст.Мухтарам мудири маорифи нохияи Рудаки Чумъа Назаров ба гапи тухматчиён бовар накунед.Худ маорифчии асил хастед ва кадрхои шумо низ бо фарханг ва саводнок хастанд.

карори раиси нохияи Рудаки оиди манъ кардани масчидхои гайрирасми дар нохияи Рудаки амали гашта истодаанд.Мувофики карори раиси нохия аз 2 сентябри соли 2015 он масчидхое ки гайри расмие ки дар нохияи Рудаки фаъолият мекарданд баста шуданд. Ин масчидхо ба ихтиёри муассисахо тахсилоти миёнаи умуми вобаста карда шудааст.Дар дехаи дарёбоди чамоати дехоти Рудаки як масчид ба ихтиёри муассиса тахсилоти миёнаи умумии №60 дода шудааст.Ахли чамоатчигии нохия карори раиси нохияи РУдакиро дастгири карда мехоханД, ки ин масчид ба муассиса тахсилоти миёнаи умумии №60 дода шавад ва маркази инкишофи кудакон дар ин чо ташкил карда шавад. Аллакай корхои аввали сохтмони дар ин деха ташкил карда шудааст.Ахолии дехаи дарёбоди чамоати Чимтеппа аз ин ташабусси раиси нохия ва раёсати маорифи нохияи Рудаки хело хушхол мебошад.

масчидхои гайри расми дар ихтиёри раёсати маорифи нохияи РУдаки дода щудааст.Бахри амали гаштани ин конуни раиси нохия раёсати маориф кушишхои хамарузаро амали мекунад.Чонишини раиси раёсати маорифи нохияи Рудаки Абдуллоева Ф. мехохад,ки хад чи зудтар ин конуни раиси нохия амали гардАд,[

Фируза Абдуллоева чун маорифчи дар нохияи рудаки сахми худро гузошта истодааст. Абдуллоева ХАмеша дар мади аввал дар ТОчикистон таълими тарбияи насли наврасро дар нохия дар мади аввал мегузорад.Хонандагони муассиса ояндасози миллат медонад.

ФИРУЗА абдуллоева рохбар ва дастгири маорифчиёни нохияи РУдаки шуда метавонад.Ин зани маорифпарвар солиёни зиёде дар сохахи маориф кор карда пешравии чомеаро дар таълиму тарбияи дурусти наврас мебинад.Пайваста ба он кушиш мекунад,ки омузгор дар чомеа сахм гузори асоси бошад хусусан дар нохияи РУДАКИ.Мо аз Фируза Абдуллоева умеди калон дорем бахри дастгири омузгорон дар нохия хизмати сазоворе мекунад.МО шогирдони муаллима дар соли нав тансихати ва тамоми хушихои зиндагиро таманно дорем.

Имруз дар нохияи Рудаки 133 масочиди гайрирасми фаъолият мекунад . Чандин масчиде ки ба ихтиёри раёсати маориф дода шудааст ,бо иси дастгирии муаллимон гаштааст.ДАр чамоати дехоти Чимтеппа 5 масчиди гайрирасми дар ихтиёри раёсати маориф дода шудааст.мардуми деха ин карори раиси нохияро дастгири менамоянд онхо ин икдомро дастгири намудаистодаанд намехоханд ки фарзандонащон дар шароити мусоид тахсил намоянд.мардуми дехаи дарёбод чамоати чимтеппа дастгир ва тарафдори карори хукумати нохия мебошад. МАКСАДИ мо саросар обод кардани ТОЧикистон аст.мО тарафдори раиси нохия ва чонишини раиси маорифи нохияи рудаки Фируза Абдуллоева МЕбошем.

Дар дехаи дарёбод дар муассисаи он зиёда аз хазор хонанда тахсил мекунанд. Он хонандагоне ки аз бустон саро то муасисса меоянд бора масофаи 5 км-ро тай намоянд. карори раиси нохия дар бораи муассисахои гаёри расми дар ихтиёри муассисаи таълими дода мардуми дехаро шод гардонид.мАрдуми дехаи дарёбод як масочидро ба маркази инкишофи кудакон табдил доданд ва мехоханд ки кудаконашон дигар барои тахсил масофаи дурро тай накунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)