Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:45

Аспи 20 000 долларии Рустами Эмомалӣ ба вакили қирғиз

24 декабр 2013, 16:39

Дар интернет навори видеоии тӯйи суннатӣ ё хатнасури писари Ҷиргалбек Самадов, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота-Журт”, чарх мезанад, ки баҳсҳои зиёдеро миёни корбарон ба миён гузоштааст.

Тӯйи писари ин намояндаи мардумии қирғиз муддати ду шабонарӯз идома ёфта, яке аз қазияҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин навор дида мешавад, чӣ гуна вакили парлумони Қирғизистон бахшида ба тӯйи суннатии писараш бозии бузкашиеро барпо намудааст, ки гуфта мешавад, дар таърихи ин навъи бозӣ амсоли он ангуштшумор мебошад.

Аксари корбарон ин амали намояндаи мардумии қирғизро зери бори танқид қарор дода, гуфтаанд, беҳтар мешуд, ӯ ин маблағро барои ятимон ва беморони бепарастор сарф мекард. Яке аз корбарон бо номи Канат Буржуев гуфтааст, “Самадов барои барпо кардани ин бозӣ ҳеч гуна маблағе аз ҳисоби худ хароҷот накарда, танҳо дӯстони қазоқи ӯ, барои баргузории ин “маърака”-и бузкашӣ беш аз 50 шутур туҳфа кардаанд.”

Инчунин, дар навори мазкур оид ба ҳаёт ва фаъолияти ин вакили парлумони Қирғизистон сухан рафта, тарзи зисту зиндагонӣ, хонаи бошукуҳ ва мошини гаронарзиши ӯ низ намоиш дода мешавад. Худи Самадов дар навори мазкур болои аспе савор аст, ки, ба қавли муаллифони видео, тахминан ду метр баландӣ дошта, ҳадди ақал 20 ҳазор доллар арзиш дорад. Ба гуфтаи вакили парлумони Қирғизистон, ин аспро Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳоло раҳбарии Хадамоти гумруки кишварро бар зимма дорад, ба ӯ туҳфа кардааст.

Дӯстии писари раисиҷумҳури Тоҷикистон бо вакили парлумони Қирғизистон дар ҳоле расонаӣ шуд, ки Ҷиргалбек Самадов пеш аз барпо шудани тӯйи суннатии писараш ба расонаҳо гуфта буд, ба ин маъракаи муҳиммаш беш аз 20 ҳазор меҳмон аз хориҷ ва дохили Қирғизистон даъват шудаанд. Самадов дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, яке аз меҳмонҳои олиқадри ӯ, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки худ ӯро шахсан даъват кардааст. Вале ҳоло маълум нест, Рустами Эмомалӣ оё дар ин рӯзи хурсандии дӯсти қирғизаш иштирок дошт, ё не.

Ин тӯйи суннатии писари панҷсолаи Ҷиргалбек Самадов рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Узгени вилояти Уши Қирғизистон баргузор шудааст.


Аспи 20 000 долларии Рустами Эмомалӣ ба вакили қирғиз

Аспи 20 000 долларии Рустами Эмомалӣ ба вакили қирғиз


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Арор

  • 24 декабр 2013 17:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шояд Сайфулло Сафаров дар бораи ин тухфа низ ягон бахона ёбад? Аз кучо 20 000 дол? Маошаш чанд боша?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам рузноманигорони Озодагон! Аз ин хол, муред бехтар аст.
Посух додан
  • Москва

  • 25 декабр 2013 03:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Как в дореволюционной Средней Азии. Сын одного местного хана подарил коня сыну юзбаши другого ханства.
Посух додан
  • Чамшед

  • 25 декабр 2013 08:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ростгуй,Айб аст намедонанд чи тавр танкид кунанд. Дигар гапу бахона наёфтед? Муред шумо ба ин холтон. Точик аз аввали таърих хамин хел, Худ куши душманпараст буданд мемонанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафаров дар ҳангомасозӣ усто мебошад, вале дар таҳлили ягон масъалаи муҳими дохилӣ ва албатта хориҷӣ бечора он қадар саводи кофӣ надорад
Посух додан
  • вв

  • 25 декабр 2013 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Чиргалбекаш е наркобарон аст, е бензин-контрабандист.
Посух додан
  • salm

  • 25 декабр 2013 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин камтарин гунохе ки принц кардааст

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!