Бахшҳо

Зариф: "Силоҳи атомӣ ҳеч ҷойгоҳе дар доктринаи дифоии Эрон надорад"

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, гуфта, ки силоҳи атомӣ ё ҳастаӣ ҳеч ҷойгоҳе дар доктринаи дифоии Теҳрон надорад ва онро, баръакс, бар зарари манфиатҳои миллӣ медонанд. Оқои Зариф ин ҳарфҳоро дар дидори худ бо аъзои кумитаи Эрон дар порлумони Аврупо, баён доштааст.

Аъзои ин кумита ба раҳбарии хонум Гронберг дар пайи дидорҳои худ дар Теҳрон бо Муҳҳамадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон низ вохӯрӣ кардаанд. Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба собиқаи таърихӣ ва деринаи равобити ин кишвар бо мамолики аврупоӣ, Иттиҳодияи Аврупоро шарики иқтисодии Теҳрон хондааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, вай дар идома гуфтааст, “ғарбиҳо бояд ба воқеияти Эрон дар партави ҳузури густардаи мардум дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, таваҷҷуҳ кунанд ва ба шаъни миллати Эрон, бо тамаддуне куҳан ва чандин ҳазорсола ва фарҳанги ғании исломӣ ва эронии он, ба дидаи эҳтиром нигаранд.” Муҳаммадҷавод Зариф афзудааст, худи давлатмардони аврупоӣ ва амрикоӣ низ ба нокоромадии истифода аз таҳдид ва таҳрим пай бурдаанд ва ҳамин амр сабаби вуруди ду тараф ба музокира дар баҳси ҳастаӣ шудааст.

Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба созандагӣ дар давоми даврони беш аз 30 соли гузашта ва баргузории интихоботи зиёд ва барқарор шудани низоми мардумсолории динӣ, Эронро кишваре ғанӣ аз ҳамаи ҷанбаҳои инсонӣ ва моддӣ, бо бархӯрдорӣ аз зарфиятҳои густарда донистааст. Вай афзудааст, “низоми мардумсолорӣ дар Эрон, дар минтақае, ки ҳаргуна тағйир ва таҳаввулоти сиёсӣ дар бисёре аз кишварҳои он бо шеваҳои ғайридемократӣ сурат мепазирад, як падидаи камназир аст.”

Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст, дар Эрон ба монанди бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, усул ва пояҳои собите дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад ва мушорикати густардаи мардум дар интихобот ва иштироки мустақими онҳо дар таъини сарнавишти сиёсӣ дар сиёсатгузорӣ ва равобити хориҷии кишвар, ҳамчунин тақвияту густариши равобит бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, таъсиргузор будааст. Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ин дидор мавзеи усулии Ҷумҳурии Исломӣ барои ҳаллу фасли буҳрони Сурия аз тариқи сиёсӣ ва шеваи демократӣ, бидуни мудохилаи хориҷиро унвон кард ва гуфт: “Дар ҳар гуна роҳкоре, ин мардуми Сурия ҳастанд, ки бояд барои сарнавишти сиёсӣ ва ояндаи худ тасмим гиранд ва Эрон ҳам аз ҳар гуна талош ва ибтикоре дар ин росто, ҳимоят мекунад.”

Хонуми Морё Гронберг, раиси ҳайати порлумони Аврупо дар навбати худ изҳори умедворӣ кардааст, ки шоҳиди идома ва густариши чунин гуфтугӯҳо хоҳад шуд. Вай дар идома Эронро кишваре муҳим ва таъсиргузор дар бахши таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ тавсиф карда, афзудааст, “кишварҳои аврупоӣ ва Иттиҳодияи аврупоӣ барои Эрон дар раванди ин тағйир ва таҳаввулот, нақши босазое қоил аст.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)