Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:32

Роҳат Алиев: Дар баҳсҳои додгоҳӣ ширкат мекунам

24 декабр 2013, 18:56

Роҳат Алиев, домоди собиқи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз омодагӣ барои суханронӣ дар қазияи додгоҳии куштори Олтинбек Сарсонбоев тавассути видеоконфронс хабар додааст.

“Ман омодаам дар ин баҳси додгоҳӣ ширкат кунам, чӣ дар Амрико ва чӣ дар Қазоқистону Аврупо. Ман барои адлияи Аврупо дастрас ҳастам. Омодаам тавассути конфронс, видеоконфронс ширкат намуда, ба тамоми саволҳо ҷавоб гӯям”, -гуфтааст Алиев дар суҳбат бо шабакаи телевизионии А24-и Русия.

Роҳат Алиев иттиҳомоти мақомоти Қазоқистонро “провокатсия” номидааст. “Моҳи январ як нишасти хабарӣ доир намуда вобаста ба ин масъалаҳо ва нақшаҳоям ҳарф мезанам. Кушиш мекунам, далелҳои қатъие аз қабили навори аудио пешниҳод созам”,-гуфтааст ӯ.

20 декабр Додситони кулли Қазоқистон Роҳат Алиевро дар куштори Олтинбек Сарсонбоев, яке аз мухолифони ин кишвар дар соли 2006 муттаҳам кард. Додситони кулл гуфт, ин маълумотро аз Рустам Иброҳимов, ки ба гуфтаи мақомот дар ин ҷиноят даст дорад, дарёфт кардааст. Ба иттилои манбаъ, маълумот дар мавриди фармоишгари ин ҷиноят будани Роҳат Алиевро ҳанӯз моҳи апрели соли 2012 рӯи даст доштанд ва танҳо баъди он ки ин фарзия ба пуррагӣ тасдиқи худро ёфт, онро эълон карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!