Бахшҳо
24 дек 2013 20:41Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳукумати Душанбе аз 1 январ нархи обро боло мебарад

Шаҳрдории Душанбе эълон намуд, ки сар аз 1-уми январи соли 2014-ум нархи об дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 20 дарсад боло меравад.

Ба иттилои манбаъ нархҳои нав бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мувофиқа шуда, аз 1-уми январи соли 2014 сокинони Душанбе, ки ҳисобкунак доранд, барои ҳар метри мукааби оби нӯшокӣ 0,3068 сомонӣ, оби ихроҷӣ 0,1121 сомонӣ ва дар маҷмуъ 0,4169 сомонӣ пардохт мекунанд. Тибқи нархҳои соли 2011-ум муайянгардида, ин нишондод 0,32 сомониро ташкил медод.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, аз сокинони хонаҳои аз 1 то 12 ошёна, ки обҳисобкунак надоранд, дар як моҳ барои оби нӯшокӣ 3,3 сомонӣ, оби ихроҷӣ 1,23 сомонӣ ва ҳамагӣ 4,546 сомонӣ ситонда мешаванд. То ҳол ин нарх баробари 3,5 сомонӣ буд.

Аз сокиноне, ки ҳисобкунак надоранду дар биноҳои баландтар аз 12-ошёна истиқомат доранд, барои оби нӯшокию ихроҷӣ дар як моҳ ба ҷои 4,38 сомонии ҳозира, аз 1-уми январи соли 2014, 5,695 сомонӣ ситонда мешавад.

Сар аз 1-уми январи соли 2014 барои корхонаҳои буҷавӣ нархи як метри мукааби оби нӯшокӣ 0,944 сомонӣ, оби ихроҷӣ 0,4248 ва дар маҷмуъ 1,3688 сомониро ташкил медиҳад. Нархи як метри мукааби оби нӯшокӣ барои корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,36 сомонӣ, оби ихроҷӣ -1,239 сомонӣ ва дар маҷмуъ 3,599 сомонӣ муайян шудааст. Ин нишондод то ҳол ба 2,71 сомонӣ баробар буд.

Ба иттилои манбаъ нархи об барои хобгоҳҳои умумӣ ба ҷои 2,9 сомонии ҳозира, 3,77 сомонӣ муайян гардидааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, барои хонаҳои маҳаллие, ки ба коррези шаҳр пайвастаанд, нархи об ба ҷои 2,02 сомонии феълӣ 2,637 сомонӣ муайян гардидааст.

Мӯҳр
ба фикрам ки оба ба доллар харидестан чи !

ба фиркм обро аз расия мехаранд. Даъво мекнан мо об дорем неки и нархи ова бинен ууу хди осмондай. ак ба 500 сомонияк маош чум рахпули кнем ё ба писари донишчум бтм дарс брава ё орду руган бхарм? карочи зиндаги када намеша РАСИЯ мерам РАСИЯ. во

Инхо бачои сабукдуши овардан ба сари халк якбора вазбини оварда истодаанд руз то руз. Ба маоше ки шумо ба халк медихед хатто рох пули намешавад..доооод аз дасти ин хукумат!!

дар хона нони мехурдани нест хукумат нархи оба мебардоштай чихелайки хаму оба кок куне яке бе об зиндаги карда мешава .

админ бо проверка мекардай ки яке гапои роста занем опубликаватш намекардай

модарам да баниса адарам пенсионер пули мусор об хама карз ису свет ман дар мухочират хок бар сар калоно

рости ман ба хотири модару падарам зиндаги дорам. худо накунад баз аз сари онхо кадамамро дар точсикистон намегузорам

да дил алами бисерай ба кира гум и аламе ки ма дорум хамсоя ду баробар зиед дора 7 фоизи точсикистон бояну мондаги кашок нархи оба бардоре намоне ки як камбагал об хурад

дар ш вахдат обро бо долар харидостем сари хар як одам 8 .5 сомон .

..озодагон.. . хакикатро чоп намекуни

об кимат шава свет кимат шава и мардум ай кчо миёфта боша

Як чизи дигар хам наситонда мондааст аз халки бечора ин хам бошад, ягона чони азизи мардум. Дар ин чо ман якумам чонамро дихам. Ашхаду аллох илоха иллаллох ва ашхаду анна Мухаммадаррасулуллох.

дилсуз
э халк таёритона бинед, ки барк хам киммат мешавад
15 дирам/кв.с

Ба фикрам бо ин роҳ мардуми Душанберо ба рустоҳо мекучонанду мардуми Данғара-ро ба New City.
Дигар роҳ нест

Хасан
Точикистон, ки аз об бой аст, баръакс бояд арзон кунанд, кимат карда истодаанд. Бо чунин рафтор хуни халка мехуранд, чунин рафтан гирад солхои наздик дар кишвари мо чанг хохад шуд

Ба фикрум скоро хавое ки нафас мекашем пул кати мешава...

123
Як калон гуфта буд ки касе ки пул надорад дар душанбе зиндаги накунад ана худ хулоса бароред.Ба чои менечменти хуб кардану рахои ефтан рохи осонакак яъне нархро баланд мекунем масала хал.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)