Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:59

«Агар ҷонибдорони Худойбердиевро авф мекунед…»

6 август 2011, 06:33

Қонуни авфи навбвтӣ баҳсҳои ҷидиеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард.


ПРЕЗИДЕНТ Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июли соли ҷорӣ тарҳи қонун "Дар бораи авф"-ро ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ироа намуд. Ин қонуни авф, ки дар муддати 20 соли истиқлолият 12 -умин авф ҳисоб меёбад, ба муносибати 20 солагии истиқлоли кишвар эълон шуда, ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон "авфи тиллоӣ" ба ҳисоб меравад. Интизор меравад он дар баробари бештар аз 15 ҳазор нафар маҳбусон ва гумонбарону айбдоршавандаҳо татбиқ гардад. Бино бар маълумоти хадамоти матбуотии раисҷумҳур дар сурати қабули қонун мушахасан 5 ҳазор нафар раҳо ёфта, наздики 2 ҳазору чаҳорсад нафаре, ки ба ҷазои ҷиноӣ бидуни маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, авф мешаванд. Ҳамчунин бар асоси лоиҳаи қонуни ҷадид мўҳлати адои ҷазои дигарон коҳиш хоҳад ёфт.

Кӣ озод мешавад?
Тарҳи қонун  "Дар бораи авф" пешбинӣ намудааст, ки нахуст занҳо, кўдакони ноболиғ, ҷавонон, маъюбони гурўҳи 1, 2 ва 3, гирифторони беморихои сил, мардони синнашон аз 55 боло, иштирокчиёни садамаи Чернобил, Ҷанги Бузурги Ватаниву дигар нафарони соҳиби мукофотҳои давлатӣ, нафароне, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ ва ё худсарона қисми ҳарбиро тарк кардаанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди мубтало ба бемориҳои саратон, сил, дил ва шуш ва нафароне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, мавриди авф қарор бигиранд. Илова бар ин, шаҳрвандоне, ки барои аввалин маротиба ҷинояти сабук ва ё миёна содир кардаанду ба мўҳлати 5 сол равонаи зиндон гардидаанд, ҳатман авф хоҳанд шуд.

Тибқи қонуни мазкур аъзои аҳзоб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабии ғайриқонунӣ, ки барои ифротгароӣ то ба 5 сол зиндонӣ шудаанду аз се ду ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, дар сурати содир накардани ҷинояти марбут ба қатли одам, тероризм, ҷосусӣ ва тахрибкорӣ мавриди авф қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон зиндониёне, ки аз сабаби ширкат дар исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, навоҳии Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода, ҳамлаи мусаллаҳона ба вилояти Суғд дар соли 1998 маҳкум шудаанду аз ду 1 ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд, раҳо хоҳанд шуд.

Раҳоии ҷонибдорони Худойбердиев ва вокуниши ҷомеа
Бояд зикр намуд, ки пас аз эълони авфи мазкур бахусус сару садо атрофи тасмими раҳо кардани ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев, ки моҳи ноябри соли 1998 ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷуми мусаллаҳона карда буданд, зиёд шудааст. Аз лоиҳаи қонуни авф бармеояд, ки на худи Худойбердиев ва дигар раҳбарони он замон дастдоштаи ин ҳамла мавриди авф қарор мегиранд. Бовуҷуд сару садое баланд шудааст, ки ҳукумат тарафдорони Маҳмуд Худойбердиевро раҳо карда, аммо дар робита ба озодшавии собиқ размандагони мухолифин ва намояндагони Фронти халқӣ тадбире наандешидааст. Аҷиб он аст, ки собиқ мухолифони ҳукумати Тоҷикистон бо ҷиноятҳои сабуктар аз ҷонибдрони Худойбердиев мавриди авф қарор намегиранд.

Ба ҳар сурат дар ҳоли баррасии тарҳи қонун дар парлумон ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор ҳоҳем дод, мегўяд вакили ҲНИТ дар парлумон Сайидумар Ҳусайнӣ.

Нигаронии маҳбусон аз тарҳи қонун, шикояти онҳо ба вакилони мардумӣ
Зимнан, дар робита ба раҳо гардидани ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиев гурўҳе аз маҳбусони тоҷик ба унвони вакилони мардумӣ нома навишта, дар он дархост намудаанд то ба нисбати сарнавишти онҳо бетаваҷҷўҳӣ зоҳир нашавад. Ин мактуб аз номи беш аз 140 маҳкумшудаи муассисаи ислоҳии я/с 3/7 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Маҳбусон менависанд, ки аз ироа гардидани лоиҳаи қонун тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳӣ ёфта, иқдоми сарвари давлатро як амали нек ва инсондўстона арзёбӣ кардаанд. Дар муроҷиати худ маҳбусони тоҷик навиштаанд, ки "мутаассифона аз нигоҳи аввал тарҳи қонун бисёр комил ба назар мерасад. Дар ибтидои лоиҳаи қонуни мазкур омадааст, ки ҳамаи иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо низ шомили он ҳастем, мавриди авфи навбатӣ қарор хоҳем гирифт, аз ҷазоҳои ҷиноятӣ новобаста ба категорияҳои он озод мегардидаем. Мутаассифона, дар қисмҳои минбаъдаи лоиҳаи қонун татбиқи он бо овардани ибораи "ба истиснои…" як-як рад ва инкор карда мешавад".

Маҳбусон менависанд, ки вакилони мардумӣ бевосита шоҳиди он буданд, ки дар соли 1990 аксари мардуми кишвар бо хост ва ишораи як идаи муаяйни ҷангҷўён амал мекарданд. Аз ин хотир вакилонро лозим аст дар баробари раҳоии ҷонибдорони Худойбердиев дар мавриди озод кардани тарафдорони мухолифин низ чораҳои зарурӣ андешанд. "Албатта, бо ин нома хостори он нестем, ки ҷонибдорони Худойбердиев раҳо наёбанд, аммо дар баробари озодии онҳо зиндонӣ будани мо низ аз рўи адолат нест", мегўянд маҳбусони муассисаи ислоҳии я/с 3/7 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар охир маҳбусон аз вакилони мардуми даъват ба амал овардаанд, то зимни баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи авф" ба саросемагӣ роҳ надода, паҳлўҳои онро таҳлил намоянд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари коршиносон вакилон наметавонанд қонунро дар шакли дигар қабул намоянд. Зеро тарҳи қонун аз ҷониби раисҷумҳур пешниҳод гардидааст.

Авфҳои "тилоӣ"-и Тоҷикистон
Бояд гуфт, давоми 20 соли истиқлол ин авфи 12-умин аст, ки мавриди иҷо қарор мегирад. Қаблан авфи "тилоӣ" соли 2009 ба шарофати соли имоми Аъзам ва 15-умин солгарди сарқонуни Тоҷикистон татбиқ шуда, ба 10 ҳазор нафар дахл дошт. Он замон аз 10 ҳазор нафар маҳбуси авф гардида 4 ҳазор нафар раҳоӣ ёфтанд. Аммо ин навбат авф ба муносибати 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова бар ин назар аст, ки фарқият миёни ду авфи "тилоӣ"-ро аз авфҳои "оддӣ" намебинад. Авф, авф аст. "Ман фарқияте барои татбиқ намудани он намебинам. Сухан ҳатто дар мавриди шумора намеравад. Гап сари он аст, ки мо киро авф мекунем" мегўяд ў.

Ҳуқуқшиноси тоҷик мегўяд, ки беҳтар мебуд агар дар авфи навбатӣ ҳукумати Тоҷикистон ба нафароне, ки маҳбусони сиёсӣ дониста мешаванд, ба онҳо низ дахл мекард. Зеро Муҳаммадрўзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва Ёқуб Салимов аз чеҳраҳои шинохтаи матраҳ дар Тоҷикистон буда, дар ҳоли ҳозир барои ҷомеа хатар надоранд, илова намуд Бобоназарова. Ҳукумати Тоҷикистон бояд таҳаммулпазирӣ дар баробари рақибонро аз худ карда бошад. Дар сурати дигар авфи мазкур аз авфҳои қаблӣ факрқияте надорад. Зеро бо зиёд шудани теъдоди авфшавандагон наметавон гуфт, ки он одилона сурат мегирад. Фаъолияти системаи додгоҳии мо барои ҳама маълум аст. Феълан дар маҳбасхонаҳои кишвар афроди зиёде ҳастанд, ки аз рўйи адолат зиндонӣ нашуда, додрасҳо ба онҳо ҳукм-соли зиёд додаанд. Аз ин рў бо эълон намудани он, ки ҷангҷуёне, ки аз 4-3 қисми ҷазояшонро адо кардаанду раҳо меёбанд, мо натиҷаи мусбатро намебинем. Дар Тоҷикистон ҳастанд нафароне, ки бо содир кардани ҷиноятҳои на он қадар вазнин ба муддати 25 сол равонаи зиндон гардидаанд, ки ин имконияти ислоҳ гардидани маҳбусро аз байн мебарад. Дар ин маврид бахши додгоҳии Тоҷикистон бояд аз ҳамтоёни хориҷиашон ибрат бигиранд. Дар давлатҳои дигар ҳангоми баррасии парванда муфаттиш паҳлўҳои мусбат ва манфии амали гумонбарро дида мебарояд, ки ин дар мо баръакс аст. Мо зимни баррасии парванда ва баровардани ҳукм танҳо ба паҳлўҳои манфии амали содиршуда аҳамият медиҳем, мегўяд Ойниҳол Бобоназарова.

Авф бар ивази ришва?
Ҳуқуқшиноси тоҷик мегўяд, ки албатта аз озодии шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр хушҳол буда, беҳтар мебуд агар ҳукумат дар мавриди аз зиндон раҳо кардани маҳбусони ҷинояти иқтисодӣ низ чора андешад. Зеро аз нигоҳ доштани онҳо фоидае набуда, ба манфиат мебуд агар мо онҳоро ба монанди дигар кишварҳои ҷарима мебастем, ки ин суде барои давлат хоҳад буд.
Илова бар ин Ойниҳол Бобоназарова бар ин назар аст, ки пас аз эълони авф ба муносибати 20-солагии истиқлол ҳукумати Тоҷикистон бояд дар мавриди татбиқ намудани он чораҳои қатъӣ андешад. Зеро бо амалӣ намудани авфҳои қаблӣ сару садо дар ҷомеа атрофи авҷи фасод низ зиёд гашта буд. Агарчӣ то имрўз аз ҳолатҳои порагирӣ барои раҳоии маҳбусон далеле нест, вале ҳукумати Тоҷикистон бояд ин навбат садди роҳи чунин ришваситонӣ бошад. Ҳуқуқшиноси тоҷик пешниҳод намуд, то аз ҷониби ҳукумати кишвар бо шумули намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорону кормандони давлатӣ комиссияи махсусе барои назорат аз раванди авф таъсис дода шавад. То тамоми арзу шикояти мардум ва маҳбусонро комиссия қабл ва пас аз анҷоми авф таҳлил намуда, хулосаҳои худро барои намуна ва ё ислоҳ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳумайрои Бахтиёр{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!