Бахшҳо

Муовини вазири рушди иқтисод: “Вабои иқтисоди мо фасод аст...”

Дар анҷоми назарпурсии “Озодагон” оид ба мушкилот ва дастовардҳои иқтисодии кишвар, муовини вазири рушди иқтисод Умед Давлатзод низ андешаи худро иброз намуд. “Ман кӯшиш мекунам, ба суолҳои Шумо ҳамчун корманди давлатӣ дар блоки иқтисодии ҳукумат ҷавоб диҳам”,-гуфт ӯ.


Ба андешаи муовини вазир, дар соли 2013 чанд воқеа дар сатҳҳои гуногун рух дод, ки қобили қайд мебошанд: “Пеш аз ҳама, дар сатҳи ҷаҳонӣ – мо ба Созмони ҷаҳонии савдо дохил шудем. Дар хусуси ҷиҳатҳои мусбату манфии ин раванд зиёд гуфтаву навишта шудааст. Бинобар ин, дубора сари ин масъала намеистам. Танҳо қайд мекунам, ки ҳоло мо бояд кори зиёде барои мувофиқ кардани қонунҳои дохилии кишвар ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо анҷом шавад, то кишвар аз узвияташ дар ин созмон ба ҳадди аксар фоида бинад. Дувум – баргузории ҷаласаи идоравии Бонки исломии рушд дар Душанбе. Шояд нафаре бо хондани ин суханон хандад ва ба дастовард будани он шак орад. Аммо мутмаинам, ки гирифтани маълумоти комил дар бораи имконот ва потенсиали иқтисоди ҷумҳурӣ барои ин бонк худ дастовард аст. Саввум – вазорати мо дар ҳамдастӣ бо минтақаи иқтисодии озоди “Ишкошим”, ҳукумати маҳаллии Бадахшон ва дастгирии шарикони мо оид ба рушд, дар Бадахшон аввалин Форуми байналхалқии иқтисодиро баргузор намуд. Ин чорабинӣ бобарор буд, чун масоили зиёде оиди имконоти рушди минтақаи “Ишкошим” ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд. Ба таври дигар гӯем, дар форум бештар ҷиҳати амалӣ дошт, то назариявӣ. Аксари пешниҳодҳо дар ин форум барои баҳс дар ҷаласаи 12-ми Шӯрои маслиҳатӣ дар назди президенти Тоҷикистон оиди беҳтар гардондани муҳити сармоягузорӣ буданд. Пас аз воқеаҳои Хоруғ дар соли гузашта (ки на ҳамеша аз ҷониби расонаҳо ва доираҳои манфиатдор дуруст муаррифӣ шуда ва обрӯи муҳити кории Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ поин бурд), бо гузарондани ин форум мо тавонистем исбот кунем, ки ин амалиёт як иқдоми зарурӣ буд барои барқарор намудани волоияти қонун, ки аз ҷониби сокинони Бадахшон низ дастгирӣ ёфт. Аллакай пас аз як сол мо шоҳиди онем, ки ҳолати вилоят ором ва мувофиқ барои ҷалби сармояи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мебошад. Ҷойҳои нави корӣ сохта мешаванд, инфраструктураи сайёҳӣ рушд меёбад. Бо ин раванд, Бадахшон метавонад дар ояндаи наздик дарвозаи тилоии Тоҷикистон гардад.”

Озодагон: Дар ин сол мо тавонистем сармояи хориҷиро бештар ба кишвар ҷалб кунем?

Умед Давлатзод: “Ҷалби сармояи хориҷиро ҳамчун дафъи бало ва ҳалли ҳама мушкилот пиндоштан нашояд. Чуноне мегӯянд, бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Баҳое, ки Бонки ҷаҳонӣ дар доираи раддабандии Doing business 2014 ба Тоҷикистон додааст, нишон медиҳад, ки мо нисбат ба соли гузашта ду сатр поин рафтаем. Бо қабул намудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, мо бояд иҷрои онро низ таъмин намоем. Аз нуқтаи назари коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, маҳз аз ҳамин лиҳоз мо мушкил дорем. Аммо танҳо бо тағйироти сохторӣ ва ҳуҷҷатгузориҳо наметавон ҷалби сармояи хориҷиро таъмин кард. Иқтисоди мо, ки хурд аст, ба ҳар тағйироти дохилию хориҷӣ ҳассос аст. То вақте ки мо истиқлоли энергетикӣ надошта бошем, роҳҳои дигар ва алтернативӣ барои рафтуомад бо ҷаҳони хориҷ насозем, дар бораи хуб шудани фазои сармоягузории кишвар чизе гуфта намешавад. Тӯли ним сол мо камбуди нерӯ ва энержӣ дорем ва дар чунин муҳит ягон таҷҳизоту технологияи нав, бо ҳар шароити барои мо муфид оварда нашуда бошад ҳам, бо тамоми қудрат кор карда наметавонад. Чунин ҳолат барои ягон сармоягузор ҷолиб нест. Бинобар ин, расидан ба мақсадҳое, ки дар Дурнамои миллии рушд то соли 2015 ҳаст, барои давраи ояндаи миёна низ мавзӯи рӯз хоҳад монд.”

Озодагон: Оё барои фаъолияти ҳама шаклҳои соҳибкорӣ, новобаста аз моликият ва шахсияти соҳибон, шароит муҳайёст?

Умед Давлатзод: “Дар ҷавоб ба ин суол бояд гӯям, ки ин масъала аз ду ҷиҳат бояд баррасӣ шавад: ҳуқуқӣ (де-юре) ва амалӣ (де-факто). Аз рӯи нуқтаи назари аввал, шароит барои ҳама баробар муҳайё мебошад. Дар амалия бошад, бисёр масъалаҳо аз курсинишиноне бастагӣ дорад, ки масъулияти иҷрои конунҳои зидахл ба уҳдаи онҳост. Ҳукумат шароити баробари ҳуқуқиро муҳайё намудааст, аммо мафкураи соҳибкорон, ки дар симои ҳукумат рақиби худро мебинанд, барои ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатии зидахле, ки муваззафанд паёмадҳои манфиро бартараф намоянд, халал мерасонад. Ба таври дигар, агар амалдоре аз доираи ваколати худ берун равад, камтар соҳибкоре корро то охир расонда ва аз рӯи ин амалдор шикоят мебарад.”

Озодагон: Дар ҷумҳурӣ рушди ҳақиқии иқтисодӣ дида мешавад?

Умед Давлатзод: “Агарчӣ мухолифони ҳукумат нишондоди омории ҳукуматро зери суол мегузоранд, ҳатто омӯзишҳои созмонҳои ҷаҳонии мустақил низ нишон медиҳанд, ки ҷиҳатҳои мусбат ва рушди иқтисод ҳастанд. Аммо, мутаассифона, дар расонаҳои мустақили кишвар ин натиҷаҳо нишон дода намешаванд. Як қисми расонаҳо танҳо ҷиҳати манфиро мегӯянд, гуруҳи дигар – танҳо мусбатро; дар ҳоле ки ҳаёт рангоранг аст ва ҳарду ҷиҳатро бояд ҳамчун ҷузъҳои як кулл нишон дод. Ҳоло вазорати мо дар назди худ мақсад гузоштааст аз афзоиши нишондоди иқтисодӣ ба рушду тараққиёти иқтисод гузарад. Фарқи ин ду, қабл аз ҳама, дар сифат аст. Мақсад ҳамин аст, ки аҳолӣ на фақат рушди миқдории иқтисодро ҳис кунад, балки осонии дастрасӣ ба хадамоти давлатӣ, иҷтимоӣ, манзилию коммуналӣ ва боло рафтани сифати ин хизматрасониҳо ҷой дошта бошад. Ҷомаи амал пӯшидани Дурнамои боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 роҳро барои ислоҳоти иқтисодӣ кушод, ки бояд шароити ҳақиқиро барои шаклгирӣ ва рушди синфи миёна муҳайё кунад. Худи ин ки зарурати ин ислоҳот эътироф шуда ва дар дурнамо ҳаст, аллакай нишондиҳандаи он аст, ки иқтисоди кишвар дар раванди дуруст рушд меёбад. Албатта, мушкилот ҳастанд, аммо вектор дуруст интихоб шудааст.”

Озодагон: Кадом омилҳо боиси пасрафт ё ақибмонии иқтисод мебошанд?

Умед Давлатзод: “Ба андешаи ман, вабои иқтисоди мо фасод аст. Решакан кардани он дар ягон ҷои ҷаҳон имкон надодааст, аммо онро ба ҳадди ақал расондан мумкин аст. Мо дар хусуси механизми ҳисобот, шаффофияти харидҳо, муомилот ва хадамоти давлатӣ ва ғайра мегӯем. Аммо бидуни кадрҳои хуби хидмати давлатӣ, ки қабл аз ҳама ҳавасманд бошанд, мо ба мақсадҳои гузошташуда намерасем, чунки дар менеҷмент касе аҳроми Маслоуро рад накардааст. Дар амалия, сатҳи даромади соҳибкорӣ мутахассисони ҷавонро бештар ҷалб мекунад. Дар ин соҳа ҳукумат чораҳои зиёд меандешад: маоши кормандони давлатӣ доиман баланд бардошта мешавад, манзили истиқоматӣ дода мешавад, барои бозомӯзӣ ба хориҷи кишвар равон мекунанд, аммо натиҷаи ин чорабиниҳоро мо дертар хоҳем дид. Ҳамин тавр, дар низоми хидмати давлатӣ кормандони аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил пайдо мешаванд, ки қадами муҳиме барои бартараф намудани фасод миёни амалдорон хоҳад буд. Аммо, дар баробари ин, бояд ҷазо низ пешбинӣ шавад. Агар мо ҷамъиятеро шакл надиҳем, ки ҳуқуқи худро ҳамчун соҳибмулк ва истеъмолгар ҳифз мекунад, мо насле аз ҷавононро бо мафкураи фасодзада хоҳем дошт. Мушкили дигарро барои рушди иқтисодӣ ман дар таъсири беруна мебинам. Азбаски иқтисоди мо хурд ва кушода аст ва асосан молу коло ва хадамот аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ҳар тағйирот дар конъюнктураи ҷаҳонӣ дар даромад ва сатҳи зиндагии Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт. Мо бояд тағйироти вазъро пешгӯӣ намуда, ба он омодагӣ бинем, на ин ки пас аз рух додани ҳаводис чора андешем. Масъалаи саввум шаффофияти молиявӣ аст. Мо оид ба иқтисоди бозаргонӣ мегӯем, шароити лозимро барои шаклгирии муҳити бозор муҳайё кардем, аммо раванди гузариш ҳанӯз давом дорад. Корхонаҳои зиёд дар кишвар то ҳол ба стандартҳои ҷаҳонии ҳисобдорӣ нагузаштаанд ё дар ҳоли гузаришанд. Ин стандартҳо кам-кам дар ҳама шаклҳои моликият ҷорӣ мешаванд, аммо ҳоло ҳама корхонаҳоро дар бар нагирифта аст ва мо дар соҳаи таҳлилҳои макроэкономӣ ва пешгӯиҳо маълумоти то ҷое нодуруст мегирем.”

Озодагон: Мушкили амалиёти рейдерӣ, ки дар он шахсони соҳибқудрат корхонаҳоро забт мекунанд, ҳал шудааст?

Умед Давлатзод: “Ҷавоб ба ин суол то ҷое дар суоли пештара ҳаст, яъне, аз он бастагӣ дорад, ки ҳисоботи корхонаҳо ба ҳукумат ва ҷамъият то куҷо шаффофанд. Амалиёти рейдерӣ ҷиҳати дигар низ доранд. Мо дар бораи соҳибони баъзе корхонаҳо танҳо пас аз забт шудани ин корхонаҳо хабардор мешавем. Ҳоло мо ба даврае қадам мегузорем, ки дар он масъулияти иҷтимоии сармоя муҳим ва лозимӣ аст. Кам-кам механизми ҳамкории ҳукумат бо соҳибкорон амалӣ мешавад, шўрои зидахл созмон шудааст. Аммо механизми идораи корпоративӣ на дар ҳама корхонаҳои холдингӣ амалӣ мешавад. Корхонаҳое, ки ба гурўҳи мушаххаси сармоягузорон тааллуқ доранд, аз нуқтаи назари қонунӣ ба тартиб дароварда нашудаанд. Барои ин, бояд қонунгузорӣ дар соҳаи холдингӣ омода шавад, то мо тавонем дар шўрои роҳбарони ширкатҳои муҳими стратегӣ ва таъсиргузор ба ин ё он соҳаи иқтисод намояндаи ҳукуматро дошта бошем. Масъалаи дигари ҳалталаб ин озодии хориҷ шудан аз муҳити соњибкорӣ барои ҳар кадоми иштирокчиёни он аст. Шароити хуб барои ворид шудан ба ин фазо муҳайё шудааст, аммо на барои хориҷ шудан. Барои ин бозори дувуми коғазҳои қиматнок лозим аст. Механизми додугирифти саҳмияҳо ва баҳогузории воқеии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мушаххас нест. Соҳибкорон наметавонанд тиҷорати худро бо баҳои ҳақиқии он фурӯшанд. Бозори дувуми коғазҳои қиматнок дар ин сурат мисли барометр барои мушаххас намудани қимати ҳақиқии тиҷорат метавонад хизмат кунад. Суоли дигар ин аст, ки соҳибкорони мо то куҷо омодаанд манобеъ ва сохтори даромаду хароҷоти худро фош намоянд? Имрӯз шаффофият танҳо аз фаъолияти сохтори давлатӣ талаб мешавад. Соҳибкорӣ чӣ? Ин раванд бояд дар ҳарду ҷониб як бошад. Ташкили ҷойҳои нави корӣ, дар фарқ аз иқтисоди нақшавӣ, ба дӯши соҳибкорон аст. Давлат ҳамчун довари асосӣ баромад мекунад, ки муҳити мушаххаси ҳуқуқиро барои бозигарон фароҳам меорад. Аммо бо сохтани инфрастркутураи ҷойҳои корӣ, давлат наметавонад ба муҳити хориҷӣ таъсир гузорад. То вақте, ки раванди зиёдшавии аҳолӣ болост, муҳайё кардани миқдори кифояи ҷойҳои корӣ мушкил хоҳад буд. Мо бояд барномаи танзими оиларо аз нав гирем.”

Озодагон: Мушкили хоҷагиҳои пахтакор, ки қаблан миллионҳо сомонӣ аз шартномаҳои фючерӣ қарздор шуда буданд, ҳал шудааст?

Умед Давлатзод: “Масъалаи ин хоҷагиҳо дар доираи шаш қисми барномаи рушди деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва донорҳои дигар дастгирӣ шудааст, ҳал мешавад. Аз он ҷумла, бахшидани қарзҳои номбаршуда қадами аввал дар ин раванд буд. Дар доираи ин барнома омӯзиши мутахассисон дар маҳалҳо, созмони мақомоти маслиҳатӣ барои деҳқонон (ки бояд ба деҳқонон дар бораи зироатҳои дар ояндаи наздик бозоргир маълумот диҳанд) амалӣ мешаванд. Ҷиҳати дигар - созмони сохторҳоест, ки бо роҳи сармоягузории хурд барои муҳайё намудани дастрасии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба манобеъи молиявӣ кумак мекунанд. Аммо имрӯз фоизи қарзии бонкҳо баланд аст. Ин мушкилро метавон бо роҳи дигар - созмони иттиҳоди сармоягузорон ва қарздеҳон – ҳал намуд. Ба таври содда, ин принсипи “хазинаи сиёҳ” аст, ки дар он маблағи умумии чанд хоҷагӣ ҷамъ мешавад. Барои мисол, Шумо маблағи иловагӣ доред, аммо бо он ягон кори чашмрас кардан имкон надорад. Аммо агар чанд хоҷагӣ чунин маблағҳоро дар як хазинаи умумӣ ҷамъ кунанд, маблағи иловагӣ ҷамъ мешавад, то дар як давра нафаре тавонад техника ва таҷҳизоти лозимиашро харад, дар давраи дигар – нафари дигар. Ин низом ба боварӣ асос ёфта, дар Олмони баъдиҷангӣ бомуваффақият амалӣ мешуд.”
Мӯҳр
БЕХТАРИН ЭЪТИРОФИ КОРМАНДИ ДАВЛАТИ:
"Аз рӯи нуқтаи назари аввал, шароит барои ҳама баробар муҳайё мебошад. Дар амалия бошад, бисёр масъалаҳо аз курсинишиноне бастагӣ дорад, ки масъулияти иҷрои конунҳои зидахл ба уҳдаи онҳост".
яЪНЕДАР АСЛ БАРОИ ХАМА ШАРОИТИ ЯКХЕЛА МУХАЙЁ НЕСТ!

Пас аз воқеаҳои Хоруғ дар соли гузашта (ки на ҳамеша аз ҷониби расонаҳо ва доираҳои манфиатдор дуруст муаррифӣ шуда ва обрӯи муҳити кории Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ поин бурд), бо гузарондани ин форум мо тавонистем исбот кунем, ки ин амалиёт як иқдоми зарурӣ буд барои барқарор намудани волоияти қонун, ки аз ҷониби сокинони Бадахшон низ дастгирӣ ёфт. Аллакай пас аз як сол мо шоҳиди онем, ки ҳолати вилоят ором ва мувофиқ барои ҷалби сармояи ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мебошад. Ҷойҳои нави корӣ сохта мешаванд, инфраструктураи сайёҳӣ рушд меёбад. Бо ин раванд, Бадахшон метавонад дар ояндаи наздик дарвозаи тилоии Тоҷикистон гардад.”.....Умед аз шумо ҳич бадахшонӣ ин умедро надошт... Иштибоҳат нобахшуданист...

Шогирд
Усто шумо худатон аз Узбакистон омадеду Бадахшон-Бадахшон мекунед
Шумоба ки гуфтаст ко баъди амалиёти гайри конуни (солдатхо куча ба куча гашта додзанон гуфтанд :Помирихо Гансхо мо шумора ита менем ута менем) Бадахшон конуни шудааст? Баъди ин амалиёт кадри Шумо мансабдорон пеши халки мо нол нол шудаст мефахми нол-нол,,,,,,,,,

Tojik
Umed Davlatzod rost gufted problemai asosi iqtisodiyoti tojikiston fasod ast

9
Ачоиб ул гароиб

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)