Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Баррасии ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар мулоқоти Шамсов бо Бурр

25 декабр 2013, 10:38

Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Амрико бо ёвари роҳбари Намояндаи тиҷоратии Амрико, Мара Бурр масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Шамсов бо зикри пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷахонии Савдо таъкид намудааст, ки ин омил заминаи навро барои инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун эҷод кардааст.

Ба иттилои манбаъ Бурр таъкид кард, ки ҷониби Амрико дар оянда ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии судбахшро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди обу барқ, такмили зербиноҳои инфрасохторӣ, роҳҳои коҳиш додани талафоти қувваи барқ, рушди савдои байнисарҳадӣ бо Афғонистон, беҳсозии низоми гумрукӣ ва мусоидат ба саҳми бештари занони соҳибкори тоҷик дар ҳаёти иктисодии кишвар идома хоҳад дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!