Бахшҳо

Даъвати вакилон ба додгоҳ ва тақдири ояндаи Зайд Саидов

Имрӯз, 25 декабр, интизор меравад додгоҳ ҳукми худро нисбат ба Зайд Саидов – соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт қарор дорад, эълон кунад.

Барои ин, вакилони мудофеи оқои Саидов баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе ба бинои боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, ки мурофиаи ӯ дар он ҷо баргузор шуда буд, даъват гардидаанд. Яке аз вакилони мудофеъ дар тамос бо “Озодагон” гуфт, “моро котиби додгоҳ хабар кард. Пас, маълум мешавад, ки додрас аз хонаи машваратӣ берун омада, қарори худро гирифтааст.”

Зайд Саидов моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост.

Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.

Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.
Мӯҳр
Олим
Ё Рабб - кумак кун ба ин бародари мусалмон. Омин

Самарқанду Бухоро
Омин! Иншоаллох, начот меёбад.

Салохиддин
Худоё аз даргоҳи ту хоҳонем ба хама маҳбусони мусалмон кумак бифармо ва аз ҷумла барои ин бародар кумаки худро арзони бидор.

Машварат хеле идома ёфт. Аз боло чи супорише дода бошанд, судя имруз хамонро эълон мекунад. Агар гуфта бошанд, ки махкамаш кунед, пас махкам мекунанд, агар гуфта бошанд, ки озодаш кунед,пас озод мекунанд. Ин парванда супориши аст ва сиёси, ин аст, ки судя дар баровардани хукми Зайд бояд хеле "машварат" карда бошад

Hudovando tu buzurgi az tu umed dorem in bandai neksirishtatro az zindon raho kun Omin

Inshalloh. Barodari mo ozod meshavad..imshab hob didam ki bo on kas suhbat doram.

донишчу
Худованд хукми одилонаро барои Зайд арзони дорад. Омин

Фаришта
Навмед набояд шудан аз гардиши айем,Хар шом ки ояд зи паси он сахаре хаст!Кош ин парванда ба хуши анчомад!Омин!

аа
Агар Зайдро озод кунанд, Фаттох Саидовро барои фальсификация бояд шинонад. Ба фикрам Фаттох камераи зайда ишгол мекунад.

мухамад тараки
дар байни мо точикон хар вактеки як марди одилона пайдо мешавад душманони милати точик хамон замон дар касти нобут кардани у мешаванд бо ёд биёред Ахмадшохро ва Мирзо Зиёевро барои хамин точикони хамаи митакаи Точикистон озоди огои Зайдро хохон бошем

бория
Эй Зайд, хама барои ту дуо мекунем ки озодат кунанд!! Чизу чората бхохан бтешон нобут озодат кунанд. Зато осуда дар озоди мегарди!!

Сайф
Худованд Зайдро начот дихад. Омин!!

Yusuf
Khudoyo ba hurmati duoi poki bevazanon va chashmoni ba dar dukhtai tifloni yatimashon ki dastoni garm va kumakhoi hameshagii janobi Zaydro intizorand in mardi buzurgro ozod kun. Omin yo rabbal olamin!

Саломи самими ба ҳамаи ҳамватанони гироми
Шоирt гуфта :
اذا ضافت بك الدنيا ففكر فـي ألـم نشـرح
.. فعسر بين يسرين متى تذكرهما تفرح
Вақте ки дунё барои ту танги кунад
Пас фикр кун дар бораи маънои сураи алам нашраҳ
пас мушкилие ҳаст дар мобайни ду осони
агар инро дарк куни пас бояд хушҳол боши

Аз Худованди Карим орзу ва таманно дорем ки ҳамаи бародар ва ҳоҳарони мазлуми моро бо шумули акаи Зайд аз зиндони балою офат ва чанголи золимон наҷод диҳад ва дар ивази ин ҳама мушкилиҳо барои эшон осониҳоро арзони дорад.
Омин ё Муқалибул қулуб ва ё Рабалибод Олим,
Олим,
Олим,
Олим,

шамсулло
ХУДОВАН МАДАД КУНАД ОМИН

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)