Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:34

Курсии Амирбек Маҳмадалиев низ дар парлумон “холӣ” шуд

25 декабр 2013, 10:52

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 25-уми декабр, ваколатҳои Амирбек Маҳмадалиев, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Бохтарро қатъ намуд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон саҳми Маҳмадалиевро дар кори парлумон назаррас хонда, бо тақдими ифтихорнома ба ӯ дар кори наваш муваффақият таманно намудааст. Амирбек Маҳмадалиев ахиран бо фармони президент, Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.

Айни ҳол баробари курсии Маҳмадалиев дар парлумон курсии Марҳаббо Ҷабборова, собиқ вакил аз ҳавзаи рақами дуи Исмоили Сомонии Душанбе ва ҳоло ноиби нахуствазири кишвар низ холӣ буда, Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи интихоботи миёнадаврӣ барои курсиҳои холимондаи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллиро 15-уми феврал муайян кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар райони Комунисти, ки холо Бохтар ном дорад, колхози машхури Коммунизм вучуд дошт. Чанд сол пеш аз чанги шахрванди Махмадалиев он чо парторг буд. Баъди чанг дар ин колхоз рохбар шуд. Дороии колхозро ба савдо зад. Хочаги тамоман хароб шуд. Баъд вакил шуд. Акнун раиси нохияи Ёвон таъин шудааст. Зухуров уро таъриф кардасту ифтихорнома додаст. Барои кадом кор? Агар Точикистон давлати демократи бошад бигузор дар хар район рохбаронро худи халк интихоб кунанд на ин ки президент таъин кунад. Саёфи Мизроб дуруст гуфтааст, ки парлумон чойи муйсафедон аст. Аз ин хел вакилхо ба халк чи фоида, факат пули халкро хурда, ба худи халк аз онхо яго манфиат нест. Нест бод чунин парлумон!!! Агар озодагон ба гурда бошад, бигузор навиштахои маро чоп кунад. бе ягон ислох!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!