Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:20

“Ҳамаи онҳоеро, ки ба шайхҳо расондаанд, ғуломанд”

25 декабр 2013, 11:39

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, 25 декабр барои мубориза бо меҳнати ғуломворона ба Кодекси ҷиноии кишвар тағйиру иловаҳо ворид кард.

Абдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ гуфт, дар баъзе мавридҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро маҷбурӣ кор мефармоянд, ки ин ғуломӣ ном дорад. Дар ин робита Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, баромад карда, таъкид намуд, то ҳол чандин ҷавонҳо, чӣ духтару чӣ писар ба хориҷа фурӯхта шудаанд.

Оқои Шабдолов аз муовини вазири адлия дар мавриди муҷозоти дастандаркорон пурсид. Холиқов дар посух таъкид намуд, тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ барои мубориза бо ин омилҳои манфӣ мусоидат хоҳанд кард, вале дар мавриди мисолҳои мушаххаси одамфурӯшию муҷозоти дастанадаркорон гуфт, омори дақиқ дар даст надорад.

Дар ин миён Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ба баҳс ворид шуда, дар хитоб ба вакилон гуфт, имрӯз гап сари одамфурӯшӣ не, балки ғуломӣ меравад. Аммо Шодӣ Шабдолов дар мавқеяш истода, гуфт, онҳое, ки фурӯхта шудаанд, ҳамаашон ғуломанд: “Онҳоеро, ки шиносномаҳояшонро гирифтаанду ба ҳар роҳ ба шайхҳо расондаанд, ҳамаашон ғуломанд. Ҳамаи мо ҷузъи ин ҷомеаем ва фарзанду набера дорем. Касе аз ин хатар эмин нест.”

Шабдолов дар идома афзуд, барои лағви ғуломию фаҳшу фасод пеш аз ҳама зарур аст, дар Тоҷикистон фақирию камбизоатӣ аз байн бурда шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • БЕНОМ

  • 25 декабр 2013 14:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз кучо факири аз байн меравад, баръкс аз зиёд шудани нархи об ва андоз, дар чумхурии мо факири аз ин зиёд хохад шуд, на кам.
Посух додан
  • гулом

  • 25 декабр 2013 19:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мо хам ранги гулом дар мухочират кор мекунем.
Посух додан
  • Рустам аз Душанбе

  • 26 декабр 2013 21:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Он ташкилот ва шахсонеро, зери пардаи бо кор таъминкуни аз камбагали ва ноилочии занхои точик суистифода карда онхоро ба шайхони фосики араб мефурушанд хабс карда, молу мулкашонро мусодира намуда, фаъолияташонро катъ сохтан лозим.
Посух додан
  • 8

  • 27 декабр 2013 14:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нав фахмидаанд ки 20 сол шуд мардикорон да руссия гуломона кор мекунанд
Посух додан
  • Восеъ

  • 29 декабр 2013 10:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин намуд-чиноятхо-трансмили-ва-силсилавиянд.Ф

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!