Бахшҳо
25 дек 2013 11:49Тоҷикистон / Сиёсат

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири собиқи фарҳанг, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб шудааст. Ин тасмим дар Анҷумани панҷуми Ҳаракати ваҳдати миллӣ, ки 25 декабр дар Душанбе баргузор гардид, гирифта шудааст.

Дар ин Анҷумани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Саймурод Фаттоев -- мушовири раисиҷумҳур, Давлатшо Гулмамадов -- раиси вилояти Хатлон, Абдураҳмон Қодирӣ -- раиси вилояти Суғд ва Талбак Назаров -- вазири пешини умури хориҷӣ иштирок доштанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ тақрибан ҳафт соли охир вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва моҳи декабри соли ҷорӣ дар пайи тағйироти кадрӣ аз мақомаш барканор гардид. Асрории 60-сола, зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ Қурбон Восеъро иваз кардааст.

Раёсати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ӯҳда дорад ва ин созмон дар соли 1997, баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ташкил шудааст. Масъулони ин ҳаракат, ки дар Анҷумани рӯзи 25 декабр аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ мекарданд, гуфтанд, ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ гирд овардани тамоми ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ буд.


Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири барканоршуда, вазифаи нав гирифт (АКС)
Мӯҳр
ыы
Зарафшони зарафшониро иваз кард. Баланс вайрон нашавад-дия.

М. Асрори яке аз бехтаринхост, бехтарин дипломати замони хозира. Макоми болотарро барояш арзанда медонем.

Саид
ыы,
Фаркаш чи кучогии бошад кадри арзанда аст. Ин гапхо нолозиманд бе кала

Бесавод
"Раёсати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ӯҳда дорад ва ин созмон дар соли 1997, баъд аз имзои созишномаи сулҳ, ташкил шудааст. Масъулони ин ҳаракат, ки дар Анҷумани рӯзи 25 декабр аз фаъолияти панҷсолаи худ натиҷагирӣ мекарданд, гуфтанд, ҳадаф аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ гирд овардани тамоми ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ буд."
Соли 1997 таъсис шуда бошад, соли 2014 панчсола мешудаст? Мембрен дар мактав матиматикая хонен?

Дар хафт соле, ки вазорати фархангро рохбари карданд, фарханги миллатамонро ба куллахои баланд расонданд. Ахсан ба Шумо мухтарам Асрори. Хама аз Шумо рози.

Инҳо кудом Тоҷикистонро "эҳё" мекунанд?)))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))))

Мы рады за Вас уважаемый М.Асрори! Вы достойны высоких должностей, и очень много сделали в просветании культуры таджикского народа!

Хама мунтазир будем, ки мушовири калон насибатон мегардад. Акалан раиси кумитахои ТВ ва Радио е Дин. Шумо кадри професионали ин соха мебошед ва хохед монд. Устоди азиз Шумо фахри миллат мебошед!

Президент иштибох кард ки фархангро ба Пиров супурд. хатои худро дарк мекунад вале дер мешавад.

ин шахсро аз вазифаи пешинааш, ки арзандаи он буд, чи тавр сабукдуш карданд, бисёрихо медонанд.то он даме ки дар дастгохи президент Азизов кор мекунад, ба ягон шахси арзанда имконияти кор кардан муяссар намешавад. ин шахсон президентро гумрох мекунанд.

Пиров кияй? Хаму актери роли Восеьда бози мекуна? Эээ тоба ягон каси дигар наефтен. Холи фарханг бад мешава.

Чонибек
То он замоне ки ашхоси бо тиру тиру камон cоли-92- ба cари -кудрат омада-аз сари-давлат-гум намешаванд-ягон-бехбуди-ва-пешравию-вахдат

Устод Асрори вокеан шахсияти арзанда ва ба хар макоме сазовор хастанд!!!!!!! Ва инро чомеа хуб медонад.

М Асрори сазовори макоми баландтарин, истедоду малакаи ин хел шахсони бузургро барои пешрафти чомеа барои пешрафти чумхурии сохибистиклол бояд истифода барем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)