Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Ҷилавгирӣ аз интиқоли 26 миллион рубли қочоқӣ дар Душанбе

25 декабр 2013, 14:54

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи се нафар, ки талош доштаанд, аз Тоҷикистон ғайриқонунӣ 26 миллион рубли нақдро аз Душанбе ба Санкт Петербург интиқол диҳанд, ба додситонии нақлиётии Тоҷикистон ирсол гардида, мавриди тафтиш қарор додаанд.

Тавре Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар пайи як амалиёт мусофири хатсайри рақами 886 самти Душанбе- Санкт-Петербург Комилҷон Алиев, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ боздошт шуд, ки аз ӯ 26 миллиону 394 ҳазор рубли русӣ дарёфт гардид: “Соҳиби аслии маблағ Файзалӣ Мирзоев будааст, ки бо маслиҳати пешакӣ бо Комилҷон Алиев ва намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Урал»-и Русия Эркинҷон Ҳакимов ният доштааст, бе гузаштан аз назорати гумрукӣ ба шаҳри Санкт-Петербург 26 миллиону 394 ҳазор рубли русиро интиқол диҳанд.”

Ба иттилои манбаъ Ҳакимов Эркинҷон бо истифода аз мақоми хизматии худ бо тариқи гузаргоҳи хизматии «Фурудгоҳи байналмиллаии Душанбе» гузашта, маблағи пулиро ба дасти шаҳрванд Комилҷон Алиев, ки аллакай аз назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ гузашта, дар толори интизории фурудгоҳ қарор дошт, мерасонад.

Манбаъ афзуд, кормандони гумрук дар асоси маълумоти фаврӣ парвози тайёраро боздошта, Алиев Комилҷонро дастгир намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон бе ҳуҷҷати лозима ва декларатсия баровардани беш аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ мамнуъ аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!