Бахшҳо
25 дек 2013 15:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бозоров 9 500 $-и довталаби Донишгоҳи тиббиро барнагардондааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, алайҳи як сокини Душанбе, ки барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ аз наздикони довталаб 9,5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст, парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод ба шуъбаи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Саидов Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1974, сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз доштааст, ки моҳи сентябри соли равон шаҳрванд Бозоров Тоҳир, соли таваллудаш 1971, истиқоматкунандаи Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои ба Донишгоҳи тиббӣ дохил намудани духтараш 9500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Манбаъ мегӯяд, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки дар арафаи имтиҳоноти дохилшавии имсола Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гуфт, афроди алоҳидае дар мавриди фасодкорӣ зимни қабули донишҷӯён ба донишгоҳи тиббӣ сару садоҳоро паҳн мекунанд ва имсол ставкаи дохилшавиро ба ин муассиса ба 25 ҳазор доллари амрикоӣ баровардаанд.

Қурбонов мегӯяд, ин кори дасти манфиатхоҳоне ҳаст, ки мехоҳанд зимни маъракаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ пул кор кунанд: “Агар довталаб 25 ҳазор доллари амрикоӣ дошта бошад, метавонад 5 маротиба донишгоҳро хатм намояд. Он маблағеро, ки ба ин нафарони манфиатхоҳ медиҳанд, метавонанд тариқи шартнома ба буҷаи донишгоҳ гузаронанд ва беягон мушкилӣ қабул хоҳанд шуд.”

Қурбонов таъкид намуд, ки аксари онҳое, ки ба миёнаравон пул медиҳанд, бо дониши худ, бе ягон мусоидати миёнаравон дохил мешаванд: “Ин миёнаравон вақте мебиёянд ва мебинанд, ки номи довталаб дар рӯйхати донишҷӯён аст, дарҳол занг мезананд ва мегӯянд, ҳамаи корҳо ҳаланд. Бисёранд, қиссаҳое, ки довталабон дохил намешаванд ва волидонашон назди ман омада мегӯянд, мо ба фалону фалон ҳамин қадар пул додем. Аммо мо намедонем, ки ин нафарон кистанд. Баробари ин вақте довталабон намегузаранд, ин миёнаравон ба ҳар зудӣ пули онҳоро намегардонанд. Чунин қиссаҳо бисёранд.”
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)