Бахшҳо

ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.

Дар ин бора Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, хабар дода, афзуд, бо ин ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. “Ин бе шубҳа кори сиёсист ва супоришӣ аст. Дар акси ҳол, Зайд Шерович сафед карда мешуд. Мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин ҳукм ва беадолатии додгоҳ розӣ нестем ва то охир мубориза хоҳем кард”,-афзуд Исҳоқ Табаров.



Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов дар шарҳи ҳукми зерҳимояаш гуфт, ин парванда аз аввал сиёсӣ буд ва ҳукми сиёсӣ содир шуд. Ӯ аз рафти эълони ҳукм низ интиқод кард, ки бояд пушти дарҳои баста эълон намешуд, “аммо ба ҷуз аз намояндагони мақомот, ки бо камераҳо буданд, Шавкат Абдулхайров -- раисикунандаи парванда, рӯзноманигорони дигарро ба эълони ҳукм роҳ надодааст.” Бо зикри ин, Шӯҳрат Қудратов таъкид намуд, баррасии парванда алайҳи зерҳимояаш аз аввал то охир яктарафа сурат гирифт.



Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.

Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.


Мӯҳр
Said
Lo havla valo quvvata illoh billoh.....

Сараввал ба аз даргоҳи Аллоҳ ба хонадони Зайд Саидов сабри ҷамилро талаб дорам. Дар ҳақиқат боиси таасуф аст. Худо нигоҳдоратон бод.

Мардуми тоҷик бар шумои лаънат мегӯянд! Золимон!

абдулло
судияхо номардбуд бо номарди кардас худованд хидоятшон кунад ин номардона

Ман З.саидовро намешиносам лекин аз сабабе ки бисӣер чеҳраҳои шинохтаи Ватан аз у пуштибони мекунанд маълум мешавад,ки инсони комил аст.Лекин ман ҳайрон ки ин сафедкунандаеро ,ки дар навор ҳарф мезад аз кучо пайдо карданд.Ман як ҳамсоя дорам то синфи 4 дар мактаб таҳсил кардааст тамом, ҳоло дар кисми ҳарби кор мекунад бовар кунед аз хамин адвокатда дида ҳазор бор ҷумлабандиву суханрониаш беҳтар аст. ???????

Тамоман беадолатӣ. Маҳкум мекеунем чунин ҳукмномаро. То ба кай чунин беадллотиро таҳааммвул меакнем!

Tojiki Toza...
Allohu AKbar...in chi yak hukme zolimi bud ki..boloi Zayd ravo didan....dilum konkretno mond....Inho fikr kardand ki...agar Zaydro sar tiem...digarho sherak meshavand..az hamin dida..in hukmro na baroi Zayd, balki baroi mardum kardanki.binet chi koraton mekunem xusan baland mekuned... Haminro doned ki az Joi ivaz kardani jamshavandaho hozili jam tagir nameyobad. Said,

Собака лает,караван идет

ВАЙРОН
ЭЙ АВБОШ ЧОЙИ У АДВАКАТДА Т БОШИ АЙ ТАРСА ЧИЛЕСИН КАТИ ГАП МЕЗАНИ ХАМУРАМ АЙ ГУШОТ ОВОЗ МЕБРОЯ ХАХАХАХАХУХУХУХИ

abdolghfar
homchon yak kas ke ta be emrooz akhbare marboot ba tajikistan ra pagir booda, natijaye raye dadgah zayd saeedof ra entizar boodam.in kas hamchon yak saheb kar vatan doost chi dar vaghti ke vazri bod .va chi zamani ke yak tajir, ba vatanash khizmatha rasanid. hal namifaham ke chrara in hokme na odelona barayash dadeand.in mayye sharmsari khalghe tajik ast ke farzandanash ra ke sare abadani vatan dorand ra in goone be habs ravan mikonad.yak soale mohem in ast ke aya in yak raftare motemadenane ast.agar bana be zindan kardan odelana bashd solha vaght dar kar ast ta navbat be zayd saeed beresd.

дарвеш
Эй шарм доред хукуматдорон.

Э маруми Шкарифичй. Точчикистон йн зуммУ золими бо кадом гунох.
26. Сол доданд Зайд САидова

Самарқанду Бухоро
Ё Аллох, моро дар панохат нигох дор! Бисёр мешунидам дар бораи беадолатихои суду судяхои Точикистон, аммо он қадар бовар надоштам. Сад афсус, ки шунидахоям рост будаанд. ИНШОАЛЛОҺ, ЗОЛИМОН РУЗЕ ЧАЗОЯШОНРО МЕГИРАНД, барои он, ки: ЧАРОҒИ ЗУЛМИ ЗОЛИМ ТО ДАМИ МАХШАР НАМЕСУЗАД, АГАР СУЗАД ШАБЕ СУЗАД, ШАБИ ДИГАР НАМЕСУЗАД! (ИНШОАЛЛОҺ!). Инналоһи маъассобирин! Валлоһу аълам...

Халима
Хукумати золимона, Додгохи золимона, ва мардум мазлумона зиндаги доранд дар Точикистони торикона...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)