Бахшҳо

Самадов: “Рустами Эмомалиро ба тӯй даъват карда будем, аммо наомад”

Ҷиргалбек Самадов, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби “Ота-Журт”, рӯзи 25 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари дарёфти аспи 20 ҳазор долларӣ аз Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистонро, рад кард. Дар ҳоле ки қаблан Шабакаи телевизионии 5-и Қирғизистон дар як навор оқои Самадовро болои аспе намоиш дода ва аз қавли худи ӯ гуфта буд, ки ин асп ҳадяи Рустами Эмомалист ва камаш 20 ҳазор доллар қимат дорад.

Аммо намояндаи мардумии қирғиз дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари даъват шудани Рустами Эмомалӣ ба тӯйи писари панҷсолаашро, ки рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ баргузор гардид, таъйид кард. Ӯ гуфт, ба ҷои писари бузурги раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин маърака дар баробари дигар сиёсатмадорону мансабдорони давлатии хориҷӣ намояндагони ӯ иштирок намуданд.

Самадов иброз дошт, шояд сабаби ташриф наовардани Рустами Эмомалӣ таъин шуданаш ба мансаби нав бошад, ки чанде қабл ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаст.

Тӯйи суннатии писари панҷсолаи Ҷиргалбек Самадов рӯзҳои 14 ва 15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Узгени вилояти Уши Қирғизистон баргузор гардида, дар он беш аз 20 ҳазор меҳмонони дохилию хориҷӣ иштирок намудаанд. Тӯйи писари ин намояндаи мардумии қирғиз муддати ду шабонарӯз идома ёфта, яке аз қазияҳои баҳсбарангез дар ҷомеаи ин кишвар ба шумор меравад. Дар ин навор дида мешавад, чӣ гуна вакили парлумони Қирғизистон бахшида ба тӯйи суннатии писараш бозии бузкашиеро барпо намудааст, ки гуфта мешавад, дар таърихи ин навъи бозӣ амсоли он ангуштшумор мебошад.
Мӯҳр
беном
Хамин гапу макола чи маъно ва мантик дорад. Аз ин дида маколаи фач дар соли 2013 нахондаам. Ки чи максад дорад маълум нест. Таънахои хушдоман ба келин барин

4423
Ба Беном

Бисер хам хабари хуб. Ин журналистикаи озод аст, чизе мехоханд хамонро менависанд. Ба ту баринхо Шабасаи аввалро тавсия медихам.

Рустами Эмомали бехтарин кор кардай бародари журналист о ту медони ки тухфаи кардагии чаноби Рустами Эмомали барои муносибатхои ду тарафаи мардуми точику киргиз хело ахмияти калонро мебозад!

545
Ба ismail54

20000 долларро аз кучо ефтааст? Маошаш чи кадар аст, ки аспи 20000 доллараро ба киргиз тухфа мекунад? Хуб набуд агар хамин 20000 ро ба камбагалон медод, на ба як киргизи мафиози? Дар давлати баобру агар хизматчии давлати ин гуна амалро анчом дихад рузи оянда ба истеъфо фиристода мешавад.

Саид
ismat54,
Шумо дуруст кайд кардед. Инхо намефахманд сиёсатро. Инора мони ба мисли занаки 40 шавхара гайбат карда шинанд.

Кодирали
Саид

Сиесата шумо факат мефахмед. Ба инаш 1000 километри квадрати замини чумхури, ба ваяш аспи 20000 доллара. Лекин аз ин сиесатбозихои шумо ба мардум ягон фоидае нест. Ба ки ва чи фоида аст, инро гайр аз шумо касе намедонад.

Фарход
Аспи 20 000 доллара? Пули хал аст ин, аниктараш аз мухочирон. Саховатмандии ин навточиконро танхо барои хоричихо мебини. Якеш кисми ватанро ба Хитой медихад, хурди аспи 20000 $ . Дар ин пул то 1 мох 40 камбизоат метавонист шохона зиндаги кунад.

Махмасаид
Саид,

Худо бигира хамин хели сиёсатфахмии шумора. Сиёсате, ки барои мардум ягон фоида надора.

123
феодализм наступает

Яъкуб.
Киргизистон давлати демократи хаст, на бояд писарони диктаторхоро даъват намояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)