Бахшҳо
26 дек 2013 09:57Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Қудратов: На ҳамаи амволи Зайд Саидов мусодира мешавад

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноат, ки 25 декабр ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд, изҳор медоранд, ки 30 декабр ба Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, 26 декабр, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳори умед кард, ки марҳилаи кассатсионӣ далелҳои муътамади бегуноҳии Зайд Саидовро ба назар гирифта, ӯро сафед хоҳад кард: “Ҳарчанд дар марҳилаи аввали додгоҳӣ мо бегуноҳии Зайд Саидовро исбот кардем, аммо додгоҳ онро ба назар нагирифт. Умед дорем, дар марҳилаи кассатсионӣ Зайд Саидов бегуноҳ эълон хоҳад шуд.”

БОЗДОШТИ ЗАЙД САИДОВ

ВОКУНИШҲО

ҚАЗИЯИ ЗАЙД САИДОВ: АЗ АВВАЛ ТО ОХИР

Дар мавриди мусодираи амволи Зайд Саидов, Шуҳрат Қудратов изҳор дошт, ки қарори додгоҳ дар ин маврид ҳукми қонуниро нагирифтааст ва ин қарор мусодираи тамоми амволи Зайдро дар назар надорад: “Муфаттишони парвандаи Зайд Саидов ҳанӯз дар оғози тафтишот рӯйхати амволи Зайд Саидовро таҳия карда, онро ҳабс намуда буданд, аммо мусодира нашудааст. Дар сурати ҳукми қонунӣ гирифтани қарори додгоҳ низ иҷрочиёни суд танҳо он амволеро мусодира мекунанд, ки гӯиё бо роҳи ҷиноӣ ва бо маблағҳои аз тариқи ҷиноӣ бадастомада харидорӣ шудаанд.”

Қудратов илова кард, муборизаро барои бегуноҳ эътироф намудани Зайд Саидов идома хоҳанд дод ва изҳори боварӣ намуд, ки дар марҳилаҳои минбаъда додгоҳ бегуноҳии зерҳимояашонро исбот хоҳад кард. Дар марҳилаи аввал Додгоҳи Олӣ Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.

Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.
Мӯҳр
Бовар кунед, ин Шухрат Кудратов танхо сафсатта мегуяд, оё ягон марротиба шохид будед, ки у касеро озод ё гунохашро сабук карда бошад?

Оё парвандаи Зайд хам мисли парвандаи исфарагихо аз паси худ чандин мансабдлронро кашола мекарда бошад? Зеро аллакай аз рафти суд аник шуд, ки дар ин парванда низ конуншиканихои зиёде чой доранд. Масалан хуччатхои бофтав сохтаи муфаттишон дар бораи падарии Зайд оё муфаттишони очонсиро паси панчара мекашида бошад?
Рохбари очонси дар нишасти матбуотие гуфта буд, ки вобаста ба казияи мазкур якчанд нафар мансабдорон пурсида мешаванд. Оё онхо пурсида шуданд?
ББа назар чунин мерасад, ки казияи БиоПапа аз парванда бароварда шуд. Оё писари фалшивий дар оянда модарро барои сабукпои ва тухмат ва ташкилкунандагони ин сенарияро ба чавобгари мекашида бошад?
Ба ин саволхо рузноманигорон чавоб меёфта бошанд?

Озодагон агар ман аник боври медошам , шумо ба мисли озодиву нигох фурухташудаи баъзе идораҳои давлатӣ нестед ман албатта ба шумо чанд насиҳат мекардам.Аммо дидед, ки ба хотири пул шуда имруз корманди шумо шояд пагох намедонам рохбаратонн кист рохбаратонро ба хаӣс гиранд. Аз худло тарсед озодагон. аз мост ки бар мост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)