Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:55

Раҳмон аз Бордюжа хост, зудтар ба марзбонҳо кумак кунанд

26 декабр 2013, 11:33

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 26-уми декабр, дар мулоқот бо Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ суботи минтақаро баъд аз соли 2014 баррасӣ кардааст.

Бар пояи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот таваҷҷуҳи бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар соли 2014 ҷараён мегирад, зоҳир гардид: “Дар робита ба ин мавзӯъ тезондани кумаки моддию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбон ва сохторҳои дигари дахлдори Тоҷикистон зарур шумурда шуд.”

Қаблан Николай Бордюжа, изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон барои ҳимояти марзҳояш бо Афғонистон теъдоди кофии низомиёнро дорад ва кишварҳои созмони амнияти дастаҷамъӣ танҳо дар доираи имконияташон ба Тоҷикистон таҷҳизот ирсол хоҳанд кард: “Аз ҷумла Русия силоҳ ва Белорусия дурбину таҷҳизоти назоратиро ба Тоҷикистон хоҳад дод. Кишварҳои дигар низ таҷҳизотеро, ки барои пешгирии убури марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунанд, ироа хоҳанд кард.”

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва то соли 2004 онро марзбонҳои рус ҳифозат мекарданд. Ҳоло ин вазифа ба дӯши сарҳадбонони Тоҷикистон вогузор шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!