Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Чернобилчиёни вилояти Суғдро фаромӯш кардаанд

11 май 2011, 12:04

Аъзоёни «Иттифоқи Чернобил»-и вилояти Суғд аз фаромӯш кардани онҳо аснои таҷлили 66-умин солгарди Иди Ғалаба изҳори нигаронӣ мекунанд.

Абдуваҳҳоб Ҳоҷибоев, як тан аз аъзоёни ин иттиҳод ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» гуфт, дар рӯзи 9-май замоне, ки ҳама қишри ҷомеа, барои таҷлили Ғалаба даъват мешуданд, ки мақомоти вилояти Суғд аслан барои онҳо даъватномаи расмӣ барои иштирок дар ин рӯзро ироа накардааст.

Номбурда афзуд,  ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои охир  аслан барои ҷашнгирии ин гуна маросимҳо, ки онҳо низ чун фарди ҷомеа дар қатори дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ  ҳуқуқи иштирок карданро доранд, фаромӯш  карда мешавад.

Ин манбаъ  мегӯяд, онҳо  тасмим доранд, барои дарёфти сабаби аслии  даъват нашудан дар ин рӯзро аз масъулини баргузоркунандаи  ҷашни Ғалаба дар Хуҷанд пурсон шаванд ва дақиқ  хоҳанд намуд, ки даъват нашудани онҳо бо иштибоҳи кадоме аз масъулини ҳукумати Суғд сурат гирифтааст.

Аъзоёни «Иттифоыи Чернобил»  дар Хуҷанд,  мегӯянд, чунин ҳолати фаромӯш кардан аз онҳо, танҳо дар Хуҷанд маркази маъмурии Суғд, набуда, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои  Суғд, низ дар зимни таҷлил аз иди Ғалаба аз аъзоёни дигари онҳо фаромӯш кардаанд.  Зимнан, дар вилояти Суғд 467 нафар аз аъзоёни «Иттифоқи  Чернобил» умр ба сар мебаранд. Аммо онҳо аз ҳавасмандии каму ночизи мақомот интиқод мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!