Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:19

(ВИДЕО) Зайд Саидов: Бо вуҷуди бегуноҳӣ аз ҳама зиёд 15 соли зиндонро интизор будам

26 декабр 2013, 14:30

Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон баъди шунидани ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки чунин ҳукми сангинро интизор набуд ва таъкид намудааст, ки “агар ин барои давлат лозим бошад, ман омодаам пушти панҷара монам.”

Дар ин бора вакилони дифои Зайд Саидов, имрӯз, 26-уми декабр, тайи як нишасти хабарӣ баён доштанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов аз қавли зерҳимояаш гуфт "бо вуҷуди бегуноҳӣ интизор доштам ҳадди аксар маро аз 10-15 сол маҳбасӣ мекунанд."



Инчунин вакилони дифои Зайд Саидов таъкид намуданд, ки ба назар менамуд, ҳукми ниҳоии додгоҳ омода набуд, чун ҳукм дар мурофиа пурра қироат нагардид ва танҳо қисмати ниҳоии он хонда шуд. Вакилони дифоъ гуфтанд, давоми 5 рӯз интизори матни пурраи ҳукми додгоҳ мешаванд ва баъд аз ин ба мақомот шикоят хоҳанд кард.

Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони дифои Зайд Саидов таъкид намуданд, ки умуман бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва ба мустақилияти додраси парванда шубҳа доранд. Онҳо бори дигар сиёсӣ ва супоришӣ будани парвандаро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки баъди бардоштани муҳри махфӣ аз парвандаи зерҳимояашон номи фармоишгари ин парвандаро ифшо мекунанд.



Вакилони дифоъ таъкид намуданд, ки тамоми марҳилаҳои додгоҳии Тоҷикистону байналмилалиро паси сар мекунанд, то бегуноҳии зерҳимояашонро исбот намоянд. Додгоҳи олии Тоҷикистон 25 декабр Зайд Саидовро аз рӯи чор моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • куук

  • 26 декабр 2013 14:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шикоят, вакили мудофеъ ва гайраву хоказо дар Точикистон ягон накш намебозад. Фармон шуд, шинонданд. Тамом. То президент дигар нашавад, у ба озоди нахохад баромад.
Посух додан
  • ravshan

  • 26 декабр 2013 14:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
i 26 solam kamay baroi khdt rafik saidov rangi khdtvorisha josh hamujahay
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 26 декабр 2013 14:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
На танхо Зайд балки худи судяхо бовар надоштанд ба ин хукм.Худи судяхо баъди онки аз чунин хукмро гирифтанд дар таачуб мондаанд ман ба хамин фикрам.
Посух додан
  • чонi

  • 26 декабр 2013 15:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чи гапай
Посух додан
  • Халк

  • 26 декабр 2013 17:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зайд Шерович!
- Зи ки нолем, ки аз мост, ки бар мост.
Посух додан
  • Рохгузар

  • 26 декабр 2013 22:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале Бародар Равшан дуруст кайд кардед.

Вакте, ки Хукумат ба Зайд Саидов инкадар шароитхоро пеш овард, хамавакт гапаш болода мегузашт, хукумат дастгираш мекард, чидаркор буд боз як Хизби нав кушодан? Хукумат Зайд Саидовро ба по хезонду, имруз У бошад бар зидди Хукумат баромад.
Вакте, ки Саидов вазири Саноат буданд, чандин трактору корхонахоро шахси кард. Ки ба у ин хукукро додааст???
Вакте, ки Саидов пешравии Чумхуриро мехост, чаро ба Хизби Халкии Демократи,Хизби Демократхо, ё ба ягон хизби дигар аъзо нашуд???????

Сазои ношукри кардан хамин хел аст.
Зи чуе,ки хурди аз у оби пок,
Нашояд, фикандат дар у сангу сок....

Озодагон агар зидди ин гуфтахо набоши чоп кун.
Сипосгузорам аз Шумо!
Посух додан
  • бе ном

  • 27 декабр 2013 13:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Новобаста ба нимтана буданаш Худо ба у хамаи чизро дода буд Шукрона карда зистан лозим буд. Худо хеч касро ба чазояш гирифтор накунад! Хой мардум дар такдираш хамин будааст, ки шуд.

Хар ончи, ки парвардигорам дод боз мегирад,
Бигирад ё бимонад, кори уст. шукрона бояд кард.
Посух додан
  • нозтя

  • 28 декабр 2013 01:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо дигар ба ин хукумат даркор нестед. Ба шумо сабри чамил ва навмед нашавед. Ба дигар умур Худо доност.
Посух додан
  • Фармоишгар

  • 2 январ 2014 22:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба ин вакилон ки бо хамин кадар фишорхо боз оиди бегунохии зерхимояашон гап мезананд. Барои чи дигарон хомуш мебошанд. Имруз агар мо ба дифои хукукхои Саидов З. напардозем пагох нисбати мо ин корро мекунанд. Дар алохидаги моро мешикананд.
Имруз бикун ки метавони коре,
Фардо чи куни ,дигар наметавони кардан...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!