Бахшҳо

Додситонии кул ҳукми раҳбари Тоҷикистони навро шарҳ дод

Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз як рӯзи маҳкум шудани Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ба мӯҳлати 26 сол ва мусодираи амволаш бо пахши як иттилоия ин ҳукми додгоҳро шарҳ додааст.

Дар ин иттилоия гуфта мешавад, Зайд Саидов бар асоси моддаҳои 319, қисми 4, банди “г” (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247, қисми 4, банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138, қисми 3, банди “а” (таҷовуз ба номуси духтари ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131, қисми 3, банди “б” (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Дар идомаи ин иттилоия мехонем, “бо дастрасии моддаҳои 67 қисми 3 ва 69 қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъйингардида ба Зайд Саидов ҷазои ниҳоии 26 (бисту шаш) сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2000 (ду ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 000 (ҳаштод ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.”

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси моддаҳои 51 ва 57-и Кодекси ҷиноӣ Зайд Саидов аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум шуда, “молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.”

Баррасии парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов аз 12 сентябр то 25 декабри соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ҷараён дошт. Тафтишоти пешакии ин парвандаҳоро Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон бар ӯҳда дошт.
Мӯҳр
Абдуллох
Шахрванд
Агар хизби навтаъсиси "Точикистони нав" дар вазорати адлия ба кайд гирифта шавад, кулли мардуми Точикистон ба он мепайванданд ва ин амал хукуматдоронро норохат кардааст.

адвокат
Сарнавиште ки ба сари Зайд оварданд, миллатро бедор кард. як бори дигар мардум фахмиданд ки ин хукумат хаттто дар дасти худи прзедент нест балки дар дасти хешутабораш ки бизнеси кишварро аз худ кардаанд мебошад. инхо молу мулкро мусодира мекунанд одамони баобруро хабс мекунанд то худ чанд солаки дигар вазифаро дар дасти ху дошта бошанд, лекин намедонанд ки ана хамин чизхо пояхои хукумаиашонро мешиканад. дигар мардум ба дуругхо ба ваъдахои на президент ва на хукуматаш бовар надоранд

Адвокат
Акун хамин додситони кулл худаш ё любой вазир то президента дасташа дар руи Куръон монда касам хурад, ки 1) пора нагирифтааст, 2) каллоби накардааст, 3) бо духтарони чавон маишат накардааст ва 4) зани дуввум надорад. Хамааш ин гуноххоро сад баробар бештар доранд, вале як мардаки ватанпарвара говсуд карданд.

Ал-хамдулиллох
Иншоаллох Зайд базуди озод мешавад.
Собир бошед Зайдуллохи Шер.
Аллох шуморо фарзанди Шер халк кардааст на аз рубох.

Самарқанду Бухоро
Золимū аз ин бештар намешавад!

фира
хамаи мансабдорон сохибкори машгулан чаро онхоро ба чавобгари намекашанд?

Хамаи он хукмхо сохта кори мебошад.Зулм аз ин бадтар намешавад .

ХАБАРНИГОР
Хандаовар аст ин тавзехи додситони кулл. Агар хукуклони шумораи яки кишвар чанин шархи бесаводона дихад, пас чй харф задан аз хифзи хукуки инсон дар кишвар. Хамагон медонанд, ки Якум порахур ва ришваситон худ 99 , 9 дарсади кормандони суду прократура ва пеш аз хама коррупсия хастанд, набошад дар як соли кори аз кучо ункадар хонаву уасрхо то наберахояшонро сохта ва месозанд? ЧАРО СОЗМОНХОИ ЧАХОНИИ ХИМОЯИ ХУКУКИ ИНСОН АЗ ПОЙМОЛИ ХУКУКИ ИНСОН ДАР ТОЧИКИСТОН ХОМУШАНД?

"зинда бод суди ""адолатпарвар"и мо!" Аз ин хукмхои додгох хандаи кас меояд. Ачиб, кадоме аз ишголкунандагони курсихои "мулоим" пора дар хачми махсусан калон нагирифта бошанду ду, се , панч зан надошта бошанд? Эй, онхое, ки дар мансабеду аз чои худ меларзед ва эй онхое, ки ба ин беадолатихо чашм мепушед, аз хукми "У", ки хамаро мебинаду медонад, наметарсед?

Рахмдил
бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣи худаш гуфта додос ки ин супориш аз боло. ин чи хели суд шуд

беном
Аз ин хукми, ки ба бозихоим кудакон монанд аст, тамоми чомеа хабар доранд ва бегунохии ЗайдСаидов маълум. Чи гунохе, ки ин давлати бехукук барорад, хам хизмати шоистаи ин марди бузур дар калби мо халки одди чой гирифтааст. Мо бо шумо хастем, марди сахию мехрубон...

Файз
"Мусодираи молу мулк ба фоидаи давлат" ки бошад хамон "давлат"-и мегуфтагиашон

Хайрхох
Додситони кул.Ман намефахмам,инхо доди киро аз ки мегиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)