Бахшҳо

Наворбардори Озодагон: "Ман ба ҳеч ваҷҳ гунаҳкор нестам" (VIDEO)

Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе шоми 26 декабр Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро бо 320 сомонӣ ҷарима аз боздошт озод кард. Оқои Шукуров шаби 26 декабр, дар ҳоле ки вакили мудофеъ надошт ва аз латту кӯб шуданаш аз тарафи маъмурони пулис шикоят мекард, барои 7 рӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Абдураҳим Шукуров, гуфт, дар қарори додгоҳи шаҳри Душанбе омадааст, ки гӯиё наворбардори “Озодагон” дар рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов “бо наворбардории худ ба талаботи қонунии кормандони милиса ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ итоат накардааст.” Бино ба қарори додгоҳ, ин амали наворбардори “Озодагон” оромии шаҳрвандон -- Эмомалӣ Раҳимбердиев, Амина Каримова ва чандеи дигарро халалдор намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мурофиаи "Зайд Саидов" ҷалб намудааст.



“Дар натиҷа, ин амалаш боиси халалдор намудани ҳаракати васоити нақлиёт дар роҳи мошингарди кӯчаи Мирзо Турсунзода шуд”,-омадааст дар қарори додгоҳ. Аммо Абдураҳим Шукуров баъд аз раҳоияш аз боздошт гуфт, худро ба ҳеч ваҷҳ гунаҳкор намеҳисобад, чун барои фаъолиятҳои касбияш боздошт шудааст. Шукуров гуфт, баръакс, ҳуқуқи ӯ аз тарафи маъмурони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақз шуда, мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. “Онҳо ҳатто дар вақти боздошт маро дашномҳои қабеҳ гуфтанд, ки баёнаш он қадар кори осон нест",-афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, изҳор дошт, ки озодии Шукуров маънои онро надорад, ки ҷомеаи журналистӣ ба нақзи ҳуқуқи ӯ аз сӯи маъмурини пулис чашм мепӯшад: "Мо муборизаро идома медиҳем, зерои ҳуқуқҳои журналист ҳангоми адои вазифаи хидматияш поймол шудаанд." Қаршибоев ҳамчунин изҳори умед кард, ки талаби онҳо барои мулоқоти раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва срадабирони нашрияҳои мустақил бо Рамазон Раҳимов баргузор шуда, ӯ ба суолашон посух хоҳад дод.



Рӯзи 26 декабр як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил дар пайи ин қазия аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хостанд, то онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ бипазирад ва омилони латту кӯби Шукуровро муҷозот намояд.

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории “Озодагон”, ҳангоми наворбардорӣ аз рафти таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе дастгир шуд. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, ҳамон вақт барои раҳоии ӯ талош карда, аммо маъмурони пулис Шукуровро дар худрав шинонда бо худ бурдаанд.
Мӯҳр
Душанбе
320 сомони барои чи? Барои фаъолияти касби? Ачаб системаи суди дора ин кишвар. Бачаи Хукумов 3 каса бо мошин зер карда кушт, 120 сомон чарима супурд. Ин журналист кори худаша мекард, 320 сомон чаримааг бастанд. Инхо мардума гов гумон мекарда бошанд? ((((

Озод шуд, хуб, акнун бояд латукубкунанда мучозот шавад не?

судя
бо ин конунхои чангали харвакт ва бо харбахона метавон як нафйарро бегунох бурду хабс кард. харвакт милисахо метавонанд як касро аз рохи рост капида гуянд ки татиботи чамъиятиро вайрон кард. ин чи хукумат ва чи конун аст наход ин мардум сохиб надошта бошад.

Офарин ба журналистон ана ин хабари хуш Худованд хамавахт дар панохаш нигохатон дорад бародарон ва апахои рузноманигор оффарин хамавахт муттахид бошед иншоаллох муттахидии шумо ба мардум илхом мебахшад ва хама аз шумо муттахидиро меомузад Худо нигахдоратон баХУДО ин муттахидии шумо ман рухи тоза бахшид мо метавонем як чомеаи демократи бисозем бапеееш чазои он милисахои хайвонсифатро дихед то охир муборизаро давом дихед мо бо шумем. Ин милисахо бачое ки мардума химоя кнан мардума шиканча мекнан ай ихели млеса безорем безор

Мансур
Ачиб у се 3-касро кушта 120 сомони чарима супурд. Ин кас хеч касро накушту 320 сомони чарима шуд.

Эмомали Рахмон
Як чахон ташаккур!

Самир
Мансур,
Мансур,
Ин аст галабаи мансаб бар конун. конун мурд, чанозаашро хонед!

Мурод
Ачиб ин ки судхои мо махсусан суди нохияи Исмоили Сомони баъди соати 5 шабона хам кор мекардаст да....

Магрур
Дар мо одат шудааст нисбатат зулми беандоза мекунанд. Хукухоятро поймол мекунанд,шахсиятатро паст мезананд ва хама мукадасотатро тахкир мекунанд. Каме гузашт мекунанду мо хъурсандем ва онхоро мебахшем.
Хеч гох :
Тарахум бар паланги тездандон,
Ситамгори бувад бар гусфандон...
Хохиш мекунам то охирмубориза бурд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)