Бахшҳо

Қазияи Мамадшо Илолов аз чӣ дарак медиҳад?

Дар пасманзари хабарҳо оид ба оғози тафтишот алайҳи Мамадшо Илолов, ки баъди барканорияш аз симмати президенти Акдемияи улум ва имзогузорияш зери номаи зиёиён ба президенти Тоҷикистон дар мавриди Зайд Саидов садо доданд, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: Ин қазия аз чӣ дарак медиҳад?


Амруллои Собир, коршинос

Бинед, қазияи Зайд Саидовро имрӯз дар ҳар ҷо равем шоҳиди он мегардем, ки мардум ба ин гуфтаҳои Агентии мубориза бо фасод бовар надоранд. Чунки дар мо одат шудааст, ки барои хушомад ба калонҳо кормандони баъзе ниҳодҳо ҷои он ки салларо оранд калларо меоранд. Ҳамин қазияи Илолов ҳам чунин аст. Дар дигар ниҳодҳо корҳое мешавад, ки бояд гурӯҳ гурӯҳро ҳабс намоянд аммо мебинед, ки ҳама «тинљ» аст. Дар ёдатон бошад Навҷувоновро барои он аз кор холӣ кардани буданд, ки чанд мошинро муовини ӯ Ш. Хайруллоев дар асоси қонун ба коргаронаш дода буд. Ва ҳамаи ин ҷангҳо аз он шурӯъ гардида буд. Аммо вақте одамони зидди Навҷувонов сари қудрат омаданд на бино монду на фабрика, на завод, на замин, на автобазаю на автомошин, ҳатто вазифаҳо ҳам фурӯхта мешаванд, аммо ҳама хомуш аст. Вақте агентии фасод ғоратгаронро нею даст ба беобрукунии зиёии асил мезанад ин чї маъно дорад? Барои он ки як миллатро аз байн баранд аввал зиёиёни онро нест мекунанд.

Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”

Мо аввал бояд бибинем, ки ин хабарҳо то куҷо воқеъият дорад. Мо бояд дақиқ кунем, ки қазия нисбати Мамадшо Илолов руйи кор омадааст. Мо бояд дақиқи кунем, ки воқеан парвандае мавҷуд ҳаст ё не, дақиқ бояд карда шавад, ки он баъди гузоштани имзо ба мактуби дастаҷамъона кушода шуд, ё қабл. Агар дақиқ шавад, ки пас аз ҳамроҳ шудан ба мактуби дастаҷамъона, пас он бештар хусусияти сиёсӣ хоҳад дошт.

Шокирҷон Ҳакимов, профессор

Одатан дар академияи улуми Тоҷикистон тақрибан гуфтан мумкин аст, ки аз давраҳои охири роҳбарии Муҳаммад Осимӣ рақобати носолим миёни олимон ва узви пайваставу вобастаи он пайдо шуд. Бо истифода аз ин сенария доираҳои муайяне, ки олимони минтақаи мушаххас ҳастанд, фаъолиятро зимни гузаронидани интихобот танзим мекунанд, нофаҳмӣ шуд. Лекин як гурӯҳ академикҳо ва дигарон аз ҳарду усули корбарии Илолов норозӣ буданд. Таъсири онҳоро Илолов дар академия камтар карда буд. Дар натиҷа ин омилу сабаб буд вақте як гуруҳ унвонии раисҷумҳур нома навишта аз Илолов норозигӣ баён карданд. Дертар баъди ҳаводиси Бадахшон мавқеи Илолов аз дигарон, хосатан аз мақомоти расмӣ ва раисҷумҳур фарқ мекард. Ин бойиси нигаронӣ шудааст. Парванда дар асл дар арафаи интихобот оғоз шуда, бо эҳтимоли наздик шудани маъракаи интихобот онро ба зудӣ баррасӣ накарданд.

Мӯҳр
ДИГАР СИЯХДИЛОН,ЛАГАНБАРДОРОН,ЛОШАХУРОН,БАДЧИНС

1111
то шумо дакик мекунед, ки Хилоловро хам мисли Зайд ба махбас мекашанд

Сорбон
То рузе, ки дар курсии мансабем, хукумат хуб. Вакте сабукдуш шудем, хукумат ганда. Болои вазифа будан дар паяш конуншиканй хам дорад. Лекин хукумат ресмонро дароз сар медихад. Вакте гузарондем, нуки онро мекашад. Якруву якрав будан бехтар аст...

Зоир
Бадахшон, ва хамаи Точикистон ба по мехезад

Насим
Илолов-вокеъан-бо-дарси-зиёда-аз-яксоата-ва-
босаводонаи-худ-дар-шахри-Маскав-ки-
тарики-ОРТ онро-намоиш-доданд ва ба-доншчуён-аспирантхо-ва-докторантхо-даси-
хуб-гуфт-ва-ба-суолхои-онхо-чавобхои-
оличанобе-бо-забони-руси-оиди-математикаи-х
озиразамон-дод-худро-вориси-хакикии-о
лимони-бузурги-форсу-точик-будан-нишон-дод.

порсо
Амруллойи собир тарафи илоловро нагиред дар назди конун хама бояд баробар чавобгу бошанд гунохаш бошад чазояшро бигирад.Масъалайи чанги шахрванди бошад вай дар асоси сенарияи тахияшуда дар хоричи кишвар ташкил шуда буд казияи Навчувонов бахона буд тибки сенария бояд точикистон давлати исломи мешуд вале хадафхойи нопокашьон амали нашуд ва минбаъд хам амали нахохад шуд бинобарн ин вокеъбинона сухан ронед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)