Бахшҳо
27 дек 2013 10:44Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров аз нақшаҳои нави Эътилоф барои демократия хабар дод

Раёсати Эътилоф, “Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”зимни як ҷаласа фаъолияти ин созмонро, ки 25-уми майи соли 2013 таъсис ёфтааст, ғайриқаноатбахш хонд.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, рӯзи 26-уми декабр, дар ҷаласа раёсати Эътилоф ва 8 комиссияи чамъиятӣ, аз чумла Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимояти ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов, оид ба шиканҷа ва ҳифзи хуқуқҳои маҳбусон, мубориза бар зидди коррупсия, таъмин ва такмили демократӣ ва шаффоф баргузор шудани интихобот, ҳисобот дода, хостори фаъолтар гардидани кори ин эътилоф шудааанд.

Ба қавли Раҳматилло Зоиров, дар ҷаласа дар баробари масъалаи фаъол намудани кори Эътилоф ва сохторҳои он, мардумӣ кардани мақом, ҳадаф ва вазифахои Эътилоф, зарурияти таҳия ва қабул намудани низомномаи Эътилоф, Барномаи Эътилоф «Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», Консепсияи Эътилоф «Барои рушди демократия ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои солхои 2014-2030, низомнома дар бораи Кумитахои ҷамъиятии Эътилоф, принсипҳои асосии ташкили кор ва фаъолият дар эътилоф ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Зимни ин нишаст, қарор шудааст, ки Конференсияи 2-юми Эътилоф рӯзи 25-уми январи соли 2014 дар Душанбе даъват карда шавад.

Раиси ҲСДТ афзуд, ки дар ин нишаст таъкид шуд, то Эътилоф на танҳо фаъол, балки дар ҳакикат мардумӣ шуда, барои демократия (мардумсолорӣ) ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро сафарбар намоянд.
Мӯҳр
впв
Илтимос Кабириро аз Эътилоф хорич кунед. То рузе, ки у дар Эътилоф аст хама корро мекунад, ки ин як созмони хасаки бимонад.

Рахматулло Зоирович, як санади мухимро аз хотир баровардед. Хатман "Кодекси одоби узви эътилоф" ва ё "Барномаи тахкики интизоми аъзоёни эътилоф"-ро бояд тахия намуд. Шумо медонед, ки намуна будан нихоят мушкил аст. Аз ин ру одоби баланди мушкилшиноси, вокеъбини, бегарази, ва садхои дигар мусбиятро, ки гуйё доред, ин хизматчиёни давлатию аъзоёни хукумат аз Шумо омузанд.
Истед, ки дар ин санадхои овардашуда меъёри мушахасе бо ин мазмун бояд дарч намуд: "Мо бояд танхо ба хотири нишон додани мухолифат амал накарда, аз панди Афлотуни бузург, ки гуфтааст, "Арасту дусти ман аст, вале хакикат авлотар", истифода карда, амал кунем. Хатман бояд навишт, ки "Баъзан дар заминаи бадбинию эхсоси инфироди на бояд дар мукобили амнияти тамоми мардум аз 4-чинояткор пуштибони кард". Гох-гох бо хукуматихо ширро сафеду шабро торик гуфтан аз фоида холи нест.
Вокеъан дар консепсия ва амали эътилоф низ мусбиятхои зиёд чой дорад, аммо ин арзишхо такозо доранд, ки ба гуфти И.Ганди "Бехтарин фикр бо бехтарин усул амали шавад"

Рач Капур
Хайдулло Абдуллоев(муовини раиси ХДТ)-ро аз эътилофатон пеш кунед.

Асрор
Окои Зоиров хохед, ки мардум Шуморо хурмат кунаду гапатонро кабул, аз ин Шайтони медалдор( Кабиров Мухиддин) худро дур гиред. Наход интихобот бароятон дарс нашуда бошад?

Патриот
Зоиров бародар Кабириро аз пахлуят дур кунед. Ин одам хоин аст. Инро дар ХНИТ низ дарк кардаанд.

Махмад
Аз ин шарххоятон бармеояд, ки дар эътилофатон ду хоин ва хукумати хам будаанд: Мухиддин Кабири ва Хайдулло Абдуллоев, пас зудтар онхоро мухокима намуда аз эътилоф пеш намоед, ки фардо дер хохад шуд.

Салом
Ба ман диккат кунед! Сиёсатро бомба мефахмеду Кабирию Зоиров гуфта гаштед. Онхо худ медонанд чи кунанд ба маслихати шумо ниез нест. (рафта каланд бардошта гардед, худро асаби ва хаста накунед).

Бародари азиз бе Кабири ва ХНИТ эътилоф намешавад! ХНИТ ин неруи асосии Эътилоф аст,бехтар мешуд агар ХНИТ рохбарашро дигар кунад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)