Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:45

Эмомалӣ Раҳмон 200 нафарро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид

8 август 2011, 03:43

Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни  кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо фармони президенти  қадр карда шуд.
Манбаъ афзуд, хизматҳои арзандаи роҳбарият ва кормандони пешқадами як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерўгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти соҳаи энергетика, муассисаҳои намунавии соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии Ватан табрику таҳният гуфта, ба заҳмати созандаи минбаъда баҳри таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!