Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:30

Ҷузъиёти боздошт ва раҳоӣ аз қавли Абдураҳим Шукуров

27 декабр 2013, 13:43

Абдураҳим ШУКУРОВ

Ҳамон рӯз, яъне 25-уми декабр ҳам аз пайи иҷрои рисолати касбиам будаму аз ҷараёни таҷаммӯи наздикон ва ҷонибдорони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи муваққатӣ навор мегирифтам. Аснои корам, маро кормандони милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дастгир намуданд. Ёдам ҳаст, ки се нафар кормандони милитсия ба наздам омада, ду нафараш аз дастонам бардошта, нафари дигараш мегуфт, ки “бқап барш, фалонаш кунем, ҳозир инро адел барем....”

Дар нисбати ман дашному ҳақорати зиёдеро раво дида, маро бо зӯрӣ ба мошин бор карданд. Ман бошам ба хотире, ки дастгоҳи наворбардориамро ягон зарар нарасонанд, ба онҳо посух надодам. Ҳарчанд медонистам, ки онҳо ҳақ нестанду қонуншиканӣ мекунанд. Вақте маро ба мошин мешинонданд, Ойниҳол Бобоназароваро дидам, ки ба наздамон омад, аммо милисаҳо ба ӯ аҳамият надода, сабукравро ба ҳаракат дароварданд.

Аз ҷои ҳодиса то шӯъбаи милитсия ба ман сахт фишор меоварданд, аз рафтору гуфторашон ба назар менамуд, ки ман ягон “ҷинояткори вазнин” ҳастам. Дар қабулгоҳи шӯъбаи милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз дастгоҳи наворбардориам фитаашро гирифтанд. Ним соат дар қабулгоҳ шиштам, баъд аз он як корманди милитсия омада аз ман баёнот гирифт. Ба ҳамаи саволҳояшон ҷавоб додам.

Саволҳояшон тақрибан чунин буд: Барои чӣ дар назди СИЗО ҷамъ шудед? Мақсадатон чӣ буд? Барои чӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардед? Ман бошам гуфтам, ки ҳамчун наворбардори хабаргузории “Озодагон” бо супориши редаксия ба ин ҷо омада, вазифаи худро иҷро карда истода будам. Ба ғайр аз навор бардоштан аз даҳонам ягон сухане дар ҷои ҳодиса набаромадааст. Он, чизеро, ки бароям журналист ишора мекард, ки ба навор гирам, мегирифтам. Аслан, ман танҳо рафти ҳодисаеро, ки дар он ҷо рух медод сабт мекардам, ягон лаҳза (ҳатто ягон кадр) ман бинои СИЗО-ро ба навор нагирифтаам.

Баъд аз баёнот гирифтан, се корманди милитсия маро аз бинои асосии шӯъбаи милитсия гирифта, назди Сафаралӣ Довудов, сардори шӯъбачаи таъмини тартиботи ҷамъиятии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурданд. Довудов боз ҳамон саволҳои болоро такрор мекарду аллакай муносибаташон ба ман дигар шуда буд. Баъд ӯ ба ман ишора карда мегуфт, ки аллакай дар хабаргузориву сомонаҳои иттилоотӣ хабари дастгир шудани ту паҳн шудааст. Дар назди Довудов ман чанд маротиба такрор мекардам, ки кормандони шумо аснои боздошти ман маро лату куб карданду дашномҳои зиёде доданд. Аммо ӯ ба ин суханони ман эътибор намедод. Ва такрору ба такрор мегуфт, ки “тибқи қонун онҳо ба ин кор ҳақ доранд.”

Тақрибан то соати 18 ман дар назди Довудов будам. Баъд аз он сардори ШКД омада, фармон дод, ки маро ба ташхиси тиббӣ баранд. Ду корманди милиса маро гирифта ба беморхонаи “Қарияи боло” барои ташхис бурданд. Дар он ҷо бо табиб сӯҳбат намудам ва табиб ба ман гуфт, ки шаҳодатнома ва 34 сомонӣ барои ташхис супорам. Ҳуҷҷатҳои маро дар ШКД гирифта буданд ва онро пешкаш карда натавонистам, инчунин аз пардохти 34 сомонӣ низ саркашӣ кардам. Аз он ҷо тақрибан соати 19 маро ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварданд.

Дар додгоҳ

Вақте ки мо ба толори додгоҳ ворид шудем аллакай ҳамаи ҳуҷҷатҳо омода буд. Маро дар ягон ҷо сабт накарданд. Дар мурофиа додгоҳӣ аввалин чизе, ки аз судя шунидам, “мурофиаи судро эълон мекунем шумо ягон адвокат доред?” буд. Ман бошам посух додам, ки дар ин вақт ман аз куҷо адвокат меёбам, агар иҷозат диҳед, ман корхона занг мезанам то бароям адвокат фиристонанд. Аммо судя мегуфт, ки “ вақт аз куҷост, ин судро ду- се рӯз кашол додан мумкин нест, ҳоло бояд ҳал шавад.”

Дар додгоҳ маро на ҳамчун наворбардор, балки ҳамчун як тарафдори Зайд Сайдов, ки гӯиё тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда бошам, муҳокима мекарданд. Баъди бозпурсӣ маро берун бароварданд, тӯли ним соат байни худ чизеро муҳокима карданд. Баъд аз он шоҳидонро оварданд. Яке аз онҳо, ки раиси маҳалла будааст, мегуфт, ки “ман тақрибан соати 15-у 20 дақиқа назди мардум омадам, ин бачаро дар он ҷо надидам.”

Шоҳиди дигар бошад, иброз дошт: “Ман дар болои бом будам, аз хонаи ман дуртарак ин бача навор мегирифт.” Ҳамин тавр, ҳукми судро хонданд, ки ман бояд 7 шабонарӯз дар боздоштгоҳ ба сар барам. Ҳарчанд ман мегуфтам, ки ман аз мурофиаи додгоҳӣ розӣ нестам, ҳеч кас маро гуш накард ва кори худашонро идома медоданд.

Шабе дар боздошт

Баъди суд маро ба утоқи кории сардори ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварданд, дар он ҷо ду нафар бо либосҳои оддии шаҳрвандӣ буданд, ки маро боз саволу ҷавоб мекарданд. Баъди пурсупос ва огоҳӣ аз вазъи саломатиам маро ба боздоштгоҳ бурданд.
Шабро дар камера таги як кӯрпаи ниҳоят чиркин ва бадбӯй рӯз кардам. Бовар кунед, то субҳ аз бӯи он кӯрпа хобам набурд. Ҳамон утоқ сард ҳам буд гӯям хато намекунам, чун гармкунак то ҳадди имкон гарм намекард. Ду-се маротиба кормандони боздоштгоҳ омада, тирезачаро кушода мепурсиданд, ки “созӣ, соз бошӣ дам гир”.

Боз суд, аммо барои чӣ?

Наздик ба зӯҳри фардои он рӯз (26-уми декабр) кормандони ШКД-и Исмоили Сомонӣ омада, маро ба додгоҳи шаҳри Душанбе бурданд. Дар назди додгоҳ тақрибан 4 соат кормандони милтисия мегуфтанд, ки аризаи даъвогӣ нависам. Ман, ки худро гунаҳгор намедонистаму ҳоло ҳам намедонам, гуфтаҳои онҳоро рад кардам, ҳатто барои супоридани ҷарима розӣ нашудам. Мегуфтам, ки биёед маро иҷозат диҳед то ба идора занг занам ва пурсам, ки чӣ кор кунам. Аммо ба ман иҷозат намедоданд. Мегуфтанд, ки бозпас ба боздоштгоҳ мебаранд, боз меистоданд ва боз хоҳиши навиштани аризаро мекарданду маро бозпас намебурданд. “Биё ба мо проблема накун, мо наметавонем ба ту телефон диҳем, то ту бо роҳбариятат дар тамос шавӣ.” Хуллас, ман фақат барои аз инҳо (аз милисаҳо) халос шудан, аризаи даъвогӣ навиштам. Аризаи маро ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бурда, аз он ҷо боз ба суди шаҳри Душанбе оварданду мурофиаи судиро баргузор намуданд.

Раҳоӣ...

Дар ҳамин ҳол, вакили мудофеъи ман, Таманно Ашӯрова ба наздам омаданду гуфтанд, ки чанд ҷо рафтааст, аммо маро пайдо накардааст. Дар мурофиаи судӣ сухани маро гӯш карда қарор бароварданд, ки ман бояд ҷарима ба миқдори 320 сомонӣ супорам. Пас аз эълони қарори додгоҳ маро ба ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварда, боз як баёноти дигар гирифта, телефонамро доданду то коргоҳ бо мошин оварданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • аыыа

  • 27 декабр 2013 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд як гусфандро забх карда садака куни. Бо осони халос шуди.
Посух додан
  • ODAMKHUDO

  • 27 декабр 2013 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
IRA GOVSUD MEGAN
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Анакнун Рахим як оши худои кун ки танхо як руз дар махбас буди.Пушта ба ягон арвохи вазнин будааст ки озод шуд.Озоди муборак
Посух додан
  • Sudya

  • 27 декабр 2013 15:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Hahahaha govsud eto myaxko skazana.))) tojik sud!!! Yak nafarro dar muddati 10 soat 2 bor sud kardiyan )))) u sudyaro ba bogi hayvonot bared hamonjo sudyagi kunad )))
Посух додан
  • watcher

  • 27 декабр 2013 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Куштор аз тарафи писари Хукумов (Расул Хукумов) се шахраванди Точикистон ба 120 сомони чарима мекунан в наворбардори оддие, ки хаёти сиёсиву ичтимоиро ба мардум пешниход кардани у вазифааш мебошад ба 360 сомон чарима мекунан яъне гуё у чаримаи куштани 9 шахрвандро додааст, ОФАРИН БА ДАВЛАТДОРИИ НАРХИ ЯК ШАХРВАНД 40 СОМОНИ, НАМЕТАВОНЕД ДАВЛАТДОРИРО, НАБАРОМАДЕД АЗ УХДААШ СУПОРЕД КИ ХАМА АЗ МАНСАБАТОН МЕМОНЕТ ХАМ АЗ ЧОНАТОН. АЛЛОХ бузург ва доно аст, халк агар натавонад (чунки аз тарса як подаи гуспанд шудаан) худи Худои бузург ба шумо рузи сиёхро нишон медахад. Барои хамин давлатро бо адолатона идора кунен, акси хол :

Абр агар аз кибла хезад сахт туфон мешавад,
Шох агар одил нашавад мулк вайрон мешавад.

PS: OZODAGON - хохиш дорам чоп кун!!!
Посух додан
  • амир

  • 27 декабр 2013 16:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин беадолати то кай давом мекарда бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БУБИНЕД,КИ МОДАРИ ОДАМКУШРО 120 СОМОНИ ЧАРИМА КАРДААНДУ,РУЗНОМАНИГОРРО 320-СОМОНИ,ХОЛО ОН КИ РУЗНОМАНИГОРА ВАЗИФАИ ХУДАШРО ДАР АСОСИ КОНУНИ ХУКУМАТАШ ИЧРО НАМУДААСТ,КУ ХАКИКАТ? ЧАВОБ ДИХЕНД ЛАГАНДБАРДОРОН?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!