Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Раҳимов: Омодаам бо рӯзноманигорон суҳбати рӯбарӯ кунам

27 декабр 2013, 16:11

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбати рӯ ба рӯ кунад ва бархӯрди ғайриқонунии бархе аз маъмурини пулисро бо хабарнигорон мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Рамазон Раҳимов дархости журналистонро барои мулоқоти рӯбарӯ гирифтааст ва таъкид намудааст, ки дар наздиктарин муҳлат ин мулоқотро баргузор хоҳад кард. Ба гуфтаи Садриддинов айни ҳол вазир овораи чорабиниҳои солинавӣ ва ҷамъбасти фаъолияти солонаи вазорат аст ва бо назардошти ин, мулоқотро аввали соли 2014-ум таъин кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи боздошту латукӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон” рӯзи 26-уми декабр, як гурӯҳ аз раҳбарони созмонҳои журналистӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақил аз Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, хостанд, то онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ бипазирад. Ба гуфтаи намояндагони ВАО боздошти Шукуров ягона ҳолати нақзи ҳуқуқи журналистон аз ҷониби маъмурини пулис набуда, он бояд бо роҳбарияти Вазорати умури дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 27 декабр 2013 16:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо журналистон шери наррррред! Итминони комил дорам, мисли шеррррр аз хаккатон дифоъ мекунед. Ба хамаи шумо эхтиром дорам. Хамаатонро дар зиндаги устоди хеш мешуморам. Зеро хамин шумоед ки ба мардум мактаби мардонаги меомузед. Натичаи коратонро интизорем Иншоаллох, ки намегузоред хукуки бародар Абдурахим поймол гардад. Илтимос ин корро хаминхел нагузоред. Дар акси хол ин амал такрор хохад шуд. Ва дигар дар хар гардиш, хатто як прапоршик хам хукукхоятонро поймол мекунад ва мучозот намешавад.
Посух додан
  • Шамсулло

  • 27 декабр 2013 16:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ин ходисаи гузашта дарак медихад,ки Точикистон ба як хукумати пулиси табдил ёфтааст ва кормандони хифзи хукук, худашон хукукхои мардумро поймол мекунанд ва аз хукукхои хукуматдорон ва хешу таборони онхо мухофиз шудаанд.
Посух додан
  • вазиршинос

  • 30 декабр 2013 03:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин мардумфиребии вазир аст или так говорят популизм

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!